ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 ДЕКАБР

Соли 1973 – Бонки исломии рушд таъсис ёфт.

Соли 1998 – Дар Тоҷикистон аввалин ширкати интернетрасон ба кор даромад.

Соли 2009 – Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати сешаҳрванди Тоҷикистон, ки дар урдугоҳҳои тамринӣ дар Вазиристони Покистон аз давраҳои омӯзишии махсуси диверсионӣ гузаштаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Соли 2015 – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати панҷум пас аз суханрониҳо ва баррасии пурра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро ҷонибдорӣ намуд.

Соли 2019 – Дар натиҷаи низои навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 10 нафар аз ду ҷониб осеб диданд.

Соли 2019 – Бозори “Ҷал-Ҷам” тахриб карда шуд.

Соли 2020 – Маълум гардид, ки Ҷамшед Зиёев, собиқ раиси “Тоҷпромбанк” ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудааст.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1923 – Зодрӯзи профессор Низом Нурҷонов, доктори улуми фарҳангшиносӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон,

Низом Нурҷонов олим, санъатшинос, театршинос соли 1923 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Айни балоғати ӯ ба даврони Ҷанги бузурги ватанӣ рост омад ва ӯ ба ҷанг рафта, баъди бозгашт дар Донишкадаи давлатии педагогии Шевченко таҳсил намуд ва ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт.

Нозим Нурҷонов

Ӯ асосгузори шуъбаи таърихи санъат дар Академияи улуми кишвар аст. Ӯ дар самти таҳқиқи санъат корҳои бузург анҷом дода, рисолаҳояшро дар риштаи “Таърихи театри шӯравии тоҷик” (солҳои 1917-1941) ва “Театри мардумии тоҷик: бар асоси маводи вилоят Кӯлоб” ҳимоя кард.

Низом Нурҷонов 18-уми марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе баъди бемории тӯлонӣ дар синнни 93-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1932 – Мавлуди Қутбӣ Киром, Шоири халқии Тоҷикистон

Қутбӣ Киром шоир ва тарҷумони маъруфи тоҷик буда, соли 1932 дар ноҳияи Айнӣ по ба олами ҳастӣ ниҳод. Ӯ хатмкардаи риштаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аст. Шеъри аввалинаш соли 1957 дар журнали “Шарқи Сурх” чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш бо унвони “Парвози меҳр” соли 1963 интишор ёфт.

Қутбӣ Киром

Баъдан ашъори дигари дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои “Бӯйи нон”, “Илҳом”, “Рези кӯҳсор”, “Остони баланд”, “Хоки пайвандӣ”, “Камон”, “Дафтари Порис” ва қиссаи “Қатли Туғрал”, драмаҳои “Тори муҳаббат” ва “Тири маломат”, филмномаҳои “Бӯйи нон”, “Чор тан дар пайроҳа”, “Антон” мебошад.

Ӯ  ашъори В. Шекспир, А.Блок, А.Мискевич, М.Лермонтов, Н.Некрасов, Л.Украинка, Ф. А. Файз, М.Карим, С.Вурғун, В.Костров ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума ва баргардон кардааст.

Соли 1961 – Зодрӯзи Зафар Сайидзода, сармушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ

Соли 2020 – Ҳисорӣ Ҷӯраев, олими химики тоҷик аз олам даргузашт.

Ҳисорӣ Ҷӯраев фарзанди овозхони шинохтаи тоҷик Акашариф Ҷӯраев 18-уми декабр бар асари беморие дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ фарзанди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон буд. Ҳисорӣ Ҷӯраев номзади илмҳои химия буд ва то дами марг дар Пажуҳишгоҳи илмиву таҳқиқотии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба сифати мудири Озмоишгоҳи назорати амнияти маҳсулоти хӯрокӣ ва маводи хоми ғизоӣ кор мекард. Ӯ ҳамчунин мушовири Пажӯҳишгоҳи дорусозии вазорати тандурустӣ низ буд.

Ҳисорӣ Шарифов ба унвони фарзанди овозхони пуровозаи тоҷик Акашариф Ҷӯраев, ки Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи ӯст, овозхонӣ низ мекард.

18-уми декабр Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон ҷашн гирифта мешавад.


Ин рӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон бо далели ҳимоя ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон ҷашн гирифта мешавад.

Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ 10-12% - и шумораи умумӣ (тақрибан 8,4 миллион) ва 20-25%-и шумораи аҳолии қобили меҳнат (аз 18 то 40-сола)-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Сол аз соли вазъи онҳо дар ин кишвар бад шуда, зери таъқибу фишори маоқмқоти Русия қарор мегиранд. Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, ки тақсимбандӣ ё дверфикатсияи муҳоҷиронро ба дигар кишварҳо, махсусан Корея, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои арабӣ ва аврупоӣ ба роҳ монанд.

Имрӯз дар Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи забони арабӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли 1973 дар ҳамин сана Ассамблеяи Генералии СММ забони арабиро ба қатори забонҳои расмӣ ва кории СММ дохил кард. Шумораи одамоне, ки бо забони арабӣ ва гунаҳои он ҳарф мезананд, тақрибан 300 миллион нафарро ташкил медиҳад.

158 сол пеш дар ин сана ба Конститутсияи ИМА барои бекор кардани ғуломдорӣ ислоҳот ворид гардид. Ин тағйирот ба тиҷорати ғулом дар кишвар зарбаи ниҳоӣ зад. Ин муқарраротро чоряк ҳиссаи иёлоти ИМА тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки на ғуломӣ ва на ягон шакли дигари маҷбурии кор дар ИМА минбаъд иҷозат дода намешавад.


Аммо тиҷорати ғулом дар қитъаи Амрико то охири асри XIX идома ёфт. Ин равиш соли 1886 дар Куба ва соли 1888 дар Бразилия манъ гардид. Конвенсия дар бораи манъи пурраи ғуломдорӣ ва савдои ғулом танҳо соли 1926 аз ҷониби Лигаи миллатҳо қабул карда шуд.

18 декабри соли 1994 дар Фаронса нигористон (галерея)-и ғорҳои Шове бо сангнавиштаҳои беназир кашф карда шуд. Спелеологи машҳури фаронсавӣ Жан-Мари Шове ва ду ёвари ӯ зиёда аз сесад акси ҳайвонотро пайдо карданд, ки баъзе аз онҳо таърихи 30-33 ҳазор сола доштанд.

Он соли 1995 ба Феҳристи ёдгориҳои таърихии Фаронса ва соли 2014 ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

 

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 0-5º сард    

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 5+10º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7º сард, рӯзона 1+6º гарм

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 7-9º сард,  рӯзона -2+3º


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва танҳо рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришоти сусти борон ва барф пешгӯӣ мешавад.

Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24º сард, дар баъзе минтақаҳо то 32-34º сард, рӯзона 6-11º сард

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 7+9º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 3+5º гарм

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 7+9º гарм

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона 0-2º сард

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.