Дар баробари болоравии нархҳо, баъзе маҳсулот арзон ҳам шуд, масалан шакару тухм.
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 дар моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон болоравии нарх ба шир ва гӯшт ба қайд гирифта шуд. Нархи1 литр шир аз 6-9 сомонӣ то 6-10 сомонӣ зиёд шуда, арзиши 1 кило гӯшт аз 70-80 сомонӣ то ба 80-90 сомонӣ боло рафт.
Нархи баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ тағйир наёфт. Масалан, арзиши 1 кило биринҷ дар сатҳи 15-25 сомонӣ ва 1 дона тухм - 1,4 сомонӣ боқӣ монд. Дигар маҳсулот, аз ҷумла 1 кило картошка ва карам низ мутаносибан 5-7 сомонӣ ва 4-6 сомонӣ нарх доранд.
Арзиши 1 кило анор низ дар ҳудуди 25-30 сомонӣ боқӣ монд.
Ҳамзамон, поинравии нархи як қатор маҳсулот, аз ҷумла орду макарон, шакар, тухм, равғани растанӣ, пиёз, сабзӣ, себ, ангур ва лимӯ (лимон) ба қайд гирифта шудааст.
Дар инфографикаи мазкур нархҳо ба ҳисоби миёна дар саросари ҷумҳурӣ ба назар гирифта шудааст.