Фаъолияти дипломати маъруфи тоҷик, рӯзноманигор, олим ва ходими давлатӣ Зафар Сайидзода дар мансаби Консули кулл (генералӣ)-и Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид. Тавре ки ба «Азия-Плюс» дар консулгарӣ хабар доданд, фаъолияти ӯ дар ин мансаб 31 декабри соли 2024 ба охир расид.
Қарори озод намудани ӯ аз мансаб бо фармони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 1 ноябри соли 2024 бинобар ба синни нафақа расидани ӯ қабул шуд.
Ба ҷойи ӯ ба таври муваққатӣ котиби сеюм Зафар Соҳибов иҷрокунандаи вазифаи роҳбари консулгарӣ таъйин шудааст.
Ӯ фаъолияти худро дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳайси атташе оғоз намуда, то таъйин шуданаш ба Екатеринбург дар шуъбаи ташрифотӣ (протоколӣ)-и вазорат кор кардааст.
Айни замон номзади консули генералии нав ҳанӯз муайян нашудааст.
Қобили зикр аст, ки консулҳои кулли Тоҷикистон дар Русия маъмулан се сол фаъолият мекунанд, аммо Зафар Сайидзода дар ин мансаб панҷ сол кор кардааст. Дар ин муддат ӯ худро ҳамчун яке аз консулҳои дастрас ва кушода барои муошират бо рӯзноманигорон нишон дод. Касбият, омодагии ӯ барои ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни ҳамватанон ва ҳамкорон баҳои баланд гирифтанд.
Консули кулл дар Урал
Дар давоми фаъолияти худ ҳамчун Консули кулли Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо мушкилоти фавқулода, бахусус дар замони пандемияи COVID-19 дучор шуд. Дар ин шароит масъалаи кумаки фаврӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба мадди аввал баромад, зеро шумораи зиёди онҳо дар шароити карантин бе кор ва бе василаи рӯзгузаронӣ монданд.
Ин мушкилотро ӯ тавассути ҳамкории наздик бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораи тоҷикон дар минтақаи Урал ҳал намуд.
Яке аз масъалаҳои дигари муҳим ташкили парвозҳои махсус барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон буд.
Дар доираи барномаи махсуси волӣ (губернатор)-и вилояти Свердловск нусхаи нави дастури таълимӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо номи «Таърихи Русия» нашр шуд, ки бо иштироки Зафар Сайидзода дар ҳамдастӣ бо нависанда Воҳид Гаффорӣ таҳия гардид.
Зафар Сайидзода ҳамчун шахсе, ки қудрати иттилооти бозро хуб дарк мекунад, дар кори худ аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебурд. Бо ташаббуси ӯ барои таъмини иттилооти умумӣ ва нигоҳ доштани робитаҳои интерактивӣ, саҳифаи расмии Консулгарӣ дар «Фейсбук» ва «Инстаграм» кушода шуд.
Дар бораи фаъолияти Зафар Сайидзода дар мансаби Консули кулл Ёқубҷон Умаров, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсози диаспора дар назди Консулгарӣ ба «Азия-Плюс» чунин изҳори назар кард:
«Бовар кунед, бо ин шахси бузург мо корҳои зиёдеро амалӣ кардем. Агар панҷ соли фаъолияти ӯро варақ занем, барои ҳарф гуфтан аз тамоми чорабиниҳо, мулоқотҳо ва дастовардҳои ӯ вақти хеле зиёд лозим аст».
Ба гуфтаи ӯ, Зафар Сайидзода аз рӯзҳои аввали кораш сатҳи баланди донишу фарҳанг ва маҳоратҳои дипломатияи тоҷикро намоиш дод.
«Дар тӯли фаъолияти худ ӯ тавонист табақаҳои гуногуни тоҷикони минтақаи Уралро дар атрофи худ, консулгарӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ муттаҳид созад. Ба шарофати ин иттиҳод мо тавонистем корҳои зиёде анҷом диҳем», - илова намуд ӯ.
Умаров зикр кард, ки кӯшишу заҳматҳои Зафар Сайидзода боис шуд, ки мақомоти маҳаллӣ, вазоратҳо, соҳибкорон ва дар маҷмӯъ, мардуми ин минтақа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кунанд.
“Шумораи сафарҳои корӣ миёни ҳавзаи консулгарии Урал, бахусус вилояти Свердловск ва Тоҷикистон ба таври назаррас афзуд. Ҳамчунин, сафарҳои намояндагони вазоратҳо, роҳбарони идораҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон ба вилояти Свердловск зиёд шуд”, - изҳор дошт номбурда.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Сайидзода дар давраи кораш мактаби дипломатии худро таъсис дод. Роҳбарияти вилоят, шаҳр ва вазоратҳо маҳз ба туфайли ӯ бо бисёр фаъолони тоҷик шахсан шинос шуда, ҳамкорӣ мекунанд.
«Ба вохӯриҳо ва чорабиниҳо ӯ ҳамеша фаъолонро бо худ мебурд ва онҳоро муаррифӣ мекард», - илова кард Умаров.
Зафар Сайидзода кист? Аз тарҷумаи ҳол
Зафар Сайидзода 18 декабри соли 1961 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии ҳарбӣ ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи №66-и пойтахт таҳсил кардааст. Соли 1983 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кард.
Аз соли 1983 дар кафедраҳои атеизми илмӣ ва фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дарс медод. 13 июни соли 1989 дар соҳаи фалсафаи иҷтимоӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.
Аз 2 июли соли 1987 то ноябри соли 1995 дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: ҳамчун инструктор, мудири бахши маърифати сиёсӣ ва иттилоот, мудири шуъбаи идеологии КМ ЛКСМ Тоҷикистон, мутахассиси пешбари Кумитаи кор бо ҷавонони Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, сармутахассиси хадамоти матбуоти президент ва Шӯрои вазирон, инчунин роҳбари раёсати иттилооти ВКХ.
Аз 15 ноябри соли 1995 то декабри соли 2003 - котиби матбуоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳанӯз ҳам ӯро беҳтарин шахс дар ин мансаб мешуморанд.
Аз 15 декабри соли 2003 - директори Агентии иттилоотии «Ховар» таъйин шуд. Аз 5 феврали соли 2008 то 31 январи соли 2014 ҳамчун сармушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ фаъолият дошт.
Санаи 17 октябри соли 2019 ба вазифаи Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург таъйин шуд.
Доктори илми таърих, муаллиф, ҳаммуаллиф ва муҳаррири зиёда аз 70 китоб, аз ҷумла як қатор китобҳо дар бораи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар мансаби президентӣ мебошад.
Бо медали «Хизмати шоиста» ва олитарин мукофоти ИДМ (ифтихорнома) сарфароз гардонида шудааст.