Ба далели пайдо шудани "шоир"-у "нависандагон"-и шӯҳратталаб ва қаллоб номинаҳои эҷоди назму наср аз озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бардошта шуд, гуфтааст, муовини аввали раиси Итифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аввали соли 2025 амреро ба имзо расонид, ки дар асоси он номинаҳои назму наср аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бардошта шуд.

Ато Мирхоҷа дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз баргирии ин ду номина аз озмуни мазкур ҷонибдорӣ карда, “иқдоми бисёр оқилона” номидааст.

Ба гуфтаи Ато Мирхоҷа, имсол Иттифоқи нависандагон расман ба унвони Комиссияи тадорукоти озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” мавқеи худро баён карда, хостори бардоштани номинаҳои эҷоди назму наср аз ин озмун шудааст. Аз ин пештар ҳам чандин маротиба адибон барои лағв кардани ин номинаҳо садо баланд кардаанд.

Ато Мирхоҷа гуфтааст, “иншои назму наср кори ниҳоят сангин аст. Агар бо эълони озмуну ҳавасмандгардонӣ шоиру нависанда ва шеъру достон, ҳикояву қиссаи хуб пайдо мешуд, ҳоло дунё аз нависандаву шоир ва асарҳои хубу мондагор пур мешуд. Аммо ин тавр нест. Шоириву нависандагӣ истеъдоди фавқулода мехоҳад”.

Мирхоҷа яке аз довари озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аст ва ба қавли ӯ, 6 соли озмун дурустии ин иддаояшро таъйид кардааст.

“Дар ин муддат рӯйиҳамрафта ҳамагӣ 5-6 адиби дуруст дар байни қариб дусад нафар довталаб ҳузур доштаанду халос. Довталабони боқимонда қисме ҳаваскор, қисме камистеъдод, иддае шӯҳратталаб, бархе қаллоб буданд. Одамоне пайдо шуданд, ки як шеър намедонистанд, аммо як дафтар "шеър" доштанд”, - иброз доштааст Ато Мирхоҷа.

Вай ба фасод омехтани озмунро таъйид карда, гуфтааст, ки “дар раванди ин озмун “як гурӯҳ “шоир”-у “нависандагон”-и қалбакӣ арзи вуҷуд карданд, ки барояшон шоирону нависандагони таҷрибадори тунуквиҷдон назму наср менавиштанд ва албатта, муомилаи пулӣ низ дар миён буд... Агар чунин давом мекард, боиси расво шудани адабиёти бузургамон мегашт”.

Ба қавли Ато Мирхоҷа, “адабиётро бо озмуну пулу мол ба вуҷуд намеоранд. Он кори ишқ аст. Вақте ишқ асар меофарад, он гоҳ агар ба муаллифи асар пулу мол диҳанд, ба мантиқ рост меояд”.

 


Интиқодоти раисҷумҳур, доварон ва иштирокчиён

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” чанд сол аст, ки пайваста аз сӯи ширкаткунандагон, доварон ва ҳатто раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди интиқод қарор мегирад.

Бори охир дар Рӯзи дониш, 1-уми сентябри соли 2024 кори озмуни мазкурро интиқод карда, зарурати қолабшиканӣ дар онҳоро таъкид намуда буд.

Чанд сол аст, ки баъзе иштирокчиёну шоҳидони ин озмун аз беадолатии доварон интиқод мекунанд. Доварони озмун ҳам “мусоидати болову поён”-ро хиёнат ба ин озмун меҳисобанд.

Коршиносон мегӯянд, ки “то шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад”.

 

Дигаргуниҳои чашмраси “Фурӯғ...”

Гуфтан ба маврид аст, ки имсол дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  бо амрираиси ҷумҳур дигаргуниҳои чашмрас, махсусан дар мавриди маблағи озмун, ворид карда шуд.

Ҳамакнун, имсол ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 140 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ супорида мешавад. Инчунин, ғолибони ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ мегиранд.


Қаблан ба барандаи Шоҳҷоиза 70 ҳазор сомонӣ ва барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ дар ҳар як номина барои ҷойи якум 35 ҳазор, ҷойи дуюм 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ супорида мешуд. 

Ҳамчунин мукофотпулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро мегиранд 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки қаблан 10 ҳазор сомониро ташкил менамуд.

Бо дастури раисҷумҳур ба низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, тағйирот ворид гардида, баъзе маҳдудиятҳо ба иштирокчиёни озмуни мазкур бардошта шудааст. Яке аз тағйиротҳо ин аст, ки минбаъд дар озмун шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд иштирок кунанд.

Соли 2024 ҳам бо амри раисҷумҳури кишвар дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” тағйирот ворид шуда, дар 4 номина 4 Шоҳҷоиза таъсис ёфта буд. То он вақт фақат 1 Шоҳҷоиза буд.

Аммо Ато Мирхоҷа, довари озмун, дар мусоҳибаи болозикр барои ба 4 Шоҳҷоиза тақсим кардани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” нигаронӣ карда, гуфтааст, “шоҳҷоиза бояд як то бошад, бо пайдо шудани шоҳҷоизаҳо дар номинаҳо он шукӯҳу шаҳомати худро гум кард”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.