Муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Саидмурод Фаттоҳзода мутмаин аст, ки пешниҳодҳои Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» аз ҷониби доираи васеи аҳолӣ дастгирӣ ёфта, сокинони кишвар онро чун инқилоби маънавӣ ва иҷтимоӣ қабул карданд.
«Бахусус қайд карданиам, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахшҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии давлат сарнавиштсоз буда, онҳоро метавон ба инқилоби фарҳангӣ қиёс кард», - иброз дошт Фаттоҳзода дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».
Ба гуфтаи ӯ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 июл зимни сханронӣ дар маҷлис ба муносибати 10-умин солгарди қабули қонуни мазкур аз иҷрои талабот ва меъёрҳои он қаноатмандӣ изҳор намуда, таъкид дошт, ки ин қонун ба ҳимоя аз расму оин ва анъанаҳои миллӣ ва пешгирии роҳ ёфтани арзишҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона кумак кард.
«Ба ҳеҷ касе пӯшида нест, ки қонуни соли 2007 қабулшуда «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» ба вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар беҳбудӣ бахшида, онҳоро ба худдорӣ аз хароҷоти барзиёд ва баъзан ҳатто хеле вазнин, исрофкорӣ дар маросими тӯйи азодорӣ, ки ба як маъракаи «худнамоишдиҳӣ» табдил ёфта буд, водор намуд», - гуфт сиёсатмадор.
Фаттоҳзода таъкид дошт, ки тибқи маълумоти расмии оморӣ, бо қабули қонуни мазкур сокинони кишвар ҳудуди 18 млрд. сомонӣ маблағро сарфа кардаанд.
«Пешвои миллат бо назардошти ақидаҳои аксарияти зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба такмили талабот ва меъёрҳои қонуни зикршуда дастур дод, ки онҳо пеш аз ҳама, ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таъмини ҳаёту таҳсили шоистаи кӯдакон, аз байн бурдани ҳамаи хароҷоти беҳудаву нозарур нигаронида шудааст», - таъкид дошт номбурда.
Сиёсатмадор мутмаин аст, ки риоояи дақиқи меъёрҳои қонун ба аҳолӣ ҷиҳати сарфаи садҳо ҳазор сомонӣ маблағ имкон фароҳам месозад, ки ин маблағҳоро метавон ба таълиму тарбия ва таҳсили кӯдакон ва таъмини ояндаи шоистаи онҳо равона кард.
«Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ чанде қабл дар ҷаласаи худ бо назардошти изҳороти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ташкилотҳои маҳаллии худ дар вилоят ва шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки миёни аҳолӣ оид ба шарҳу тавзеҳи меъёрҳои қонун корҳои густардаи таблиғотӣ роҳандозӣ намоянд», - афзуд муовини аввали раиси ҳизби ҳоким.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста