ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 21 ДЕКАБР

Соли 1934 – Аввалин маротиба сохтмони Вахш бо азхудкунии заминҳои водии Вахш ба истифода дода шуд.

Соли 1991 – Дар шаҳри Алматои Қазоқистон роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон, Узбекистон ва Украина Декларатсияи таъсис додани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба имзо расониданд.

Соли 2009 – Додситонҳои генералии Русия ва Тоҷикистон Созишномаи навшудаи ҳамкорӣ миёни ин сохторҳоро дар Маскав ба имзо расониданд.

Соли 2015 – Ҳукумати Тоҷикистон грантҳои президентӣ таъсис дод, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020 равона шуда буданд.

Соли 2015 – Бо Фармони Вазорати маориф ва илми кишвар дар мактабҳо насб кардани арчаҳои солинавӣ манъ шуд.

Соли 2016 – Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд.


Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ даъват кард, ки рӯйхати ягонаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ИДМ таъсис дода шавад.

Соли 2020 – Дар Тоҷикистон Ҷоизаи нави давлатӣ барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ таъсис дода шуд. Аз соли 2021 сар карда, ҳамасола 15 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд.

Соли 2022 – Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1915 – мавлуди Азиз Несин, нависандаи турк, ки шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст.

Азиз Несин ба Тоҷикистон ихлосу муҳаббати самимӣ дошта, ҳамвора шеъру адабиёт, шеваи гуфтор ва меҳмоннавозии мардуми форсу тоҷикро ситоиш кардааст.

Ӯ соли 1978 ба Тоҷикистон омада дар ҷашни 100-солагии Садриддин Айнӣ ширкат ва суханронӣ намуда буд. Дунё Азиз Несинро эътироф намудааст ва замоне Туркияро бо номи ӯ мешинохтанд.


Соли 1927 – Зодрӯзи Абдулло Зокир, тарҷумон ва рӯзноманигор

Соли 1929 – Мавлуди Тоҳир Собиров, коргардони кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Тоҳир Собиров ҳунарпеша, коргардони синамои тоҷик ва филмноманавис буда, замоне Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буд.

Ӯ дар филми “Дохунда” – и Кимёгаров нақши Дохундаро иҷро кардааст.

Тоҳир Собиров дар баробари Борис Кимёгаров яке аз ду боли қавие буд, ки мурғи синамои тоҷикро дар чанд даҳсола дар парвоз медошт. Мисоли барҷастаи ҳунару истеъдоди кооргардонии ӯ дар филмҳои “Марги судхӯр”, “Як шаби дигари Шаҳрзод”, “Афсонаи нави Шаҳрзод”, “Шаби охирини Шаҳрзод” , “Ашк ва шамшер”, силсилафилмҳои “Ҳеҷбудагон” (дар се қисм) ва идомааш “Ҳеҷбудагон ҳама чиз шуданд” ва дигар филмҳояш баръало мунъакисанд.


Соли 1939 – Зодрӯзи Мунавваршо Назриев, арбоби давлатӣ

Соли 1951 – Мавлуди Маҳмадалӣ Маҳмадов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ӯ 21 уми декабри соли 1951 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомӣ (соли 1972) ва Коллеҷи мусиқии Тоҷикистон (1974) аст. Соли 1978 дар “Тоҷикфилм” ба фаъолияти ҳунарӣ пардохта, то имрӯз дар беш аз 50 филми ватаниву хориҷӣ нақшҳои марказӣ офаридааст. Барои нақшҳои мондагораш дар синамои мамолики гуногуни ҷаҳон сазовори ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” мебошад. Маҳмадов дар кинофестивал ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ бо шоҳҷоизаҳои “Дукати тиллоӣ”, “Шамшери нуқрагин”, “Хирси нуқрагин”, ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ва мукофоти Киноҷашнвораи умумииттифоқии Шӯравӣ дар шаҳрҳои Берлин, Димишқ, Мангейм, Минск, Тошканд сазовор шудааст.

Дар бораи фаъолият пурсамар ва андешаҳои Маҳмадалӣ Маҳмадов оид ба синамои кишвар дар ин мусоҳибаи ҳунарпешаи тоҷик бо "Азия-Плюс" мутолиа кунед: "Муҳаммадалӣ Маҳмадов: Пешниҳод зиёд, аммо сатҳи филмҳои ватанӣ паст аст".

Соли 1953 – Зодрӯзи Тоҳир Мирзоев, иқтисодчӣ

Соли 2004 – Иржи Бечка, олим, ховаршинос, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар синни 89-солагӣ дар Прага аз олам даргузашт.

Иржи Бечка ҳарчанд зодаи Тоҷикистон нест, осори бисёр адибони форсу тоҷикро таҳқиқ кардааст ва дар Тоҷикистон низ дӯстдорони зиёд дорад. Ӯ бо донишмандони тоҷик робитаи бисёр хуб доштааст. Пас аз вохӯрӣ ва суҳбат бо Бобоҷон Ғафуров Бечка ба Тоҷикистон даъват шуд ва ба пажӯҳиши адабиёти тоҷик ҷиддан машғул гардид. Эмомалӣ Раҳмон низ дар Прага бо Иржи Бечка вохӯрда, суҳбат карда буд.


Ӯ доир ба ҷанбаҳои гуногуни осори Айнӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон асарҳои пурарзиш офаридааст. Ҳамчунин повести “Марги судхӯр”-и С. Айнӣ, достони “Муш ва гурба”-и Убайди Зоконӣ, намунаҳо аз эҷодиёти Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мушфиқӣ, Сайидо, Шамсиддини Шоҳинро ба забони чехӣ тарҷума кардааст.

Соли 2002 Иржи Бечка охирин маротиба ба Тоҷикистон сафар карда, дар ҷашни истиқлол ширкат карда буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

21 декабри соли 1891 дар таърих аввалин бозии баскетбол дар толори маркази таълимии Ассотсиатсияи ҷавонони Масеҳӣ дар Спрингфилд (штати Массачусетс, ИМА) баргузор шуд. Бозӣ аз ҷониби устоди тарбияи ҷисмонӣ Ҷеймс Нейсмит ташкил шуд.

Дар Тоҷикистон баскетбол беш аз 10 сол пеш “мурд” ва ҳоло дар кишвар олимпиадаҳои баскетбол баргузор намешаванд. Дар кишвар дастаи мунтахаби ин намуди варзиш низ вуҷуд надорад, танҳо дастаҳои алоҳида мавҷуданд.

21 декабри соли 1913 дар ин рӯз аввалин кроссворд чоп шуд. Гумон меравад, ки аввалин кроссворд, ки баъдтар дар саросари ҷаҳон чун бозии муаамоёбӣ маъмул шуд, дар шумораи якшанбеии рӯзномаи амрикоии “New York World” нашр шудааст.


Ҳамасола шаби 21 ба 22-юми декабр шаби Ялдо ҷашн гирифта мешавад. Ин шабест дарозтарин ва пас аз ин рӯзҳо дарозтару шабҳо кӯтоҳтар мешаванд.

Дар ин шаб аҳли оила атрофи хони ороста дар хонаи пирон ҷамъ мешаванд. Хони онҳо аз як силсила ашё ва ғизоҳои рамзӣ, аз ҷумла чароғ барои рамзи нур, об барои покизагӣ ва меваҳои сурх аз қабили анор, тарбуз, лаблабу, ҷуворимакка ва ангур рамзи гармӣ, ороиш дода мешавад.


Шаби Ялдо дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Мувофиқи тақвими эронӣ шаби 30-юми моҳи Озар (22 декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд Шаби Ялдо дар Тоҷикистон ба таври оммавӣ таҷлил намегардад, аммо аз ҷониби доираҳои мушаххаси фарҳангиён ҳамасола бо қироати шеъру қисса, бозӣ ва мусиқӣ ва додани тӯҳфаҳо ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин, дар арафаи ин ҷашн расонаҳои алоҳидаи кишвар оид ба Шаби Ялдо барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва мақолаҳо таърихиву пажӯҳишӣ омода ва интишор мекунанд.

 

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 21 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона 0-5º сард

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 5+10º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф пешгӯӣ мешавад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10º сард, рӯзона -2+3º

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. 

Акс аз Дидор Саъдуллоев

Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард, рӯзона 7-12º сард

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2º сард, рӯзона 8+10º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 1+3º гарм

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2º сард, рӯзона 7+9º гарм

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8º сард, рӯзона -1+1º 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.