Як масъули шӯъбаи равобити хориҷии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки номи Криштиану Роналду дар феҳристи онҳое, ки дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” бояд ба Тоҷикистон оянд, мавҷуд аст.
“Дар миёни 80 нафаре, ки дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” бояд ба Тоҷикистон оянд, исми Криштиану Роналду низ ҳаст”, - гуфт масъули ФФТ.
Ба иттилои ин манбаъ феҳристи дақиқи онҳое, ки бояд ба Душанбе оянд дар охири ҳафтаи ҷорӣ муайян хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки то вохӯрии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” шаш рӯз боқӣ мондааст.
Дар ҳамин ҳол ФФТ хабар медиҳад, ки аз нисф зиёди чиптаҳои бозӣ аллакай фурӯхта шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, то имрӯз беш аз 10 ҳазор чипта фурӯхта шудааст.
Чиптаҳои бозӣ дар се категория пешниҳод карда шудаанд: якум – нишастгоҳҳои ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) нархаш 300 сомонӣ, нишастгоҳҳои боқимонда (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи як чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Арзиши чиптаҳои категорияи VIP 3000 сомониро ташкил медиҳад.
Чиптаҳо дар хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва дар мағозаи расмии “Истиқлол” – “Joma” ба фурӯш гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” рӯзи 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз мешавад.





Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста