Рӯзи шанбе, 23-юми июн, дар Малайзия мусобиқоти Чемионати Осиё оид ба футбол миёни ҷавонон (U-22) оғоз мегардад.
Бино ба маълумоти котиби матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев, дар ин рӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон воҳурии аввалинашро бо дастаи Баҳрайн доир месозад.
«Дирӯз футболбозони дасаа таҳти роҳбарии сармураббӣ Камол Алиспахич дар варзишгоҳи «Ханг Ҷебат»-и шаҳри Малакка тамрин гузарониданд, - мегӯяд Ф,Солиев. – Сармураббӣ ба натиҷаи вохӯрии аввал таваҷҷуҳи хосса дорад, зеро ҳунарнамоии минбаъдаи даста дар мусобиқот ба ин вохӯрӣ вобастагии зиёд дорад».
Дар мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон 41 даста иштирок мекунад. Дар марҳилаи интихобӣ онҳо ба ҳафт гурӯҳ ҷудо шудаанд, ки ҳар як гурӯҳ аз 6 даста иборат аст. Танҳо дар гурӯҳи «D» панҷ даста иштирок мекунанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ва дастаи беҳтарини зинаи сеюм миёни гурӯҳҳо ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон роҳхат мегиранд. Мусобиқоти ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футбол миёни ҷавонон дар яке аз кишварҳое, ки дастааш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст, баргузор мешавад.
Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Малдив қувваозмойӣ мекунанд. Бозиҳои дигари дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои Малдив – 25-уми июн, бо Қувайт – 28-уми июн, бо Эрон – 1-уми июл ва бо Қатар – 3-юми июл баргузор мешаванд.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста