Соли 2015 роҳбарияти вилояти Суғд нақшаҳои бузурги худ - сохтмони шаҳр ва маҳаллаҳои истиқоматии навро муаррифӣ карданд. Сарфи назар аз давраи вазнини бӯҳрони молиявӣ татбиқи ин лоиҳаҳо ғоз гардид. Шаҳрҳои нав бояд мушкили камбуди ҷиддии манзил барои сокинонро ҳал мекарданд. Вале он чизе, ки бо тантана оғоз шуда буд, то ҳол анҷом наёфтааст.

“Азия-Плюс” аз ин иншоот ёдовар шуд.

 

Шаҳр барои 250 ҳазор нафар

Сайҳун бояд аввалин шаҳр дар вилояти Суғд мешуд, ки дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон бунёд мегардид. Зарурати бунёди он аз афзоиши назарраси аҳолӣ дар шаҳрҳои калонтарини вилоят пеш омад.

Шаҳри нав, ки барои 250 ҳазор нафар пешбинӣ шуда буд, бояд дар биёбони хушки Сомғор, 15 км дуртар аз шаҳри Хуҷанд бунёд мешуд. Дар ин шаҳр сохтмони 19 маҳалла, 17 мактаби миёна, 31 кӯдакистон, 140 маркази савдо ва хидматрасонӣ, 40 майдонча ва толори варзишӣ, терминали нақлиёти мусофирбар, бозорҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Илова бар ин, зиёда аз 1000 гектар замин дар назди шаҳри нав барои бунёди боғҳои мевагӣ бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ ҷудо шуда буд.

Моҳи марти соли 2015 ба сохтмони нахустин биноҳои бисёрошёна санги асос гузошта шуда, ду истгоҳи насоси об ба кор оғоз краданд.

Дар моҳи майи ҳамон сол, Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вақти вилояти Суғд, ки яке аз ташаббускорони сохтмони ин шаҳр ҳисобида мешуд, бо лоиҳаҳои биноҳои оянда шинос гардид. Ваъда дода шуд, ки иншооти нахустин то моҳи сентябри соли 2016 ба истифода дода мешаванд.

Даромадгоҳ ба шаҳре, ки нест
Акси бойгонии Asia-Plus

Вале то имрӯз шаҳр сохта нашудааст. Даҳҳо оилаҳое, ки барои рушди бахши хусусӣ ва бунёди боғҳо замин гирифта буданд, обу барқи онро бо харҷи худ гузарониданд. Бисёриҳо дар интизори инфрасохтори ваъдашуда  хаста шуда, ҳама чизро партофта, аз он ҷо кӯч бастанд.

Ҳеҷ яке аз намояндагони расмӣ сабаби “ях бастан”-и сохтмони шаҳри Сайҳунро дақиқ шарҳ дода надоданд.

Дар аввали соли 2022 муовинони раиси вилоят гуфтанд, ки дар давраи пандемияи коронавирус ва бӯҳрони вобаста ба он шарикони асосии Тоҷикистон аз идомаи сохтмони Сайҳун даст кашиданд. Вале бархе огоҳони ҳол мегӯянд, сохтмон баъд аз рафтани Абдураҳмон Қодирӣ аз мақоми раиси вилоят қатъ шуд.

 

Маҳаллаи “Баҳористон”

Дар ҳамон сол дар наздики шаҳри Истаравшан сохтмони маҳалли дигаре бо номи “Баҳористон”, ки барои 35 ҳазор нафар пешбинӣ шуда буд, оғоз гардид.

Дар ин маҳалла бояд беморхона, маркази саломатӣ, мактабу боғча, варзишгоҳ, ҳаммомҳо, бозор, истгоҳи нақлиёт, боғи фарҳангӣ ва истироҳатӣ, инчунин даҳҳо хонаҳои бисёрошёна сохта мешуданд.

Ба сокинони деҳаҳои наздик қитъаҳои замин дода шуда, ваъда карданд, ки онҳоро бо обу барқ таъмин мекунанд ва инфрасохтори заруриро месозанд.

Бо гузашти 9 сол аксари ин ваъдаҳо иҷро нашудаанд. Ба ҷуз чанд хонаи истиқоматӣ, дар ин маҳалла чизе сохта нашудааст.
Акс аз Asia-Plus

Ҳамчунин, дар ҳамон сол мақомоти вилоят нақшаи бунёди шаҳри дигареро бо номи Маҳпарӣ дар наздикии шаҳри Исфара эълон карданд. Аммо ин нақшаҳо низ танҳо дар сухан боқӣ монданд.

 

Маҳаллаи нави истиқоматӣ

Моҳи августи соли 2015 дар маркази шаҳри Хуҷанд, наздики соҳили дарё, расман сохтмони як маҳаллаи нави истиқоматӣ оғоз шуд. Дар миёни мардум онро «Чайна-таун» номиданд, зеро сармоягузори асосии он як ширкати сохтмонии Чин бо номи «Пекин» буд.

Тибқи созишнома, нахустин биноҳои истиқоматӣ бояд дар давоми 5 сол ба истифода дода мешуданд. Илова бар ин, лоиҳа сохтмони мактаб ва дигар иншооти иҷтимоиро низ пешбинӣ мекард.

Барои оғози сохтмон хонаҳои истиқоматии беш аз 30 оиларо вайрон карданд, то ҷой барои  сохтмон холӣ шавад.

Аммо ин сохтмони бузург ҳам амалӣ нашуд. Сармоягузори чинӣ бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла ишора ба намии баланди замин ва дар наздикии дарё қарор доштани он аз сохтмони он даст кашид.

Мақомоти шаҳр расман даст кашидани ширкати чинӣ аз ин лоиҳаро эътироф карданд. Вале ба аҳолӣ шарҳ надоданд, ки чаро ин омил пеш аз оғози сохтмон ва вайрон кардани хонаҳои истиқоматӣ ба назар гирифта нашудааст.

Хонаҳои сокинонро барои сохтмони маҳаллаи нав тахриӣб карданд, вале сохтмони маҳалларо то ҳол сар накардаанд
Акси бойгонии Asia-Plus

 

Бинои 13-ошёнаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Соли 2016 ба таҳкурсии бинои нави асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд санги асос гузошта шуд.

Тибқи лоиҳа, ин бинои 13-ошёна бояд 5 ҳазор донишҷӯро дар худж меғунҷонид. Қарор буд, ки дар давоми панҷ сол корҳои сохтмонӣ анҷом ёбанд. Аммо сохтмони бинои 13-ошёна оғоз нашуд. Масъулон сабаби онро норасоии маблағ шарҳ доданд.

Соли 2023 корҳои сохтмонӣ дубора аз сар гирифта шуд. Ҳоло тибқи лоиҳа, бино 9 ошёна хоҳад дошт ва барои 4 ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Мақомоти вилоят нақша доранд, ки ин биноро дар солҳои наздик, дар доираи таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода диҳанд.

Бинои сохтмонаш нотамоми ДДХ
намогирифт аз Ozodivideo

 

Қасри фарҳанг бо 3000 ҷойи нишаст

Соли 2016 дар канори маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд барои сохтмони калонтарин Қасри фарҳанг дар вилоят зиёда аз 1 гектар замин ҷудо карда шуд.

Тибқи лоиҳа, қаср барои 2500-3000 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда буд, ки имкон медод дар он чорабиниҳои бузурги ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор шаванд. Ҳоло чунин чорабиниҳо дар майдони варзишӣ гузаронида мешаванд.

Барои сохтмони Қасри фарҳанг бояд аз ҳисоби буҷети давлат ва Вазорати маориф ва илм зиёда аз 200 миллион сомонӣ ҷудо мешуд. Маълум нест, ки ин маблағ билохира ҷудо шуд ё не.

Сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хуҷандро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят назорат мекунад.
акс аз sugdnews.com

Пас аз 9 сол, сохтмони ин иншоот то ҳол оғоз нашудааст. Танҳо дар соли 2024 аз он ҳамчун яке аз иншооти асосии ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуданд.

 

Истгоҳи нави роҳи оҳан

Соли 2011 дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои истгоҳи роҳи оҳани «Хуҷанд»-ро тахриб карда, ба ҷои он сохтмони истгоҳи нави чорошёнаро оғоз карданд. Аммо бо сабаби мушкилоти молиявӣ корҳои сохтмонӣ қатъ гардид.

Соли 2023 сохтмон дубора оғоз ёфт ва ифтитоҳи ботантанаи он дар тобистони соли 2024, дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба нақша гирифта шуда буд. Вале то имрӯз  иншоот ба истифода дода нашудааст.

 

Паноҳгоҳ барои ҳайвоноти бесоҳиб

Соли 2020 Маъруф Муҳаммадзода, раиси вақти шаҳри Хуҷанд, ваъда дод, ки дар шаҳри Хуҷанд ба зудӣ паноҳгоҳ барои ҳайвоноти бесоҳиб сохта мешавад.

Баъдтар Фирдавс Шарифзода, раиси ин шаҳр шуд, низ чунин ваъда карда буд. Ӯ гуфта буд, ки барои сохтмони паноҳгоҳ дар ҳудуди маҳаллаи 26-уми шаҳр қитъаи замин ҷудо шудааст.

Вай эълон карда буд, ки марҳилаи аввали сохтмони иншоот ба наздикӣ оғоз мегардад.

Аммо ин ваъда низ то ҳол амалӣ нашудааст. Мубориза бо ҳайвоноти бесоҳиб бо шеваи сахт, аз ҷумла паррондани онҳо то ҳол идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.