Сабаби садамаи қатори боркаш дар қаламрави ноҳияи Ёвон боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой аст, ки аз назди он роҳи оҳан убур мекунад. Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ) дар вилояти Хатлон хабар додааст.
“Бино ба гузориши расида, рӯзи 14-уми декабри соли 2025, соати 07:00 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи Зафар ҳангоми ҳаракати қатори боркаш дар роҳи оҳане, ки аз Бохтар ба самти Ёвон дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама гардид”, - гуфтааст ин ниҳод.
Ба навиштаи КҲФ, ин қатор, ки боркаш буд, баногаҳ аз хати роҳи оҳан хориҷ шудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳоло аз тарафи Комиссияи ҳукумати ноҳияи Ёвон дар бораи ба ҳолатҳои фавқулода ва қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳия ва наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар ҳайати 6 нафар дар ҷои ҳодиса кор карда истодаанд.

Қаблан, аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳам ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки ҳодиса рӯзи 14-уми декабр дар наздикии деҳаи Даҳанаи Ёвон рух додааст.
Аз ин ниҳод гуфта буданд, ки дар пайи ин ҳодиса, қатора оташ гирифтааст ва он талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.
Навори чап шудану оташ гирифтани як қатор дирӯз, 14-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид ва боиси таваҷҷуҳи корбарон гардид. Корбарон мегӯянд, қаторе, ки ҳомили сӯзишворӣ буд, дар наздикиҳои деҳаи Даҳанаи Ёвон чапа шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста