Қаҳрамони мусобиқоти футболи Лигаи олии ҷумҳурӣ дар соли гузашта – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аз вазъи майдони футболи варзишгоҳи марказии пойтахт қаноатманд набуда, вохӯрии дуюми чемпионати имсоларо низ дар майдони бетараф доир месозад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти дастаи мазкур, ҳамин тариқ рӯзи 14-уми апрел вохӯрии даста бо тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода (57 километрии ғарби шаҳри Душанбе) баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, майдони фуболи варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе низ дар ҳолати хеле бад қарор дорад. Соли гузашта дастаи «Истиқлол» бештари вохӯриҳои худро дар ин варзишгоҳ баргузор мекард.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ба муддати се моҳ дар варзишгоҳи марказии пойтахт (қаблан варзишгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Фрунзе) корҳои таъмир анҷом дода шуданд. Ба қавли мақомоти раҳбарии варзишгоҳ, дар ин давра майдони футболи варзишгоҳ ба тартиб оварда шуда, барои нишасти мухлисон курсиҳои пластикӣ гузошта шуданд, ки пас аз ин ғунҷоиши стадион ба 20 ҳазору 145 нафар расид.



“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста