Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ барои солҳои 2025-2029-ро қабул кард. Дар барнома зикр мешавад, ки давоми панҷ соли минбаъда ҷиҳати рушди бахши театр дар кишвар беш аз 14 млн сомонӣ равона мегардад. Ин маблағ аз буҷети ҷумҳуриявӣ, Вазорати фарҳанг, буҷети маҳаллӣ, даромадҳои дохилии муассисаҳои театрӣ ва грант пардохта мешавад. Бо ин маблағ чӣ корҳо анҷом дода мешавад ва он то куҷо барои ҳалли мушкили бахши театр ва рушди он муассир хоҳад буд?
Дар Барнома чӣ гуфта шудааст?
Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ барои солҳои 2025-2029 3-юми октябр аз ҷониби раиси ҷумҳури кишвар имзо шуд. Дар барнома зикр мешавад, ки он бо назардошти зарурати гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати намоишҳои театрӣ, таҳсилоти театрӣ ва шаклҳои гуногуни театрҳои касбӣ ба ҳалли ин мушкилот, аз ҷумла мушкилоти моддиву кадрӣ равона гардидааст.
Бояд гуфт, дар умум ин Барнома маҷмӯи чорабиниҳое, ки давоми панҷ соли минбаъда ҷиҳати рушди соҳаи театр анҷом дода мешавад, муқаррар кардааст.
Дастгирии баргузории озмунҳои драматургӣ, инчунин нашри асарҳои драмавии муосир, омодасозии кадрҳои эҷодӣ дар соҳаи санъати театрӣ, тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои “рассом-декоратор”, “рассом-бутафор”, “рассом-пардозгар”, такмили самтҳои менеҷмент, маркетинг ва реклама дар соҳаи театр, таъсиси сомонаҳо дар театрҳо бо мақсади оммавигардонии санъати театр, таъминоти моддию техникии муассисаҳои театрӣ, зиёд намудани теъдоди намоишномаҳо барои наврасону кӯдакон аз мақсад ва вазифаҳои асосии ин барнома гуфта мешавад.
Масъулияти иҷрои ин Барнома ба зиммаи Вазорати фарҳанги кишвар ва идораҳои дахлдори шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ вогузор шудааст.
Зикр шудааст, ки давоми панҷ соли баъдӣ мақомоти дахлдори шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо то 31-уми декабри ҳар сол ба Вазорати фарҳанг маълумот пешниҳод мекунанд ва вазорати фарҳанг ҳар сол 1-уми феврал ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи корҳои дар ин сол анҷомдодашуда ҳисобот пешниҳод менамояд.
Пул аз куҷост?
Барои тадбиқи вазифаву мақсадҳои дар Барнома пешбинишуда дар умум 14 миллиону 313 ҳазор сомонӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ, Вазорати фарҳанг, буҷаи маҳаллӣ, даромадҳои дохилии муассисаҳои театрӣ ва маблағҳои грантӣ ҷудо гардидааст.
Барои иҷрои нақшаи амали соли 2025-и ин барнома 3 миллиону 204 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 776 ҳазор сомонӣ, аз Вазорати фарҳанг 616 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 712 ҳазор сомонӣ, 85 ҳазор сомонӣ маблағҳои худӣ ва 15 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантӣ.
Вазорати фарҳанги кишвар нақшаи амали Барномаи рушди санъати театриро барои соли 2025 омода намуда, барои ҳар як театри кишвар маблағ ва вазифаҳои мушаххас пешбинӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ, аз ҷумла 1 театр дар ВМКБ, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон ва 6 театр дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд. Аз 1905 корманди ин театрҳо танҳо 625 нафар таҳсилоти касбии олии касбӣ доштаанд.
Дар нақшаи амали ин Барнома барои Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” 234 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо ин маблағ муҷаҳҳазгардонии саҳна бо таҷҳизоти муосир, ҷалби коргардонҳо ва ҳунармандон аз кишварҳои хориҷа барои таҳия ва басаҳнагузории намоишҳо, басаҳнагузории асарҳо дар мавзуи таърихӣ ва муосир ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ин дар ҳоле, ки гуфтугузорҳо дар бораи тахриби Театри Лоҳутӣ идома дорад ва ниҳоӣ нашудааст. Аз ҷумла, 29-уми июли ҳамин сол Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар бораи тахриби Театри Лоҳутӣ иттилоъ дода буд ҳарчанд аз санаи мушаххас ном набурд.
Дар нақшае, ки Вазорати фарҳанг дар доираи татбиқи Барнома барои соли 2025 таҳия кардааст, низ оид ба тахриби ин театр ҳеҷ ишорае нашудааст.
Абдукарим Машрабов, директори Театри Лоҳутӣ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар бораи тахриби театр то ҳол ягон мактуб ё дастур нагирифтааст.
“Пул даркор, аммо мушкили театр таваҷҷуҳи кам аст”
Абдукарим Машрабов, директори Театри Лоҳутӣ мегӯяд, татбиқи ин Барнома метавонад барои ҳалли мушкили театр ва беҳтар намудани вазъ кӯмак кунад.
“Бо ин пул метавонем чароғҳо, таҷҳизоти садоӣ, декоратсия, реквизит, либосҳоро ба талаботи муосири театр мувофиқтар кунем”, - гуфт ӯ.
Абдукарим Машрабов таъкид кард, ки мушкили асосии рушди театр маблағ нест, зеро кормандону ҳунармандони Театри Лоҳутӣ моҳонаи хуб мегиранд ва ҳеҷ корманде бо сабаби камии маблағ театрро тарк накардааст.
Ӯ гуфт, “ба мо ҳунармандони ҷавон лозиманд, бахусус ҷавондухтарон”.
“Мо дар назди Театри Лоҳутӣ 2 сол пеш курси махсус боз кардем, ки се ҷавондухтар низ ба ин гурӯҳ шомиланд ва ҳарсе аллакай дар саҳна нақшофарӣ карда истодаанд”, - илова намуд Машрабов.
Абдулмӯъмин Шарифӣ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон мегӯяд, ин Барнома танҳо дар сурати амалӣ шудан ба рушди театр кӯмак мекунад.
“Мо умед мекунем, ки ин барномаи пешниҳодшуда амалӣ гардад. Агар амалӣ нашаваду дар рӯйи коғаз монад, аз буданаш набуданаш беҳ аст”, - мегӯяд ӯ.
Шарифӣ таъкид мекунад, ки мушкили асосии театри тоҷик бетаваҷҷуҳӣ аст.
“На танҳо театр, умуман фарҳанг ниёз ба таваҷҷуҳ дорад. Бинандаро намешавад, ки маҷбур карду ба театр овард. Ва агар маҷбур карда шавад ҳам, ин муваққатист. Ҳамин маҷбуран оварданҳо буд, ки бинандаи театрро гум кардем”, - бо таассуф афзуд Абдулмӯъмин Шарифӣ.
Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҳам ба камтаваҷҷуҳии ҷомеа ишора мекунад. Ӯ мегӯяд, агар ин барнома ба ҷалби ҷомеа, шуруъ аз дастгоҳ ва дигар вазорату мақомотҳо мусоидат кунад, самаранок хоҳад буд.
“Бубинед, агар як варзишгар муваффақият ба даст оварад, чӣ тавр дастгирӣ меёбаду қадрдониҳо мешавад, лекин мо дидем, ки театрҳои мо ва ҳунармандони мо ҳам дар озмунҳои байналмилалӣ ҷоизаҳо гирифтанд, вале таваҷҷуҳ ба қадри кофӣ нест”, - афзуд Ортиқи Қодир.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста