Дар Тоҷикистон теъдоди одамони бо кор таъмин ба сари ҳар як нафақахӯр сол аз сол коҳиш меёбад. Ин раванд сарбории буҷети давлатиро зиёд мекунад ва ҳукумат маҷбур мешавад барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ маблағи бештар сарф намояд. Ин чӣ хатар дорад ва барои ислоҳи вазъ чӣ бояд кард?
Ба 1 коргар 3 нафақагир рост меояд. Ин чӣ маъно дорад?
Уктам Ҷумъаев, иқтисодшиноси тоҷик зимни як тадқиқоти худ вобаста ба аҳамияти соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳисоб кардааст, ки охири соли 2022 ба сари ҳар як нафақахӯр 3 корманд рост меояд. Ин дар ҳолест, ки ин рақам соли 2015 қариб 4 нафар буд.
Дар заминаи тадқиқоти иқтисодшиноси тоҷик, вазъи мавҷударо дар вилояти Хатлон дар 2,5 сол (аз 2022 то 5 моҳи соли 2024) таҳлил кардем. Маълум шуд, ки дар ин давра дар вилоят теъдоди одамони бо кор таъмин ба сари ҳар як нафақахӯр қариб 1 нафар коҳиш ёфтааст.
Аз ҷумла, соли 2022 дар вилоят теъдоди нафарони ба кор машғул 489 ҳазор ва нафақахӯрон 273 ҳазору 202 нафар буд. Яъне он замон ба як нафақагир 1,8 нафар шахси ба кор таъминшуда рост меомад.
Соли 2023 теъдоди кормандон ба 498,7 ҳазор расида, теъдоди нафақагирон 284 ҳазору 134 нафар расид. Яъне ба ҳар як нафақагир 1,75 нафар коргар рост омад.
Дар 5 моҳи соли 2024 ба сари ҳар як нафақагир 1,71 нафар корманд рост меояд. Фарқияти байни кормандону нафақагирон дар ин вилоят дар 2,5 соли охир 0,7 нафарро ташкил медиҳад. Яъне агар дар соли 2022 ба сари ҳар як нафақахӯр қариб 2 коргар рост меомад, дар моҳи июни соли равон ба сари ҳар як нафақагир қариб 1,5 одам рост омадааст.
Дар ҳамин ҳол, чанд вакили парлумони Тоҷикистон ҳам дар як мақолаи худ нигаронӣ кардаанд, ки зиёд шудани шумораи нафақагирон (нафақагирони меҳнатӣ ва иҷтимоӣ) ва кам шудани теъдоди одамони бо кор таъмин сарбории иҷтимоии буҷети давлатӣ аст, ки “ин раванд вазъияти устувори иқтисодии хароҷоти мавҷудаи иҷтимоиро душвор мегардонад”.
Онҳо бо овардани омори мушаххас гуфтаанд, ки дар ҷумҳурӣ сол ба сол зиёд шудани теъдоди нафақагирон мушоҳида мешавад ва афзоиши миёнаи солона аз соли 2015 то соли 2022 аз рӯйи теъдоди нафақагирон 3 фоизро ташкил медиҳад.
“Агар соли 2015 дар иқтисодиёт ба як нафақагир ҳамагӣ 3,9 нафар коргар рост меомад, пас охири соли 2022 ин нишондиҳанда 23 фоиз кам гардида, ба 3 нафар баробар шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо дар 8 соли охир ба як нафақагир тақрибан чоряки шумораи коргарон кам шудааст, ки боиси нигаронии ҷиддӣ буда, сабаби боз ҳам афзудани фишор ба буҷети давлатӣ мегардад”, - гуфтаанд онҳо.
Чаро коҳиш меёбад?
Уктам Ҷумаев яке аз сабабҳои коҳиш таносуби аҳолии ба кор машғул ва нафақахӯронро дар истифода нашудани захираҳои қувваи қобили меҳнат медонад. Ба қавли ӯ, агар ҷойҳои нави кори зиёд шаваду мардум ба кор таъмин шавад, хатарҳо аз байн меравад ва ҳам ба буҷаи давлат ба ҷои сарбори маблағҳои иловагӣ ворид мешавад.
Ин дар ҳолест, ки як масъули шуғли аҳолии вилояти Хатлон мегӯяд, бо хулосаи тадқиқотчиён розӣ шуда наметавонад, баръакс қувваи кории истифоданашуда зиёд аст.
“Як мисоли оддӣ, кадом одам рӯз то бегоҳ, бекор мегардад? Ҳаррӯз ҳар як нафар пайи коре меравад. Як нафар дар сохтмонҳои шахсӣ кор мекунад, нафари дигар бо мошини шахсияш кироякашӣ мекунад, нафари дигар як маҳсулотро аз деҳқон харидаву ба бозор бурда ба фурӯшандаҳои бозор мефурӯшад.
Хулоса, чунин корҳое зиёданд, ки мардум ғайрирасмӣ ба он машғуланд. Кори онҳо дар ҳеҷ як ҳисоботи омори пешниҳод намешавад. Агар ҳамаи ин дар омор бақайд гирифта шавад, ҳам ҳисобот баланд мешаванд ва ҳам андоз мешаваду буҷаи давлат ғанӣ мегардад”,- гуфт ин масъули мақомоқоти шуғли аҳолии вилояти Хатлон.
Коршиносон мегӯянд, дар тамоми дунё ду намуди омор истифода мешавад. Яке омори расман бо кор таъмини аҳолӣ, дуюм омори шуғли ғайрирасмӣ. Омори шуғли ғайрирасмӣ дар ҳеҷ кишвари дунё ба ҳисоб гирифта намешавад.
Уктам Ҷумаев низ мегӯяд оморе, ки онҳо дар тадқиқоташон истифода кардаанд, расмӣ мебошад. Он чизе ки Агентии омор ба қайд гирифтааст.
“Омори шуғли ғайрирасмӣ барои мо дастрас набуд ва мо дақиқ намедонем, ки чӣ қадар аҳолии қобили меҳнат ба шуғли ғайрирасмӣ машғул аст”, - илова кард Уктам Ҷумаев.
Чӣ хатар дорад?
Коҳиши таносуби шахсони ба кор таъмин ва нафақагирон то андозае ба иқтисодиёти кишвар хатар дорад.
Уктам Ҷумаев дар тадқиқоти худ, ки вазъи 8 сол, яъне солҳои 2015-2022-ро таҳлил кардааст, коҳиш ёфтани фарқияти байни кормандон ва нафақагиронро ташвишовар арзёбӣ мекунад.
“Агар нисбат ба ин раванд чора андешида нашавад, эҳтимоли зиёд аст, ки ин фарқият боз ҳам коҳиш ёфта, сарбории буҷетро боз ҳам зиёдтар мекунад. Яъне талаботи мардум ба кумакҳои иҷтимоии давлат зиёд мешавад. Агар одам бекор монд, даромад нагирад, маҷбур мешавад ба ҳукумат барои кумак муроҷиат кунад”,- мегӯяд Уктам Ҷумаев.
Як коршиноси масоили иқтисодӣ, ки нахост номаш зикр шавад, андешаи Уктам Ҷумаевро дастгирӣ карда, гуфт, ки воқеан агар шумори кормандон сол аз сол кам шаваду шумораи нафақагирон зиёд, ба буҷаи давлат сарборӣ мешавад.
“Масалан дар як маҳалли муайян 100 нафар кор мекунад ва 20 нафар нафақа мегирад. Соли ояндааш 100 нафар кор мекунад ва 25 нафар нафақа мегирад. Бубинед, шумораи нафақагирон сол ба сол зиёд шуд ва ин ба буҷаи ҳамон маҳал сарбории демографӣ меорад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Роҳи ҳал?
Вакилони парлумон дар мақолаи худ барои камтар кардани сарбории иҷтимоии буҷет пешниҳод кардаанд, ки қобилияти меҳнатӣ ва фарогирии иқтисодии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ барқарор гардида, дар кишвар соҳибкории иҷтимоӣ рушд кунад.
Ба гуфтаи онҳо, маҳз, фарогирии иқтисодии ин категорияи шахсон метавонад афзоиши хароҷоти буҷетро аз ҳисоби даромадҳои андоз аз фаъолияти иқтисодӣ, устувории минбаъдаи молиявӣ ва худтаъминкунии онҳо қисман ҷуброн намояд.
“Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, механизмҳои мусоидат ба шуғли гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё ба истилоҳ “соҳибкории иҷтимоӣ” зарур аст”, - пешниҳод кардаанд онҳо.
Зимнан, охири соли гузашта дар Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ қабул шуд. Яке аз ҳадафҳои ин қонун, дастгирии қишри осебпазири ҷомеа тавассути ба фароҳам овардани шароит барои кор ва даромад ба даст овар аст. Яъне, татбиқи ин қонун, метавонад барои бо кор таъмин шудани нафарони осебпази ҷомеа ва ба ин тариқ, коҳиши сарбории буҷа мусоидат кунад.
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста