Дар доираи 13 – умин Кинофестивали байналмилалии Тошканд - “Дурдонаҳои Роҳи абрешим”, ки 28 сентябр ифтитоҳ мешавад, 4 филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” ширкат мекунанд.
“Филми “Автобус” - и коргардон Абдулҳай Зокиров, “Рақси зиндагӣ”- Муҳаббат Сатторӣ, “Сафарӣ ҳавоӣ”- Далер Рахматов, «Сафи домодҳо» - Румӣ Шоазимов дар фестивал ширкат мекунанд”, - хабар доданд аз “Тоҷикфилм”.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи кинофестивал ҳамчунин Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки дар он беш аз 10 филми Тоҷикистон барои тамошобинони ӯзбек намоиш дода мешаванд.
Дар доираи баргузории ҷашнвора, ҳамчунин имзои меморандум доир ба таҳияи филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар назар аст.
“Дар ин чорабиниҳо аз Тоҷикистон 11 нафар, аз ҷумла коргардонҳо, таҳиягарон, ҳунармандони театру кино, кормандони масъули “Тоҷикфилм” бо роҳбарии раиси он Муҳаммадсаид Шоҳиён ширкат хоҳанд кард”,- гуфт манбаъи мо.
Гуфта мешавад, дар доираи ҷашнвора коргардонҳои Озарбойҷон, Беларус, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбакистон беш аз 150 филми худро намоиш медиҳанд.
Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд, ки бо номи Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё, Африка ва Амрикои Лотинӣ ҳам машҳур аст, дар замони Шӯравӣ (аз соли 1968 то 1988) ва дар солҳои истиқлоли Ӯзбакистон (солҳои 1992 ва 1997) баргузор мешуд. Қарор дар бораи азсаргирии ҷашнвораи мазкурро, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи июни соли 2021 қабул намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2025
“Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод
Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?
Дар Ӯзбекистон барои рондани скутер “права” доштан ҳатмӣ шуд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя чӣ?
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста