Дастрасӣ ба об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сол аз сол аҳамияти бештар касб мекунад. Сокинони ин минтақаро чӣ интизор хоҳад буд ва чаро ҳамкорӣ калиди ҳалли масоили обӣ дар минтақа аст?

 

Ҷӯйи хушкшуда дар як минтақаи дурдасти Тоҷикистон

Бобои Мирзо дар маҳалла нигоҳбон аст. Ӯ тамоми умри худро дар деҳаи куҳистони Куҳиболо гузаронидааст. Аз ӯ хоҳиш кардем, ки қиссаи наҳреро, ки аз байни деҳа мегузарад, нақл кунад.

“Мо дар инҷо ҷӯе дорем, ки маъмулан барои обёрии заминҳои хоҷагидорӣ ва боғҳо истифода мекунем”, — мегӯяд бобои Мирзо.

“Чанд сол пеш зимистони қариб бебарф омада буд. Борон борид, аммо барф кам борид ва дар аввали баҳор ҳаво хеле гарм шуд. Ҷӯй барвақт хушк шуд ва мо беоб мондем. Маҷбур шудем, ки онро аз дарёи асосӣ кашонем, аммо ҳамаи он маҳсуле, ки дар боғ кишт карда будем, хушкиду аз байн рафт. Солҳои охир намедонем, ки аз обу ҳаво чӣ интизор шавем”, - бо нигаронӣ афзуд бобо.

 

Кош об ҳамеша бошад

Дар деҳаи Куҳиболо баъзе ҷоҳо ҳанӯз барф хобидааст ва ҳарорати шабона ба зери сифр поён меравад, вале бобои Мирзо мегӯяд, ки бӯйи баҳорро эҳсос мекунад.

“Хоҳем дид, ки имсол бо об чӣ мешавад. Албатта, умед ба беҳтар дорем. Агар касе пешакӣ ба мо гӯяд, ки аз ин ҳавои ноустувор чӣ интизор шавем, ман як баста аз беҳтарин себҳои худро ба ӯ медодам”, - бо табассум мегӯяд бобои Мирзо.

Ӯ аз мо даъват мекунад, ки бо пайдо шудани имкон, бори дигар ба деҳаи ӯ ташриф орем.

 

Акси марбута
Акс аз сомонаи bloknot-moldova.ru

“Агар имконият шавад, ҳатман биёед! Бо сабзавоту меваҳои тару тоза ва хушмаза зиёфат мекунем! Кош бошад об мешуд…”, - зикр мекунад ӯ.

Бо назардошти ин ҳолат, гуфтан метавон, ки Осиёи Марказиро дар ояндаи наздик чӣ интизор аст: Мавҷудияти об бевосита ба кишоварзӣ, таъмини оби нӯшокӣ, саноат, энергетика ва саломатии инсонҳо таъсири бевосита мерасонад. Дар Осиёи Марказӣ дастрасӣ ва интиқоли он маҳдуд аст ва кишварҳо дар тақсими дарёҳои фаромарзӣ аллакай бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд.

Тағирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, афзоиши истихроҷи кишоварзӣ ва дигар омилҳо ба кам шудани об таъсир мерасонад.

“Маълумот дар бораи тағйироти оянда дар дастрасии об барои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст. Таҳкиқоти зиёде барои арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби минтақа вуҷуд надоранд. Бе маълумоти боэътимод дар бораи динамикаи ояндаи захираҳои об, таъмин намудани чораҳои муассири мутобиқшавӣ ғайриимкон аст” - мегӯяд Юлий Дидовец, мутахасис-гидрологи Институти тадқиқотии тағйирёбии иқлими Потсдам.

Моҳи  августи  соли  2024 як  гурӯҳи  мутахассисони  ширкати  швейтсарии  “hydrosolutions GmbH”, аз ҷумла гидрологҳо, иқлимшиносон ва коршиносони захираҳои  об  бори аввал  шарҳи  ҳамаҷонибаи   таъсири  иқлим   ба  об дар     асри  21 барои тамоми  минтақаи баландкӯҳи Осиёи  Марказӣ,  аз  ҷумла Афғонистонро  пешниҳод  карданд.  Тадқиқоти коршиносон  беш  аз  200 ҳавзаи  кӯҳиро  фаро  гирифт,  ки масоҳати умумии онҳо зиёда аз 423 ҳазор километри мураббаъро ташкил намуд.

 

Майдони шолӣ дар Тоҷикистон
Аз сомонаи livingasia.online

“Ҳангоми таҳқиқ аз намунаи оддӣ, вале муассир барои таҳлили тавозуни обӣ, хокӣ ва таъсири иқлим истифода шудааст. Интегратсияи маълумоти дастраси омма, аз ҷумла мушоҳидаҳои саҳроӣ ва иттилооти моҳвораӣ ба муаллифон имкон дод, ки пешгӯиҳои дақиқтар кунанд ва равандҳои гидрологиро дар минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ беҳтар дарк кунанд”, - мегӯяд Тобиас Зигфрид, намояндаи ин ширкат.

 

Чӣ гуна иқлим тавозуни обро дар минтақа тағйир медиҳад

Об дар минтақа аз ҳисоби обшавии барф ва пиряхҳо ташаккул меёбад. Дар натиҷаи баландшавии ҳарорат, барф зудтар об мешавад, ки маънои онро дорад, ки оби дарёҳо бисёр мешавад. Бо обшавии пиряхҳо ва коҳиши қабати барф, ҳаҷми дастрасии об дар мавсими тобистон, вақте ки он махсусан барои обёрии заминҳо зарур аст, кам мешавад.

 

Тобиас Зигфрид
Акс аз сомонаи hydrosolutions.ch

“Мо коҳиши назарраси пиряхҳоро дар минтақаҳои пасткуҳ пешгӯӣ мекунем, ки ин боиси кам шудани маҷрои об дар баъзе қисматҳои Тян-Шан, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Норин хоҳад шуд. Дар баробари ин, дар ноҳияҳои баландкӯҳи Ҳисору Олой ва Помир ҷараёни об аз ҳисоби зиёд шудани обшавии пиряхҳо афзоиш хоҳад ёфт, ки ин дар тӯли асри 21 идома хоҳад кард”, - мегӯяд Тобиас.

Каме зиёд шудани боришот низ дар назар аст (ба хисоби миёна аз 5,5 фоиз то 10,1 фоиз). Аммо, ин тағйирот нобаробар хоҳанд буд. Олимон тахмин мекунанд, ки боришот камтар, вале шадидтар мешавад. Ин маънои онро дорад, ки мо ба ҷои борони муқаррарӣ борони шадидро мушоҳида карда метавонем, ки баъди он давраҳои хушкӣ фаро мерасанд. Чунин тағйирот метавонад хатари обхезӣ ва хушксолиро афзоиш диҳад, ки ба муҳити зист ва ҳаёти одамон таъсири ҷиддӣ мерасонад.

“Таъмини амнияти обӣ ва суботи тамоми минтақа зери шубҳа қарор дорад. Масалан, барои Тоҷикистон ва Қирғизистон об манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ ​​мебошад.

 


Фирӯз (ном иваз шудааст), корманди собиқи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, ки “тағйирёбии ҷиддии реҷаи оби дарёҳо ва офзоиши офатҳои табиӣ ба гидроэнергетика хатар эҷод мекунад, ки метавонад ба эътимоднокӣ ва устувории нерӯгоҳҳои барқи обӣ таъсир расонад”.

Бо фаро расидани мавсими гарм, об ба захираи боз ҳам серталаб табдил меёбад. Дар чунин шароит барои истифодаи он метавонад байни кишоварзӣ, энергетика ва эҳтиёҷоти хоҷагии коммуналӣ рақобат шиддат ёбад. Ин рақобат махсусан дар он манотиқе шадид мешавад, ки дарёҳо ва обанборҳо сарҳади якчанд кишварро мегузаранд.

“Зиндагии миллионҳо нафар сокинони минтақа мустақиман ба тағйирёбии мавсимӣ ва солонаи захираҳои об вобаста аст. Масалан, дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, зиёда аз 90% оби тозаи солона барои соҳаи кишоварзӣ истифода мешавад. Тағйирёбии захираҳои об мустақиман ба кишоварзӣ таъсир мерасонад, масалан танҳо хушксолӣ ё сели ногаҳонӣ метавонад ба даромади деҳқонон таъсири ҷиддӣ расонад. Бешак, метавон гуфт, ки идоракунии захираҳои об дар минтақа душвортар мегардад ва ба ин тағйирот лозим меояд мутобиқ шавем”, — мегӯяд Юлий Дидовец.

 


Муносибати ҳавзавӣ

Муттахассисони идоракунии захираҳои обӣ бар онанд, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти об дар Осиёи Марказӣ равиши мукаммал зарур аст. Он бояд тамоми ҷонибҳои манфиатдорро ҷалб намояд, истифодаи обро коҳиш диҳад, технологияи самараноки обёриро ҷорӣ кунад, инфрасохтори муносибро бо назардошти падидаҳои шадиди обу ҳаво созад ва экосистемаҳои рӯдхонагӣ ва ботлоқзорро барқарор намояд.

“Дер набояд интизори ягон беҳбудӣ дар вазъи муҳити зист ва коҳиши паёмадҳои манфии буҳрони обу иқлимӣ буд, агар усулҳои идоракунии кунунӣ боқӣ монанд. Бояд аз идоракунии соҳавӣ ва маъмурию ҳудудӣ ба идоракунии экосистемавӣ/ҳавзавӣ, ки дар он ҳадафҳои барқарорсозии табиат афзалият доранд ва ҷомеа мустақилона иштирок мекунад, гузашт”, -пешниҳод кард, Булат Есекин, ҳамоҳангсози платформаи Осиёи Марказӣ оид ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим.

Мутахасиси дигар Тобиас розӣ аст, ки идоракунии якдилонаи захираҳои об, ки дар он ҳамоҳангии байнисоҳавӣ ва фаромарзӣ таъмин шудааст, метавонад тақсими обро одилона ва оқилона гардонад. Ҳамзамон, ӯ ёдрас мешавад, ки “муосирсозии системаҳои обёрӣ, сохтмон ва такмили обанборҳо ва сармоягузорӣ ба шабакаҳои самараноки тақсимоти об нақши калидӣ хоҳанд бозид”.

 

Ҳавосанҷони тоҷик
Акс аз сомонаи Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон

Ҳамчунин, дар маълумотҳо ва мониторингҳо камбудиҳои ҷиддӣ мавҷуд аст, ки барои фаҳмидани таъсири тағйироти иқлимӣ дар ҳавзаҳои дарёӣ аҳамияти муҳим доранд. Масалан, мубодилаи маълумоти гидрологӣ ва метрологӣ байни кишварҳои минтақа аксар вақт маҳдуд аст, бисёре аз мушоҳидаҳо нопурра ва дар манотиқи баландкӯҳ шумораи стансияҳои мониторингӣ маҳдуд аст.

“Мо ба ҳукуматҳои кишварҳои минтақа тавсия медиҳем, ки шабакаи мониторинги метрологӣ ва гидрологиро васеъ кунанд, корро барои тақвият бахшидани потенсиали хидматҳои гидрометеорологӣ идома диҳанд ва фаъолиятҳои илмию тадқиқотии муштаракро дастгирӣ намоянд”, - мегӯяд Тобиас.

 

Аз натиҷаҳои тадқиқот то ислоҳоти идоракунӣ

Стратегияҳо ва чораҳо дар бораи захираҳои об бояд ба таҳлили амиқи ҳолати кунунии ҳавзаҳои обӣ асос ёбанд, бо дарназардошти тағйироти иқлим, камии афзояндаи захираҳои об ва потенсиали технологиҳои муосир. Аммо савол ин аст, ки то чӣ андоза шахсони масъул барои қабули қарорҳо ба хулосаҳои тадқиқоти илмӣ ва тавсияҳои доираҳои академӣ гӯш медиҳанд?

 

Салтанат Жакенова, коршиноси масоили тағйирёбии иқлим

“Мо мебинем, ки дар ин масъала баъзе корҳо иҷро шудаанд. Аммо то ҳол ин барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷорӣ дар истифодаи об дар минтақа кофӣ нест. Ин бо таркиби як қатор омилҳо алоқаманд аст. Масалан, мероси системаи шӯравии идоракунии захираҳои об ва норасоии механизмҳои бозорӣ як вакуум ташкил медиҳанд, ки дар он тавсияҳои илмӣ бо набудани ташвиқотҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои амалӣ кардани онҳо рӯбарӯ мешаванд”, - шарҳ медиҳад Салтанат Жакенова, мутахассиси тағйирёбии иқлим аз Қазоқистон.

Гарчанде мушкилот эътироф шудааст, амалӣ намудани ислоҳоти зарурӣ метавонад дар натиҷаи манфиатҳои рақобати миллӣ, маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ва мушкилоти сиёсӣ суст бошад.

“Ҷорӣ намудани тадқиқоту таҷрибаҳо ва технологияҳои инноватсионӣ сармоягузориҳои зиёд ва тағйирот дар инфрасохтор тақозо мекунад, ки ин на ҳамеша дар шароити маҳдуд будани захираҳо имконпазир аст. Мушкилот ба сабаби иртиботи суст байни олимон, сиёсатмадорон ва аҳолӣ афзоиш меёбанд”,- мегӯяд Салтанат.

“Мехоҳам боварӣ ҳосил кунам, ки натиҷаҳои ин ва дигар таҳқиқоти илмӣ ҳангоми таҳияи стратегияҳои идоракунии об ва ташаккули сиёсати об дар минтақа ба инобат гирифта мешаванд. Бо вуҷуди ин, ман фикр мекунам, ки дар байни ҷомеаи илмӣ ва масъулини қабули қарорҳо то ҳол фосила вуҷуд дорад”, -зикр кард коршиноси минтақавии захираҳои об Лариса Когутенко.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки қисми зиёди захираҳои обӣ сарҳади давлатҳоро убур мекунанд ва бо сабаби тағйирёбии иқлим ва фаъолияти инсонӣ коҳиш меёбанд, хеле муҳим аст, ки ҳамкории самараноки фаромарзӣ, ки бар асоси эътимоди мутақобила сохта мешавад, рушд ёбад.

 


“Ҳамкории обии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, бо вуҷуди мушкилоти умумӣ, пора-пора боқӣ мемонад. Кишварҳои минтақа мақсадҳои гуногун доранд, ба монанди энергетика ва кишоварзӣ, ки ин ба нодида гирифтани тавсияҳои илмии дарозмуддат ва ба нафъи фоидаҳои иқтисодии кӯтоҳмуддат кӯмак мекунад. Ин монеаи ҷиддӣ барои ҳамкории самаранок аст”,- мегӯяд Салтанат.

Дар минтақа Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии об (КБҲО) фаъолият мекунанд. Як қатор созишномаҳои минтақавӣ ва дуҷониба мавҷуданд, ки истифодаи обро танзим мекунанд. Аммо баҳсҳо дар бораи то чӣ андоза муассир фаъолият кардани ин ниҳодҳо ва иҷрои қарордодҳо мавҷуд ҳастанд.

“Дипломатияи обӣ пояи пешгирӣ аз ихтилофҳо миёни тарафҳост. Он аз бастани созишномаҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои дарёӣ, ки дар онҳо се ё зиёда кишвар иштирок доранд, ҳушдор медиҳад. Чунин созишномаҳо ногузир манфиатҳои кишварҳои сеюмро, ки дар музокирот иштирок намекунанд, зери таъсир мегузоранд ва метавонанд дар оянда муколамаро дар сатҳи минтақавӣ душвор созанд. Гузариш ба созишномаҳои дуҷониба, ки мо онро ҳарчи бештар мушоҳида мекунем, метавонад нишонаи он бошад, ки кишварҳо омода нестанд ба созишҳои амиқтар даст ёбанд”, -мегӯяд коршиноси соҳаи об аз Туркманистон.

Ҳар гуна тағйироте, ки ба захираҳои обӣ вобаста аст, ба рушди тамоми минтақа ва ҳар як кишвар алоҳида таъсири назаррас мерасонад. Ҳамзамон, мушкилоти нав низ ба миён меоянд, масалан, сохтмони канали бузурги обёрии Қошғар-Омударё аз ҷониби Афғонистон, ки эҳтимолан метавонад ҷараёни обро дар поёноби дарёи Ому тақрибан 15–20% коҳиш диҳад. Ҳамзамон, ин кишвар қисми муколамаи обии минтақавӣ намебошад.

“Дар даҳсолаҳои охир масъалаи дастрасӣ ба об, гуногунии биологӣ ва иқлим дар Осиёи Марказӣ ба таври ҷиддӣ бадтар шудааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки он чиро, ки дар солҳои гузашта офарида ва амалӣ шудааст, таҳлил намоем, фаъолияти кунуниро амиқ арзёбӣ кунем ва бо иштироки ҳамаи кишварҳое, ки ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзиро тақсим мекунанд, роҳҳои алтернативии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳамкории обиро таҳия намоем”, - мегӯяд Булат Есекин.

“Тағйироти иқлим норасоии обро дар Осиёи Марказӣ боз ҳам шиддат мебахшад, хусусан дар ҳавзаҳои асосии дарёҳо, ки вобаста ба обшавии пиряхҳо ва барфҳо мебошанд. Барои мубориза бо ин мушкилот муҳим аст, ки пешакӣ чора андешида шавад, аз ҷумла маълумот ҷамъоварӣ гарданд, ҳамкории байни кишварҳо таҳким ёбад, инфрасохтор навсозӣ шавад ва ислоҳоти зарурии низоми идоракунии захираҳои об амалӣ гарданд. Ин иқдомҳо ба таъмини оби устувор барои кишоварзӣ, энергетика ва аҳолӣ дар даҳсолаҳои наздик мусоидат хоҳанд кард”, - хулоса мекунад Тобиас.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.