Имрӯз дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) аввалин мурофиаи додгоҳии 8 чеҳраи шинохтаи боздоштшуда паси дарҳои баста баргузор гардид.
Мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда бештар аз 3 соат давом кард, наздикони гумонбарон ба он роҳ дода нашуданд, танҳо дастикам 6 вакили дифоъ ба мурофиа даромаданд.
Ба иттилои дастрас, муовини якуми раиси Додгоҳи олӣ Шавкат Лутфуллозода ин парвандаро баррасӣ кардааст. Ҳамчунин, се додраси дигар ва намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон низ дохили Боздоштгоҳи муваққатӣ шуданд.
Дастикам ду вакили дифоъ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бо далели мӯҳри махфӣ доштан, дар робита ба парванда ҳарфе намезананд.
Як манбаи огоҳ ба далели ифшо нашудани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки имрӯз муҳокимаи 8 чеҳраи шинохта баргузор гардид, ки аксарашон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.
Гуфта мешавад, ки парвандаи онҳо ба якдигар иртибот дорад, вале аксар айбдоршавандагон иттиҳомро ба гардан нагирифтаанд.
Наздикони боздоштшудаҳо аз ҷузъиёти парванда изҳори бехабарӣ мекунанд.
Муҳокимаи баъдӣ рӯзи душанбеи оянда, 18-уми ноябр, баргузор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, Додситони кулли Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумонро моҳи июни соли 2024 боздошт кард.
Рӯзи 14-уми июн зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Дар доираи ин парванда, аз нимаи июни имсол то ҳоло, нафарони зерин боздошт шудаанд:
- Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;
- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;
- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор;
- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;
- Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон, мунтақиди ҳукумат ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;
- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйид ва расонаӣ нашудааст;
- Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ.
Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.
Ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста