Намояндаи Чин дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз ҳукумати Толибон* хост, ки дар мавриди кушта шудани шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон “таҳқиқоти ҷиддӣ” анҷом диҳад.
Фу Кунг, намояндаи ин кишвар дирӯз, 10-уми декабр дар нишасти Шӯрои амнияти СММ дар бораи вазъияти Афғонистон, ки дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор шуд, куштори шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро маҳкум кард.
Фу Кунг, ҳамчунин, аз Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон хост, ки идораи марзҳои худро тақвият диҳанд.
Намояндаи Чин дар идома гуфт, кишвараш омода аст, бо кишварҳои минтақа барои истифодаи беҳтар аз созукор (механизм)-ҳои ҳамоҳангсозӣ барои таъмини амният ва суботи минтақа ҳамкорӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз, ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки Фаррух Ҳамрализода, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Го Ҷитсзюн, сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Ин мулоқот рӯзи 10-уми декабр баргузор шуда, ба иттилои ин ниҳод, "зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Чин ва дурнамои рушди ҳамкориҳо табодули афкор карданд".
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дар пайи ду ҳамла ба ноҳияҳои наздимарзии кишвар, ки рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз хоки Афғонистон сурат гирифтанд, 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.
Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд.
ВКХ-и ҳукумати Толибон дар вокуниши худ ба ин ҳамлаҳо гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор ва дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.
Дар ҳамин ҳол, Сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш хост, ки аз минатқаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд ва аз Тоҷикистон талаб кард, ки барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад.
Дар пайи ин, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷи ҳукумати Толибон суҳбати телефонӣ карда, масъалаи таҳқиқи муштараки ҳамлаҳо ва тақвияти амнияти марз бо Афғонистонро баррасӣ кардааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста