Дирӯз, 7-уми ноябр дар роҳи Самара-Шимкент як автобуси пур аз мусофир, ки аз Русия ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекард, вайрон шудааст. Дар автобус 56 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 4 ноболиғ қарор доштаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар саҳифаи телеграми худ хабар додааст.
Автобуси “Van Hool” дар наздикии деҳаи Калибайи вилояти Актюбински Қазоқистон вайрон шудааст. Кормандони хадамоти роҳ ронанда ва ҳамаи мусофиронро наҷот дода, ба ҷойҳои бехавф бурдаанд. Касе аз мусофирон ҷароҳат набардоштааст.
Сабаби ин ҳодиса номусоидии ҳаво гуфта мешавад. Дар робита ба ин, пулис шабонарӯзӣ ҳаракатро танзим мекунад ва ба ронандагон кӯмак мерасонад.
Дар бораи будани мусофирони тоҷик дар автобус иттилоъ дода намешавад.
Ҳодисаи ба ин монанд, 5-уми ноябри ҳамин сол рух дода буд. Дар роҳи мазкур автобуси шомили 38 мусофир, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд, шикаста буд.
Кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон мусофиронро ба деҳаи Иргиз кӯчонида, ба онҳо кӯмаки зарурӣ расонида буданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хоҳиш кардааст, ки дар чунин ҳолатҳо ба рақами 112 тамос гиранд.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста