Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз Тоҷикистон боздид кардаанд, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 19% афзуд. Дар ин бора Агенти омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон зиёда аз 1,2 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Дар ҳамин давраи соли 2023 ин нишондиҳанда каме бештар аз 1 млн нафарро ташкил дода буд.
Вуруди аз ҳама бештар аз Ӯзбекистон - 746,1 ҳазор нафар (беш аз 60% аз теъдоди умумии хориҷиёни воридшуда) ба қайд гирифта шудааст.
Теъдоди вуруди шаҳрвандони дигар кишварҳо тариқи зайл аст:
- аз Русия - 329 ҳазор;
- аз Қазоқистон – 28,9 ҳазор;
- аз Чин – 21,6 ҳазор;
- аз Афғонистон – 10,4 ҳазор;
- аз ИМА – 9,2 ҳазор;
- аз Эрон – 6,8 ҳазор;
- аз Туркия – 6,1 ҳазор;
- аз Олмон – 5,2 ҳазор;
- аз Қирғизистон – 4,4 ҳазор;
- аз Ҳиндустон – 3,7 ҳазор;
- аз дигар кишварҳо – ҳудуди 52 ҳазор нафар.
Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 941,3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳон арзёбӣ мешаванд.
Вуруди сайёҳон ба ҷумҳурӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи гузашта ба миқдори 17,3% зиёд шудааст.
Дар ин давра (моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ) теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҳудуди кишвар берун рафтаанд, зиёда аз 2,6 млн нафарро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда қариб 130 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.