Дастаи яккачини наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U17) баъди се ғалаба дар марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “J” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат гирифтанд.
Дар охирин бозии худ наврасони тоҷик ҳамтоёнашон аз Уммонро бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб карданд.
Пештар аз ин дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи Сингапур бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба ба даст оварда буд.
Дар бозии аввал бошад, мунтахаби Тоҷикистон тими Гуамро бо ҳисоби бузурги 33 бар 0 шикаст дода буд.
Баъди се ғалаба дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти интихобии гуруҳи “J” мунтахаби футболи то 17-солаҳои Тоҷикистон дар умум бо ба даст овардани 9 хол садрнишини гурӯҳ гашт ва ба Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфт.
Ҷоми Осиё-2025 аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста