Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе, дар бозии панҷуми худ дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Имороти Муттаҳидаи Арабиро шикаст дод ва бо касби 3 (ҳамагӣ 10 имтиёз) имтиёз дар садри гуруҳи «А» қарор гирифт. Голи ягонаи ин бозиро Алишер Ҷалилов, капитани дастаи Истиқлол дар дақиқаҳои иловагӣ (90+6) ба ҳадаф расонид.
Ин бозӣ шаби 28-уми апрел дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Қисмати ҷолиб ва талошҳо барои пирӯзӣ дар қисмати дувуми дидор сурат гирифт. Хусусан дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов бо маҳорати вижае аз дастааш муҳофизат кард ва нагузошт бозингарони тими рақиб голе бизананд.
Дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ин севумин пирӯзии “Истиқлол” ҳисоб мешавад. Аз ин пештар бозиҳои ин даста дар гуруҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» мусовӣ (0:0), бо бошгоҳи АГМК-и Узбекистон (3:2) бо пирӯзӣ анҷомида буд. Дар даври севум “Истиқлол” аз “Ал-Ҳилол”-и Саудӣ 1:3 бохт шикаст хӯрда буд, ки дар даври чорум тавонист ин қаҳрамони чандинбораи AFC-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст диҳад.
Ҳоло "Истиқлол" бо касби 10 имтиёз дар садри гуруҳи "А" қарор дорад. Дастаи "Ал-Ҳилол"-и кишвари мизбон низ бо 10 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифтааст. "Ал-Ҳилол" ҳам шаби 28-уми апрел дастаи АГМК-и Олмалиқи Узбекистонро 3.0 шикаст дод. Дастаҳои “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” ва АГМК бо чоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севуму чорумро касб кардаанд.
Марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гуруҳи «А» то 30-юми апрел (бо вақти Душанбе то 1-уми май) идома хоҳад кард.
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 қаҳрамони Тоҷикистон - "Истиқлол" дар бозии охирини худ рӯзи ҷумъаи 30-юми апрел ( бо вақти Душанбе шаби 1-уми май) бори дувум бо бошгоҳи АГМК-и Узбекистон рақобат хоҳад кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста