Рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Теҳрони Эрон 60-солагии Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Дар назар аст, ки нишасти навбатии маҳфили “Ҳумоюн” ва рӯнамоии китоби “Ҳумоюннома” низ он ҷо баргузор шавад.
Ин маросим дар толори Муассисаи фарҳангии “ЭКО” дар шаҳри Теҳрон бо ҳузури шоирон Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиби Озарахш баргузор мешавад. Ҳамчунин шоирон, пажӯҳишгарон ва аҳли зиёи кишварҳои ЭКО, раҳбари ин муассиса ва Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон низ дар он ширкат хоҳанд кард.
Ин иқдом бо ташаббуси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор мешавад ва идомаи силсиланишастҳои “Ахтарони адаб” хоҳад буд.
Китоби “Ҳумоюннома”, ки ёдномаҳои пайвандону наздикон ва устодону ҳамсабақони Ҳумоюн, писари ин ду шоирро фаро гирифтааст, соли 2023 дар Тоҷикистон нашр шуда буд. Китоб соли 2024 дар остонаи солрӯзи Фарзона ба хати форсӣ тарҷума ва дар Теҳрон ба теъдоди 500 адад нашр ва дар ҳамоиши 60-солагии Фарзона рӯнамоӣ гардид.

Бояд гуфт, Фарзонаи Хуҷандӣ 3-юми ноябри соли 1964 зода шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 60-солагии милоди ӯ бо иштироки мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла раиси вилояти Суғд ва аҳли зиё, аз ҷумла меҳмонон аз кишварҳои форсзабону ҳамсоя чорабинии васеъ доир гардида буд.
Маҳфили бузургдошти ӯро дар гузориши мо “Шеъри ӯ итминон барои оянда аст”. Фарзона 60-сола шуд мутолиа кунед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста