Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон талаб кардааст, ки ба нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт хотима диҳанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд.
Ин ниҳод дар телеграм-канали худ навиштааст, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт, ки ду сол тамдид гардида буд, аз аввали соли ҷорӣ ба итмом расид.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигаронӣ кардааст, ки баъзе аз шаҳрвандон то ҳол дар манзили истиқоматии худ чорвои гуногун парвариш мекунанд.
Як санҷиши ин ниҳод 200 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳдории ҳайвонот дар пойтахтро ошкор кардааст. Сокинони пойтахт, ки дар хонаи худ ҳайвонот нигоҳ доштаанд, бар асоси моддаи 480 иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима шудаанд.
Ин банди қонун ҷаримаро барои шахсони воқеӣ аз 720 то 3 600 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 7 200 то 28 800 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар пайи ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон талаб кардааст, ки ҳар чи зудтар камбудҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ба парвариши ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт роҳ надиҳанд, зеро баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ ба роҳ монда мешавад.
Аввали сол, вақте муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт поён ёфта буд, мо ба минтақаҳои ба Душанбе пайваста рафтем ва бо сокинони он суҳбат кардем. Ва дидаву шунидаи худро дар матлаби “Ҷанг” бо мурғу говҳо дар Душанбе бо чӣ анҷом меёбад? Гирд овардем, ки метавонед мутолиа кунед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста