Ҳукумати Олмон барои сохтмони Неругоҳи барқии обии “Себзор” 10 млн еврои дигар медиҳад, хабар дод, дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Шартномаи иловагии маблағгузорӣ рӯзи 12-уми декабри соли равон байни Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, Вероника Гарсия дел Арко, директори Бонки Олмонии Рушд барои минтақаи Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Андреас Шнайдер, роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ ва Амрихон Раимов, директори генералии ширкати “Помир Энерҷӣ” ба имзо расид.
Интизор меравад, ки нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт баъди ба истифода дода шуданаш беш аз 227 ҳазор нафар аҳолии ВМКБ ва 468 ҳазор сокини ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистонро бо нерӯи сабз таъмин хоҳад кард.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар шарҳи имзои шартнома гуфтааст, ки то имрӯз бо дастгирии ҳукумати кишвар ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд, бахусус Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Котиботи Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SEСO) ва Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмони НБО «Себзор» дар маҷмуъ, 84 млн. доллар грант ҷалб карда шудааст.
Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар Тоҷикистон барои стандартҳои баланди рушди устувор шаҳодатномаи тиллоиро гирифта буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста