Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 9,1 млн долларро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 23,5% зиёдтар мебошад.

Қариб 93% (ҳудуди 8,5 млн доллар)-и муомилоти молу маҳсулот байни кишварҳо ба воридот аз Қирғизистон рост меояд.

Маблағи молу маҳсулоти ба Қирғизистон содиршуда ҳамагӣ ҳудуди 650 ҳазор долларро ташкил додааст.

Ҳиссаи савдо бо Қирғизистон дар ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳ ҳамагӣ ба 0,1% баробар аст.

Ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон дар ин давра ҳудуди 6,5 млрд долларро ташкил додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Русия дар ин давра Русия (22,3% аз ҳаҷми умумӣ), Чин (21,2%) ва Қазоқистон (15%) боқӣ мондаанд.

Қобили зикр аст, ки коҳиши ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муддати се сол баъди муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздимарзӣ дар охири моҳи апрели соли 2021, ки дар ҷараёни онҳо аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар ҳалоку садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд, идома дошт.

Аз ҳамон вақт сарҳади байни ин кишварҳо бо масофаи 970 километр баста боқӣ мемонад. Гардиши молу маҳсулот миёни давлатҳо тариқи қаламрави кишварҳои сеюм (Қазоқистон, Ӯзбекистон) сурат мегирад.

Ҳаҷми савдо байни кишварҳо дар зарфи се сол зиёда аз се баробар - аз 37 млн доллар дар соли 2020 то 12 млн доллар дар соли 2023 поин рафт.

Аз Тоҷикистон ба Қирғизистон асосан риштаи пахта, сементи портланд, маснуоти алюминий, инчунин меваҳои донакдор интиқол дода мешавад.

Аз Қирғизистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, шиша, ангиштсанг ва брикетҳо, семент ва ғайра ворид карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.