Дирӯз, 1-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар баробари имзои чанд қонун, ба тағйироти қонуне имзо гузошт, ки тибқи он арзиши бекор кардани ақди никоҳ ду баробар зиёд шуд. Он пас аз нашр дар матбуот мавриди амал қарор мегирад.
Қаблан вакилони парлумон лоиҳаи қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”-ро ба тасвиб расонида буданд, ки барои қатъи никоҳ дар идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) аз 150 то 750 сомонӣ ва тариқи додгоҳ то 1050 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.
Тибқи қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” барои бекор кардани ақди никоҳ боҷи давлатӣ чунин муқаррар шудааст:
- Дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон: ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 150 сомонӣ баробар аст. То ҳол ин маблағ 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (75 сомонӣ) аст.
- Дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар: ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 750 сомонӣ баробар аст. То ҳол ин маблағ 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (375 сомонӣ) аст.
- Дар асоси ҳалномаи додгоҳ: ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 1050 сомонӣ баробар аст. То ҳол ин маблағ 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (525 сомонӣ) аст.
Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳукумати кишвар рӯзи 29-уми май маъқул дониста барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда буд. Пасон дар палатаи болоии порлумон ба тасвиб расид. Инак зери қонуни мазкур раисҷумҳур имзо гузошт.
Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли гузашта низ боҷи давлатӣ барои бекоркунии ақди никоҳ аз 72 то 108 сомонии қаблӣ то 500 сомонӣ баланд шуда буд. Он замон парлумони кишвар сабаби онро ба “коҳиш додани талоқ дар кишвар” гуфта буданд.
Аз ҳам пошидани оилаҳо дар Тоҷикистон чандин сол боз яке аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Тибқи омори расмӣ, дар нимаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 4117 оила барҳам хӯрдааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 291 адад камтар будааст.
Мақомоти масъул ҳарчанд мегӯянд, ки омори талоқ сол то сол дар кишвар кам мешавад, вале он ҳоло ҳам нигаронкунанда аст. Соли гузашта, Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар дар ин робита гуфта буд, ки “ҳоло ҳам аз шумори талоқҳо қаноатбахш нестем”.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила чанде пеш омили асосии зиёд будани талоқ дар кишварро ба издивоҷи бармаҳал ва омода набудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона рабт дода буд.
Тартиби гирифтани талоқ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст ва никоҳ дар кадом ҳолат қатъ мегардад? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.




