Имрӯз солрӯзи Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва роҳбари хушноми Иттифоқи нависандагони кишвар аст. Мавсуфро дар адабиёти навини тоҷик аз ҷумлаи устодони барҷаста зикр мекунанд, ки дар эҷоди шеър таҳаввулоти навро ба миён овард ва тавонист шеъри тоҷикро ба роҳи комилан ҷадид ҳидоят намояд.

Дар тарбияи истеъдодҳои нав, аз он ҷумла ба майдон баромадани Муъмин Қаноату Лоиқ Шераливу Бозор Собир ва Гулрухсори Сафӣ саҳми бориз гузошт ва дар заминаи он адабиёти муосири тоҷик ба марҳилаи рушду авҷу нумӯ расид.

Ин матлаб, ки дар он адабиётшиносон перомуни шахсияти Турсунзода, нақши ӯ дар тарбияти насли нави адабиёт ва таҳаввулот дар фазои адаби ниҳодаш ҳарф зада буданд ва он се соли пеш дар пойгоҳи Nuqta.tj интишор гашта буд, ба муносибати рӯзи мавлуди шоири шаҳир бознашр мегардад.

 

Барҷастатарин шоирони муосир ва барӯмандтарин шахсият

Мирзо Турсунзода бо он ки дар оилаи устои чирадаст ба дунё омад, дар заминаи талошҳои беш ба сӯи илму адаб равона гардид ва дар муддати кӯтоҳ роҳу сабку услуби хешро пайдо намуда, дар айёми ҷавонӣ чун шоире умедбахш шинохта шуд. Имрӯз ӯро устоди савуми адабиёти муосири тоҷик муаррифӣ мекунанд.

Адабиётшиносони тоҷик мегӯянд, Мирзо Турсунзода, дар баробари он ки худ ба адабиёт пардохт, дар тарбияи як насли бузурги шоирону нависандагони тоҷик, сар аз Ғаффор Мирзо, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев то Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Лоиқу Бозор ва Гулназару Гулрухсор, ки ҳар кадоме ба шарофати устод Мирзо Турсунзода ба воя расиданду шоирони маъруф гаштанд ва мактабу роҳу самту сабки хешро пайдо намуданд, саҳми бориз гузошт.


Адабиётшиносони хориҷи кишвар ҳам иброз медоранд, ки Мирзо Турсунзода дар адабиёт баъд аз устод Айнӣ ва Лоҳутӣ қадам гузоштанд ва саввумин шаҳсутуни адабиёти навини тоҷик муқаррар гаштанд.

Қайсин Қулуев, яке аз шоирони маъруфи даврони Шӯравӣ менависад, “агар аз Турсунзода танҳо “Ҷони ширин” боқӣ монад, кифоякунанда аст, то ӯро шоири бузурги муосир шиносем ва эътирофаш бикунем”.

Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси маъруфи тоҷик дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки “шеъри даврони нави тоҷик бо “Марши ҳуррият” устод Айнӣ оғоз ёфт ва он кас аввалин поягузори ашъори навин буданд. Баъдан устод Лоҳутӣ ба Шӯравӣ омаданду шеъри тоҷикро такони нав бахшиданд. Дар солҳои 20-30-юм Пайрав Сулаймонӣ барои ҷони тоза бахшидани шеър хеле кӯшиш намуд”.

Ин адабиётшинос меафзояд, “аммо устод Айнӣ дар андак муддат ба самти наср пардохтанд; чун Иттифоқи нависандагон СССР таъсис шуду устод Лоҳутӣ котиби он таъйин гардиданд, он кас низ ба Маскав рафтанд; Пайрав Сулаймонӣ дар айёми авҷи эҷод дар соли 1933 аз олами фонӣ реҳлат бастанд ва дар шеъри тоҷик дигар Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Саъдулло Рабиӣ ва чанде дигар монданд, ки дар пайравии сабку қолаби адабиёти классикӣ эҷодиёти худро равона мекарданд”.

“Танҳо дар солҳои 30-юм ду нафар - Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзода боқӣ монда буданд, ки шеъри тоҷикиро ба роҳи ҷадид ҳидоят мекарданд. Ҳатто дар ҳамон манзари солҳои 30-юм шеъру достонҳои Турсунзода аз тамоми ашъори шоирони мо ба куллӣ фарқ мекард”, - мегӯяд адабиётшинос.

Абдуманнонов меафзояд, дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ низ шеърҳои устод Турсунзода комилан тасвиру оҳанги дигар дошт ва ҳатто шеърҳои ватандӯстонаи ӯ “Хайр, модари азиз!”, “Хотираи капитан”, “Сарчашмаи мардонагӣ”, “Баҳодури тоҷик” ва “Фарзанди ту меояд” такондиҳандаи рӯҳияи сарбозони Ватан гардида буд.

Ӯ таъкид мекунад, агар достони “Писари Ватан”-ро дар солҳои ҷанг ном бибарем, бузургтарин асари манзуми ин давр аст”.

Ба қавли адабиётшинос, баъди ба сарварии Иттифоқи нависандагон омадани устод Турсунзода дар соли 1946, фаъолияти эҷодии ӯ боз густурда гардид.

“Аз он ҷумла, асари “Ҳасани аробакаш” бори як романи манзуми даврони Шӯравиро мекашад, ки инъикоскунандаи фазову вақту манзараи ҳамон солҳо буду ҳаст”, - иброз медорад Абдуманнонов.

Ба ин хотир, ин адабиётшинос таъкид мекунад, ки Мирзо Турсунзода аз барҷастатарин шоирони муосир ва аз барӯмандтарин шахсиятҳои адабии ҳавзаи адабии шӯравӣ маҳсуб мешавад.

Абдураҳмон Абдуманнонов
Акс аз муаллиф

 

Агар Турсунзода намебуд...

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик мегӯяд, “банда ҳамсабақ ва дӯсти наздики устод Лоиқ ҳастам ва хуб огоҳам, ки баъзе аз шоирону нависандагони мо бо он ғаразе, ки доштанд, ба Кумитаи марказиву Кумитаи амният чӣ шикоятномаву тӯҳматномаҳое чун “ҷурмҳои бузурги сиёсӣ дар шеъру зиндагӣ”, “миллатгароӣ”-ву “бадахлоқӣ” ва ину они дигар бар зидди он кас навишта буданд.

“Бо ин ҳама худи устод Лоиқ борҳо гуфтанду навиштанду ёд намуданд, ки “агар Турсунзода намебуд, Лоиқ ҳам набуд. Инчунин, метавон гуфт, ки агар Турсунзода намебуданд, гумон аст, ки мо Мӯъмин Қаноату Бозору Гулрухсор барин шоирони баркамол медоштем”, - таъкид мекунад Сатторзода.

Ӯ меафзояд, “Турсунзода гарчанде раиси ниҳоди адабиву эҷодии Иттифоқи нависандагон буданд, аммо, фикр мекунам, нақшу вазн ва мавқеъву шӯҳрати устод аз бархе раҳбарони аввали Тоҷикистон болотар буд. Ҳатто Лоиқ ҷое мегӯянд, “Турсунзода алоҳида як Тоҷикистон буданд”.

 

Танқидпазирии Турсунзода

Абдунабӣ Сатторзода, ки бо Мирзо Турсунзода солҳо дар Иттифоқи нависандагон фаъолият кардааст, мегӯяд, замони фаъолияти шоир марҳилаи такомули адабиёти кунунии тоҷик буд ва шогирдони мавсуф дар заминаи роҳи устод онро ба ҷои лозима расониданд.

Сатторзода нақл мекунад, “соле, ки “Куллиёт”-и устод ба нашр расид, “Кайдҳо дар ҳошияи “Куллиёт”-и устод Мирзо Турсунзода” ном мақолаи муфассале дар “Садои Шарқ” навишта, аз “Байроқи зафар” то охирин шеъру сурудҳои устодро ба таҳлил кашидам, ки дар моваро нишон медод, Турсунзода чӣ гуна аз сурудҳои аввал то имрӯз зина ба зина ба сӯи касбияти волои адабӣ рафтаанд”.

Ӯ дар идома мегӯяд, “он замон ман ҳудуди 33 сол доштаму Мирзо Турсунзода шоире маъруф ва ҷаҳоншинос буданд. Аммо бузургии эшон дар он буд, ки бар назари то ҳадде интиқодии камина диди нек доштанд ва ҳатто дар яке аз плениюмҳои Иттифоқи нависандагон дар байни ҳамаи шоирону нависандагон маро аз ҷумлаи беҳтарин мунаққидони адабиёт ном бурданд”.

Абдунабӣ Сатторзода
Акс аз муаллиф

“Ин ҳама дар ҳоле буд, ки аз шоирони бемақому беунвони мо сухани интиқодӣ гуфтан душвор буд ва ҳеҷ кадоме интиқодро қабул надошт, ҳол он ки Турсунзода мавқеи хешро дар адабиёту иҷтимоъ барвақт пайдо намуда буд, боз ба ҳарф-ҳарфи мо диққат медоданд”, - бо табассум ёдовар мешавад Абдунабӣ Сатторзода.

Сатторзода афсус мехӯрад, ки баъди сари он кас на шоире дар ҳадди эшон пайдо шуд ва на сарваре хоксору истеъдодпарвар ба Иттифоқи нависандагон.

 

“Устод”-и Мирзо Турсунзода

Профессор Иброҳим Усмонов, таърихнигори кишвар низ дар суҳбат бо мо аз диду водидҳояш бо Мирзо Турсунзода чунин ёд овард: “Вақте дар курси панҷум таҳсил мекардам, дар телевизиони тоҷик “Мушоира” ном барномае доштам, ки дар он маъмулан шоирон иштирок мекарданд. Рӯзе ба кор омадам, гуфтанд, туро муҳаррир суроғ дорад. Чун назди Шодӣ Саидов, муҳаррири вақт даромадам, дидам муаллим Турсунзода ҳам он ҷо нишастаанд.

Баробари ворид шуданам гуфтанд, “ана, ҳамин бача, худи ҳамин бача!”. Ҳайрон шудам, ки Турсунзода чаро маро ин гуна, ба таъкид ишора мекунанд? Баъди салому аҳволпурсии кӯтоҳ он кас пурсиданд:

- Шумо филолог?

- Не, ман журналист, - гуфтам ман.

- Хайр, ҳар ду якест.

Боз пурсиданд:

- Мо дар адабиёти классикӣ чанд устод дорем?

- Як то, - гуфтам ва ба пурсиши “кӣ?”, гуфтам, - Рӯдакӣ.

- Дуруст!, - таъйид карданд ва пурсиданд, - дар адабиёти советӣ чанд устод дорем?

- Се то: устод Айнӣ, устод Лоҳутӣ ва Шумо.

- Ду нафари аввал дуруст, - гуфтанд Турсунзода, - вале камина дар қайди шубҳа ҳастам. Лекин бигӯед, ки Шумо ҳамаи устодонро медонед, пас чаро дар барномаи дишаб фалонӣ шоирро “устод” садо задед?

- Дар оғоз номашро гирифтам, - баъди мулоҳизае посух додам ман, - сипас номи падарашро, ба муроҷиати дигар “муаллим” садо кардам, як маром такрор шуд ва дурӣ аз такрор гузинаи “устод”-ро истифода намудам.

- Агар миллион маротиба такрор шавад ҳам, - таъкид карданд Турсунзода, - вожаи “устод”-ро ба ҳар кас истифода набаред, чун ин вожаи сарироҳӣ нест ва бояд ба шахси арзишманд ва ҳақиқатан воло истифода шавад!

Ин хотирмон лаҳзае буд аз дидори Мирзо Турсунзода ва нахустин пандашон, ки ман то кунун риоят мекунам”, - мегӯяд профессор Усмонов.

Иброҳим Усмонов
Акс аз бойгонии И.Усмонов

Иброҳим Усмонов меафзояд, дар Тоҷикистони мо ба сабаби он ки зиёиёни зиёд дар солҳои 80-уми қарни ХХ барои кор ба Афғонистон рафтанд, истифодаи вожаи “устод” дар ҳар маврид ба мо “интиқол” ёфт ва ин вожа оддӣ шуда рафт. Аз ин пеш ҳеҷ касро устод садо намезаданд.

“Ҳатто бузургтарин муаллимони Университет (манзур - ДМТ) - муаллим Шарифҷон Ҳусейнзода, Дадаҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ ва дигаронро мо “домулло” мегуфтем, дар мо, мутаассифона, имрӯз боғбонро ҳам устод садо мезананд. Бисёр мехостам, маслиҳати устоди бузурги сухан - Мирзо Турсунзода дар кишвари мо низ риоя шавад ва қадрашро ҳамеша дар хотир дошта бошем”, - мегӯяд профессор Иброҳим Усмонов.

 

Видои пурмуҳаббат, вале дунвор бо Турсунзода

Рӯзи 24-уми сентябр соли 1977 - рӯзи марги Мирзо Турсунзодаро зиёиёни тоҷик “рӯзи нохушу сахти умр” ва реҳлати шоирро “мусибати ҷуброннопазир барои миллат” ном мениҳанд.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, “ҳамон шабу рӯз мо ба ҳафтаи адабиёт дар Душанбе омодагӣ медидем ва меҳмонони зиёде аз ҳар гӯшаву канори олам омада буданд, то дар конфронс иштирок варзанд. Аммо, мутаассифона, чанде пеш устоди шаҳир аз байн рахти сафар бастанду дигар фараҳе дар чорабинӣ намонд”.

“Ин мусибати хеле вазнин буд ва дидае намонда буд, ки нагириста бошад. Ба як андӯҳи вазнине қадамзанон, то сари марқади устод ба Оромгоҳи Лучоб раҳсипор будем...”, - бо рӯҳи маҳзун мегӯяд Сатторзода.

Ӯ меафзояд, “дар таърихи миллату давлатдории мо то кунун нафароне пайдо нашудаанд, ки мисли устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Турсунзода барои фарҳангу адабиёти тоҷик хидмат карда бошанд”.

Профессор Иброҳим Усмонов ин рӯзро чунин ба хотир овард: мо дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (имрӯза “Ҷумҳурият”) навбатдор будем. Тахминан, соатҳои  22:00 - 22:30 ҳамкорамон Абдуҳаким Шукуров мушаввашона гуфтанд, ман як хабари нохуш шунидам, меравам, то пурра аз он огаҳ шавам ва дақиқияташро собит кунам, бармегардам.


Пас аз соате омаданду гуфтанд: - Гап рост будааст, - ва сукуте карданду афзуданд, - муаллим Турсунзода вафот карданд...

“Мо шабона кори газетаро ба итмом расонида, дар зер имзо гузоштем ва соатҳои 1 ба 2-и нисфишаб ба хонаи устод рафтем. Аллакай, хеле одами зиёд ҷамъ омада буд. Пагоҳ маросими видоъ бо шоири сулҳпарвар ва аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёту фарҳанг дар назди бинои театри Опера ва балети ба номи устод Айнӣ сурат гирифт, ки халқи азиме ҷамъ омаданд. Ба сӯи колбади устод тамоман наздик шуда наметавонистем. Ҳатто нафароне, ки ба наздикии тобут равон шуданд, бо убури китф бар китф лат хӯрданду захмӣ ҳам гардиданд. Ин нишонаи муҳаббати беандозаи халқ ба шоир буд”, - ёд меорад профессор Усмонов.

Ӯ меафзояд, “аммо ин вазъ бар эҷоди мақолаи “Мо то кунун одоби мурдагӯркарданро наёмӯхтаем” гардид, ки дафни устод ба митинг мубаддал гардид”.

 

Мавқеи бузургу пинҳони Турсунзода

Профессор Иброҳим Усмонов мепиндорад, ки тоҷикон миллати адабиётдӯст ҳастанд, вале ин ҳама танҳо дар сухан аст, на дар амал.

Ба қавли Усмонов, “бузургии Турсунзодаро давлати Шӯравӣ донист, қадр кард ва баландтарин унвонҳои мамлакатро эҳдояш намуд: Турсунзода дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буданд; Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқоро ба ӯҳда доштанд; барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру; академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва аз нахустин сазоворони унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон.


Ӯ дар идома меафзояд, “адиби хеле варзидаву бузург, ки шоирону нависандагони Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон ва дигар мамолики осиёиву африкоӣ ба ӯ чун шахсияти барҷастаи адабиёт ва инсони нерӯманду сулҳпарвар рӯ меоварданду эҳтиромаш мекарданд”.

“Лекин адабиётшиносии мо то кунун натавонистааст ҳамин мавқеи бузургро баръалову барҷаста нишон диҳад”, - мегӯяд Усмонов.

Мавсуф умед дорад, дар байни насли навин шахсоне пайдо мешаванд, ки бузургони моро ба таври пурра ва комил бар халқи олам муаррифӣ менамоянду номи эшонро бузург медоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.