Мафҳуми соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нав аст ва қарор аст, дар ин самт қонуни алоҳида қабул гардида, ин раванд танзим шавад. Вале то кадом андоза соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар зарур буда, танзими ин соҳа ба қабули қонуни алоҳида ниёз дорад, масъалаи баҳсталаб аст. Кӯшиш кардем ба ин суолҳо посух дарёбем.
Соҳибкории иҷтимоӣ чист?
Соҳибкории иҷтимоӣ - фаъолиятест, ки барои ҳалли мушкилиҳои ҷомеа ё як гурӯҳи иҷтимоӣ равона гардида, мақсадаш гирифтани фоида тариқи ҳалли масъалаҳо ё мушкилоти иҷтимоӣ аст. Яъне агар ҳадафи соҳибкории анъанавӣ танҳо ба даст овардани фоида бошад, соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мехоҳад даромад ба даст орад.
Ҳарчанд дар кишварҳои Шӯравии собиқ мафҳуми соҳибкории иҷтимоӣ солҳои 2000-ум пайдо шуд, дар Тоҷикистон бори аввал оид ба соҳибкории иҷтимоӣ соли 2018 гуфтугӯҳо оғоз гардид.
Он замон “Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун” бо чанд шарики худ лоиҳаи таҷрибавиеро барои таҳқиқ ва омӯзиши заминаҳои соҳибкории иҷтимоӣ тарҳрезӣ кард. Бо гузашти беш аз 5 сол ҳоло лоиҳаи қонун омода шуд ва интизор меравад аз сӯи вакилони парлумон қабул гардад.
Наргис Зокирова, директори ин созмони ҷамъиятӣ ва узви гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ дар парлумон мегӯяд, рушди соҳибкории иҷтимоӣ метавонад ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад ва мушкилоти гуногуни иҷтимоиро ҳал кунад.
Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи дигар кишварҳо нишон дод, ки ин падида дар ҷаҳон нисбатан ҷавон буда, вале барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа умедворкунанда аст.
“Дар бештаре аз кишварҳо соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби давлат, инчунин, фондҳои гуногуни ғайридавлатӣ дастгирӣ меёбад”, - гуфт Зокирова.
Зарурати ҷорӣ гардидани соҳибкории иҷтимоӣ
Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки ҷорӣ намудани соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон метавонад якчанд мушкилиҳои умдаи иҷтимоии ҷомеаро ҳал кунад.
Аз ҷумла, вакилони парлумон ва аъзоёни гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни соҳибкории иҷтимоӣ бо нашри як матлаб дар “Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон гуфтаанд, ҷорӣ намудани соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад.
“Ин воқеан, як такон барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии умумии аҳолӣ, пур кардани бозор аз молҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ..., зиёд намудани манбаи андоз ва кам кардани сарбории пардохтҳои иҷтимоӣ ба буҷети давлатӣ бо таъхири таъсири мусбати макроиқтисодӣ мегардад”, - зикр гардидааст дар матлаб.
Инчунин, вакилони парлумон бар он назаранд, ки зарурати дигари татбиқи лоиҳаи қонун кам кардани сарбории хароҷоти буҷети давлатӣ, дар самти нафақа, ёрдампулӣ ва ҷубронпулӣ, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ равона гардидааст, мебошад.
“Афзоиши миёнаи солонаи шумораи маъюбон дар давраи солҳои 2015-2022-юм 1,66 фоизро ташкил медиҳад, ки ин аз динамикаи рушди устувори ҳарсолаи ин нишондиҳанда шаҳодат медиҳад ва ин раванд сарбории иқтисодии буҷети давлатиро зиёд намуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ маҷбур мешавад барои дастгирии иҷтимоӣ маблағи бештар сарф намояд. Аз ин лиҳоз, аҳамияти ҳар чӣ зудтар ҷорӣ намудани механизмҳои соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба миён омадааст”, - зикр мегардад дар матлаб.
Ба гуфтаи онҳо, сарбории дигари иҷтимоӣ зиёд шудани теъдоди нафақагирон ва кам шудани одамони бо кор таъминшуда мебошад. Дар 8 соли охир ба як нафақагир тақрибан чоряки шумораи коргарон кам шудааст, ки боиси нигаронии ҷиддӣ буда, сабаби боз ҳам афзудани фишор ба буҷети давлатӣ мегардад.
Дар матлаб гуфта мешавад, ки маҳз, фарогирии иқтисодии ин категорияи шахсон метавонад афзоиши хароҷоти буҷетро аз ҳисоби даромадҳои андоз аз фаъолияти иқтисодӣ, устувории минбаъдаи молиявӣ ва худтаъминкунии онҳо қисман ҷуброн намояд.
“Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, механизмҳои мусоидат ба шуғли гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё ба истилоҳ “соҳибкории иҷтимоӣ” зарур аст”, - зикр мешавад дар матлаб.
Зарурати ҷорӣ намудани имтиёзҳо барои соҳибкорони иҷтимоӣ
Фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолате иҷтимоӣ ҳисобида мешавад, ки агар ташаббусҳои таҳия ва маблағгузории он бевосита ба ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ равона гардида бошанд.
Ҳарчанд, дар кишвар мафҳуми соҳибкории иҷтимоӣ расман дар сатҳи қонунгузорӣ қабул нагардидааст, фаъолияти бархе ташкилотҳои иҷтимоӣ намунаи соҳибкории иҷтимоӣ аст.
Аз ҷумла, ташкилотҳои ҷамъиятии “Ирода” ва “Корвони Умед” (қаҳвахонаи иҷтимоии “Чатр”) дар шаҳри Душанбе кӯшиш мекунанд, ин намуди фаъолиятро пеш баранд.
Яке аз масъалаҳое ки зимни баррасии қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ матраҳ аст, ин имтиёзҳо ба чунин соҳибкорон аст. Яъне дар баробари он ки онҳо ягон мушкилоти иҷтимоиро ҳал мекунанд, бар ивази он бояд ба онҳо имтиёзҳо дода шавад.
Яке аз ин имтиёзҳо андозӣ аст, ки ба гуфтаи роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии “Ирода ва “Корвони Умед” он то ҳол вуҷуд надорад ва онҳо андозро бо меъёрҳои баланд пардохт мекунанд.
Вале Собир Вазиров, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андоз мегӯяд, ҳарчанд қабули тарҳи лоиҳаи қонун дар кишвар ба манфиат аст, вале набояд танҳо ба имтиёзҳои андозӣ такя кард, бояд дигар имтиёзҳо, махсусан имтиёзҳо дар додани грантҳо, дастрасӣ ба инфрасохтор, қарзҳои камфоиз дода шавад.
Ӯ гуфт, ҳоло соҳибкории иҷтимоӣ аллакай аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдор ҳастанд ва ба онҳо имтиёзҳои иловагӣ низ пешбинӣ шудааст.
“Дар Кодекси андоз 8 низоми андоз пешбинӣ кардааст, ки ҳамаи онҳо имтиёзҳо доранд ва соҳибкорони иҷтимоӣ метавонанд дар он фаъолият кунанд ва аз имтиёзҳо бархӯрдор шаванд”, - зикр кард ӯ дар маҳфили иқтисодии “Тавозун”.
Ин намояндаи Кумитаи андози кишвар нигаронӣ кард, ки имрӯз додани имтиёзҳои андозӣ ба соҳибкорон ба аксиома табдил шудааст, ки гӯё имтиёзи андозӣ надиҳем, кор пеш намеравад. Ҳарчанд ҳоло барои соҳаи иҷтимоӣ ё соҳибкории иҷтимоӣ даҳҳо имтиёзҳои андозӣ вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол, Наргис Зокирова мегӯяд, дар ин самт на танҳо имтиёзи андозӣ, ҳамчунин, имтиёзҳо ва дастгириҳои дигар, мисли сабукиҳои амволӣ ва машваратӣ дода шавад. Яъне ба соҳибкорони ояндаи иҷтимоӣ ва корхонаҳо метавонанд бино ё ин ки қитъаи замин истифодаи бебозгашт ё иҷора бо шартҳои имтиёзнок диҳанд.
“Дар назди мақомоти дахлдор шуъбаҳои машваратӣ таъсис дода шавад, то ки мутахассисон ба соҳибкорони иҷтимоии оянда маслиҳат диҳанд ва ба онҳо ҳуқуқ, масъулият ва имтиёзҳои онҳоро фаҳмонанд. Инчунин, аз ҷониби мақомоти давлатӣ метавонанд грантҳо ё имтиёзҳои қарзӣ диҳанд”,-гуфт Зокирова.
Таджикистан и Афганистан подписали контракт на поставку электроэнергии в 2025 году
Банки Узбекистана и Казахстана прекратили обслуживать выпущенные Газпромбанком карты UnionPay
Как реформируют свою милицию страны Центральной Азии
130 победителей. Кто они – лауреаты конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста