Дирӯз, 24-уми январ дар дар натиҷаи қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 миёни мунтахабҳои наврасони то 17-сола футболбозони навраси тоҷик якҷо бо ҳамсолони худ аз Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ шомили гурӯҳи "D" шудаанд.
Қуръакашӣ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд ва дар он 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – "А", "В", "С" ва "D" тақсим шудаанд. Дар ҳар гурӯҳ чор даста ҷой гирифт.
Санаҳои дақиқи бозиҳои Тоҷикистон бо ҳарифонаш ҳанӯз маълум нест, вале бояд гуфт, мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни мунтахабҳои наврасони кишварҳои ин қора аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Марко Раҷини, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) гуфтааст, Тоҷикистон шомили гурӯҳи қавие гардид.
“Дар марҳилаи интихобӣ дар Сингапур бо дастаи Уммон бозӣ карда будем. Мунтахаби хуб аст. Дастаи Эрон барои мо ба хубӣ ошно мебошад... Бозиҳои мо ҳамеша бениҳоят душвор мегузаштанд. Инчунин метавонам Куриёи Шимолиро аз рӯйи баромади дастаи ҷавононашон дар марҳилаи интихобӣ дар Душанбе баҳо диҳам. Ин кишвар дастаҳои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва тактикӣ хуб омодашуда дорад. Ҳамин тавр, дар Арабистони Саудӣ мо бо дастаҳои қавӣ рақобатҳои хеле душвор хоҳем дошт. Ман ба даста ва бозигарон боварӣ дорам ва боварӣ дорам, ки мо дар Ҷоми Осиё-2025 ба мақсадҳои худ мерасем”, - гуфтааст ӯ.
Гуфта мешавад, пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд.
Ҳамаи мунтахабҳое, ки ба ин марҳила роҳ ёфтаанд, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд. Ин мусобиқа қарор аст аз 5-ум то 27-уми ноябри соли равон дар Қатар баргузор гардад.
Ҳоло дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии ин мутахассиси итолиёӣ барои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҷамъомади таълимию тамринӣ мегузаронад. Ин омодагӣ аз 8-уми январ оғоз ёфта буд ва имрӯз ба анҷом мерасад.
Дар доираи он Тоҷикистон чор бозии санҷишӣ гузаронд, ки дар сетои он пирӯзӣ ба даст оварда, дар як рақобати дигар мағлуб гашт.
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста