Паҳлавони ҷудокори шинохтаи тоҷик, Сомон Маҳмадбеков, ки аз Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон дар "Мусобиқаи байналмилалии ҷудои ба номи Ҷигоро Коно" ширкат мекард, барандаи ҷоми ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кг гардид.
Сомон Маҳмадбеков дар ин сабқат бар ҳарифаш Казбек Нагучев аз Русия пирӯз шуда, ғолиби мутлақи ин мусобиқа гардид. Бояд гуфт, ки Казбек Нагучев ғолиби Қаҳрамонии Аврупо дар соли 2020 мебошад, ки аз Сомон шикаст хӯрд.
Сомон ягона паҳлавон аз Тоҷикистон ва Осиё аст, ки ба ин мусобиқа роҳ ёфт ва вориди майдон шуд.
Ин мусобиқа имрӯз, 3-сентябр дар шаҳри Владивостоки Русия таҳти сарпарастии Владимир Путин, раисҷумҳури ФР ва Ёсихидэ Суга, нахуствазири Ҷопон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқ (Восточный экономический форум) баргузор шуд.
Қаблан гуфта мешуд, ки дар баробари Сомон, ҳамчунин амакзодааш Маҳмадбек Маҳмадбеков низ дар ин мусобиқот ширкат ва Русияро намояндагӣ мекунад.
Ба иттилои расида, дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ варзишгарон дар ду даста 6 нафарӣ- тими мунтахаби Русия ва дастаи яккачини ҷаҳон бо ҳамдигар сабқат карданд. Сомон аз номи Тоҷикистон дар ҳайати дастаи яккачини ҷаҳон рақобат кард.
Гуфта мешавад, ки қаҳрамонони ҷаҳон, барандагони унвони Қаҳрамонии Аврупову Осиё, ғолибони Ҷомҳои ҷудо, инчунин барандагони унвонҳои қаҳрамонии "Тоскулоҳи бузург" (Гранд слам) дар риштаи ҷудо (миёни ҷавонони то 23-сола) дар солҳои 2019-2021 аз Тоҷикистону Туркия, Олмон, Нидерланду Фаронса ва Маҷористон (Венгрия) дар як дастаи воҳид муқобили дастаи мунтахаби Русия рақобат мекунанд.
Масъулин тарҳи варзишӣ мегӯянд, шиори сабқат "Роҳ ба Порис-2024" («Дорога в Париж-2024») - Олимпиадаи оянда мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст?
“Ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест". Идораи мусулмонҳои Қирғизистон гуфт, занон барои напӯшидани рӯйи худ гунаҳкор намешаванд
Бо номи ӯ зузанаб ва ситора сабт шуда аст. Светлана Герасименко, астрономи маъруфи Тоҷикистон аз дунё даргузашт
Тоҷикистону Қирғизистон шаҳодатномаи ронандагии ҳамдигарро эътироф карданд
“Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул” то куҷо ба ҳалли мушкили соҳаи шуғл мусоидат мекунад?
“Парасту-2025”. Дар Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ баргузор мешавад
Тоскулоҳи бузурги ҷудо-2025 дар Душанбе. Кай баргузор мешавад ва ин чӣ гуна мусобиқа аст?
Доналд Трамп гуфт, бо Эрон музокироти мустақим дорем. Аббос Ароқчӣ мегӯяд, мулоқот ғайримустақим аст
Рӯнамоии портали ягонаи давлатии EGOV.TJ дар Душанбе
Дар Рӯшон сангреза ба хонаи сокини маҳаллӣ зарар расонид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста