Дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар баҳси медали тилло нагирифтани варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Париж-2024 сар зад.
Рӯзноманигорон аз масъулини кумита пурсиданд, ки ҳарфи ҷомеа дар мавриди он ки сабаби медали тилло нагирифтани варзишгарони кишвар набудани шароити тамрин ва иншоотҳои варзишӣ дар кишвар то куҷо дуруст аст.
Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ин иддаоро рад кард ва гуфт, дар кишвар махсусан дар пойтахт иншоотҳои варзишии ҷавобгӯй ба талаботи байналмиллалӣ мавҷуд аст.
“Ман ба ин чиз (набудани шароити тамрин ва иншоотҳои варзишӣ дар кишвар-муаллиф) розӣ шуда наметавонам. То замони Шӯравӣ дар кишвар ҳамагӣ 1500 инфрасохтори варзишӣ мавҷуд буд. Имрӯз дар кишвар 10 ҳазору 934 иншооти варзишӣ фаъолият доранд”, - гуфт Шокирзода.
Дар ҳамин ҳол, ӯ нагуфт, ки сабаби медали тилло нагирифтани варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж 2024 чист.
Ин масъули Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз баргузории чанд мусобиқаи байналмиллаӣ дар пойтахти кишвар мисол оварда, изҳор дошт, ки “ин ҳама гувоҳ аст ки иншоотҳои варзишии мо ба талаботи байналмиллалӣ ҷавобгӯ ҳастанд”.
“Барои ба даст овардани медали бозиҳои олимпӣ имрӯз 10 ҳазору 500 варзишгар аз 206 давлати дунё барои ба даст овардани 329 номгӯи медалҳо аз рӯйи 45 намуди варзиш мубориза мебаранд. Дилхоҳ медал, биринҷӣ ё нуқра ва ё тилло барои мо медал аст. Яъне ба даст овардани медали биринҷӣ дар Бозиҳои олимпӣ ин кори саҳлу осон нест”, - таъкид кард Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Ёдрас мекунем, ки 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз Тоҷикистон 14 варзишгар иштирок карданд ва се нафари онҳо - Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев соҳиби медали биринҷӣ шуданд.
Ҳамчунин, 9 варзишгари дигари тоҷик мағлуб гардида, аз медалҳои Олимпиадаи Порис бенасиб гаштанд. Ду намояндаи охирини Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ - Виктор Рассадин дар риштаи куштии озод дар вазни то 74 кг ва Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо дар вазни беш аз 67 кг рӯзҳои 9 ва 10-уми август аввалин рақобатҳои худро доир менамоянд.
Бояд гуфт, ки ба ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж - 2024 президенти Тоҷикистон аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз 10 то 20 ҳазор доллар ва шаҳрдории Душанбе хонаи истиқоматӣ медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки ин мукофот барои баланд бардоштани рӯҳияи варзишгарони тоҷик аст то дар Бозиҳои олимпӣ медал ба даст оранд.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз соли 1996 мекунанд ва то имрӯз 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тиллои варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои тобистонаи олимпиро Дилшод Назаров аз намуди варзиши гурзпартоӣ соли 2016 аз олимпидаи Рио-де-Женейро ба даст овардааст.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста