Имрӯз академик ва муаррихи тоҷик Аҳрор Мухторов 100-сола шуд. Ӯ аз муаррихони шинохта ва боҷасорати тоҷик маҳсуб меёбад ва корномаи рангин дорад. Ба муносибати мавлуди мавсуф мо ба зиндагонӣ, эҷод ва муҳимтарин корҳои анҷомдодаи академик Аҳрор Мухторов нигоҳе андохтем ва ҳамзамон аз муаррихон пурсидем, ки муҳимтарин хидматҳои ӯ кадомҳо буданд.

 

Роҳи пурпечутоби Аҳрор Мухторов

Аҳрор Мухторов 5-уми ноябри соли 1924 дар шаҳри Истаравшан (собиқ Уротеппа) чашм ба олам боз кардааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ, соли 1939 ба факултаи коргари Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе қадам ниҳод. Ин оғози роҳи пурмашаққат, вале пурифтихори ӯ дар ҷодаи илм буд. Аммо тақдир барои ӯ роҳи дигареро низ муқаррар карда буд.

Соли 1942, дар авҷи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Аҳрор Мухторов мисли ҳазорон ҷавонони ҳамсолаш ихтиёран ба майдони набард рафт. Дар ҷабҳаҳои ҷанг ӯ на танҳо ҷасорат, балки матонат ва рӯҳи шикастнопазири худро нишон дод. Иштирок дар озодкунии Прага, мубориза бар зидди фашизм - ин ҳама дар шахсияти ӯ нақши амиқ гузошт.

 

Бозгашт ба олами илм ва кашфиётҳои бузург

Пас аз анҷоми ҷанг ва бозгашт ба Ватан, Мухторов бо иродаи қавӣ ба идомаи таҳсил пардохт. Дар ин давра шавқи ӯ ба таърих боз ҳам қавитар гардид. Шояд таҷрибаи ҷангӣ ба ӯ нишон дод, ки чӣ қадар муҳим аст гузаштаро омӯхт, то ояндаро беҳтар сохт.


Фаъолияти илмии Аҳрор Мухторов чун як дарёи пурхурӯш буд, ки ҳар шохобаш ба самте равона мешуд. Ӯ нахустин муаррихи тоҷик буд, ки ба омӯзиши катибаҳои таърихӣ даст зад - кори басо мушкил, вале муҳим барои дарки таърихи миллат.

Дар ҳар сафари илмӣ, дар ҳар экспедитсия Мухторов чун ганҷҷӯи моҳир ҳуҷҷатҳои нодир, катибаҳои қадима ва дастхатҳои куҳанро ҷустуҷӯ мекард. Ӯ дар вайронаҳои қалъаҳои қадим, дар масҷидҳои куҳан, дар ҳар ҷое ки нишоне аз таърих буд, соатҳо кор мекард.

Таҳқиқоти Мухторов доираи васеъро фаро мегирифт. Ӯ на танҳо катибаҳо, балки васиқаҳо, хитобаҳо, шоҳидномаҳо, айбномаҳо ва ҳукмномаҳои таърихиро низ мавриди омӯзиш қарор медод. Ҳар санади ёфташуда барои ӯ чун гавҳари ноёб буд, ки метавонист гӯшае аз таърихи халқашро равшан созад.

 

Бузургтарин хидмати Мухторов кадом аст?​​​​​​​

Муаррихону муҳаққиқон ҳам нахустин шуда ба омӯзиши катибаҳои таърихӣ даст задани академик Аҳрор Мухторовро таъкид мекунанд ва ин қисми осори мавсуфро васф менамоянд.

Сайфуллоҳи Муллоҷон

Профессор Сайфуллоҳи Муллоҷон, муаррихи шинохтаи тоҷик, мегӯяд, ки дар чор самт хидмати Аҳрор Мухторов барҷаста аст.

Якум, дар таҳқиқи таърихи се минтақаи Тоҷикистон - Истаравшан, Ҳисор ва болооби Зарафшон.

Дувум, мавсуф катибашиноси маъруфи Тоҷикистон буда, бештар аз ҳама осори эпиграфии ҳудуди Тоҷикистонро омӯхтааст.

Савум, беҳтарин муҳаққиқи таърихи асрҳои XVI-XIX-и Осиёи Миёна буда, фаслҳои марбут ба ин давраи китоби таърихи халқи тоҷикро таълиф кардааст.

Чорум, дар бораи шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик, аз ҷумла Дилшоди Барно, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Афшин ва Бобоҷон Ғафуров китоб навиштааст.

Профессор Турсунмурод Турсунов, муаррихи дигари тоҷик ва устоди ДМТ, низ мегӯяд, ки мақом ва нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик хеле бузург аст.

Ба гуфтаи ӯ, 8 сафари илмии академик ба Ҳиндустон ва таҳқиқи сарчашмаҳои нодири таърихиву адабӣ доир ба таърихи тамаддуни халқи тоҷик дар ганҷинаҳои ин сарзамин қобили таваҷҷӯҳ аст.

“Сафарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов ба Ҳиндустон ва омӯхтану таҳқиқи осори ниёгонамон, бахусус китобҳои қаламии дар он ҷо маҳфузбуда моро бо осори бою рангини аҷдодамон ошно карда, дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши мондагор дорад”, - гуфт профессор Турсунов.

Ба гуфтаи дигар муҳаққиқон, муҳимтарин дастоварди ӯ кашфи ҳуҷҷатҳое буд, ки ба шӯришҳои халқӣ дар Самарқанд (1469), Бухоро (1810) ва шӯриши Восеъ (1887) равшанӣ андохтанд. Ин кашфиётҳо имкон доданд, ки таърихи муборизаҳои озодихоҳии халқи тоҷик аз нав навишта шавад.

Ғайр аз ин, доманаи пажӯҳишҳои Мухторов аз Бойсун то Файзобод тӯл мекашид. Ӯ таърихи шаҳрҳои бостонии Осиёи Миёна - Ҳирот, Қандаҳор, Ғазна, Кобул, Ҷалолобод, Лашкаргоҳ, Балх ва дигар марказҳои тамаддуни қадимро мавриди омӯзиши амиқ қарор додааст. Ҳар як асари ӯ дар бораи ин шаҳрҳо чун пулест байни гузаштаву имрӯза.

 

Турсунмурод Турсунов

Эътирофи ҷаҳонӣ​​​​​​​

Заҳматҳои Аҳрор Мухторов дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф гардиданд. Соли 1994 Институти библиографии Амрико номи ӯро ба феҳристи “500 шахсияти машҳури ҷаҳон” дохил кард. Соли 1995 бошад, ҳамин институт ӯро “Одами сол” эълон намуд.

Асарҳои илмии академик Мухторов дар нашрияӽои мамолики ҷаҳон – ИМА, Англия, Олмон, Русия, Италия, Эстония, Чехия, Исроил, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба табъ расида, шӯҳрати илми таърихи миллатро бардоштанд.

Соли 1980 узвияти ӯ ба Ассотсиатсияи илмии байналхалқии “Корпуси навиштаҷоти эронзабон” дар Лондон гувоҳи эътирофи ҷаҳонии хидматҳои илмии ӯ гардид.

 

Осорхонаи Аҳрор Мухторов дар шаҳри Истаравшан

Мактаби илмӣ ва мероси Мухторов​​​​​​​

Академик Аҳрор Мухторов дар ҳамкорӣ бо олимони барҷастаи замон - Бобоҷон Ғафуров, Баҳодур Искандаров, Александр Семенов, Абдулғанӣ Мирзоев ва дигарон кор кард ва аз таҷрибаи онҳо баҳра бурд.

Худи ӯ низ устоди меҳрубон ва роҳнамои ҷавонон буд. Даҳҳо шогирдони ӯ имрӯз дар соҳаи таърихшиносӣ кор мекунанд ва анъанаҳои илмии устодро идома медиҳанд.

Барои нигаҳдории мероси академик Аҳрор Мухторов дар зодгоҳаш – Истаравшан Осорхонаи таърихӣ бино шудааст ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳама китобҳои муаллифро ҷамъ оварда, гӯшаи захиравии академикро ташкил намудааст.

Ҳоло ба муносибати 100-солагии Аҳрор Мухторов дар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои кишвар конфронсу чорабиниҳо баргузор гардида истодааст ва дар ин доира аллакай маҷмӯаи мақолаҳо перомуни мавсуф ба табъ расидаанд.

 


Умрашро барои кашфи ҳақиқатҳои таърихӣ бахшид​​​​​​​

Соли 2007 дар 83-солагӣ, пас аз бемории тӯлонӣ, Аҳрор Мухторов дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи Лучоб, дар назди олимону фарҳангиён, ба хок супурданд.

Аммо мероси илмии ӯ зинда аст. Асарҳо, кашфиётҳо ва дастовардҳои илмии ӯ имрӯз низ барои муҳаққиқони ҷавон чун чароғи роҳнамо хидмат мекунанд. Номи Аҳрор Мухторов - ин олими ҷасур, ватандӯст ва инсони наҷиб - дар таърихи илми тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Имрӯз, дар садумин солгарди зодрӯзи ӯ, мо на танҳо корномаи илмии ин абармардро пос медорем, балки аз зиндагии пурбораш барои наслҳои оянда сабақ мегирем.

Аҳрор Мухторов намоди олими ҳақиқӣ буд, ки тамоми умри хешро ба хидмати илму маърифат ва кашфи ҳақиқатҳои таърихӣ бахшид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.