Федератсияи футболи Тоҷикистон дар хусуси даъвати ФИФА оид ба номгузории яке аз варзишгоҳҳо ба номи Пеле, шоҳи футболи ҷаҳон, гуфт, ки дар сурати дастрас кардани мактуби расмӣ, ин масъаларо баррасӣ мекунад.
Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар маросими дафни Пеле аз ҳама кишварҳои ҷаҳон ва аъзоёни ФИФА дархост кард, ки як варзишгоҳ ё иншооти футбол ба номи ӯ гузошта шавад.
“Пешниҳод мекунам, ки дар 211 иттиҳодияи аъзои ФИФА ҳадди аққал як варзишгоҳ ё иншооти футбол ба номи Пеле гузошта шавад”, - гуфт Ҷанни Инфантино.
Президенти ФИФА афзуд, ки майдони назди қароргоҳи худ дар Сюрихро “Эстадио Пеле” хоҳем гузошт ва ба дигарон намуна хоҳем шуд.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз ин пешниҳод хабар доранд, вале дар ин хусус расман муроҷиате нашудааст.
Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ ба “Азия-Плюс” гуфт, ин масъала дар маҷлиси навбатӣ баррасӣ хоҳад шуд.
“То ба ҳол аз ФИФА мактуби расмӣ дастрас нагардидааст ва Федератсияи футболи Тоҷикистон танҳо дар сурати мактуби расмӣ равон кардани ФИФА ин масъаларо баррасӣ мекунад”, - гуфт Фаридун Солиев.
Дар ин баробар, сухангӯи ФФТ афзуд, ки ҳама майдонҳои кишвар давлатӣ аст ва ба ниҳодҳои гуногуни давлатӣ вогузор шудааст.
“Федератсияи футболи Тоҷикистон дар назди худаш ягон майдон надорад ва дар бозиҳо ҳама майдонҳоро ба иҷора мегирад. Аммо агар ФИФА мактуби расмӣ фиристад, ин масъала ҳатман баррасӣ мешавад”, - таъкид кард Фаридун Солиев.
Эдсон Арантис ду Насименту, ситораи пешини тими миллии футболи Бразилия ва бошгоҳи Сантос, устураи футболи ҷаҳон, се карат қаҳрамони ҷаҳон ва шоҳи футбол дар қарни гузашта, ки бо номи Пеле шӯҳратёр гашта буд, 29-уми декабр, дар синни 82 солагӣ даргузашт.
Пеле 23-юми октябри соли 1940 дар шаҳри Трес-Корасойнси Бразилия таваллуд шудааст. Устоди аввалини ӯ падараш буд. Падари Пеле ҳам футболбоз буд, аммо бо сабаби ҷароҳат барвақт аз футболбозӣ дур шуд ва тамоми орзуҳои худро дар фарзанди худ меҷуст.
Мавсуф соли 1957 дар синни 16-солагӣ ба тими миллии футболи Бразилия даъват гардид ва аввалин бозии худро гузаронид. Ӯ дар тими миллӣ дар умум 15 сол ҳунарнамоӣ кард.
Ин устураи футбол дар соли 1978 ҷоизаи сулҳи байналмилалиро дарёфт кард ва дар сол 1980 тавассути нашрияи варзишии фаронсавии L’Equipe ба унвони варзишкори қарн муаррифӣ шуд.
Бояд гуфт, ки бештари коршиносон аз ӯ ба унвони беҳтарин бозикуни таърихи футбол ёд мекунанд ва соири ситораҳои футбол барои арзёбии мизони муваффақиятҳояшон бо Пеле муқоиса мешаванд.
Пеле мулаққаб ба «марвориди сиёҳ» буд ва пас аз ин қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия ба унвони як ганҷи миллӣ муаррифӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Пеле дар тамоми давраи футболи худ дар ҳайати даста 757 ва дар тими миллии Бразилия 77 гол задааст.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста