ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 ДЕКАБР

Соли 1936 – Дар ҷумҳурӣ саноати энергетика таъсис ёфт. Ҳамчунин ин рӯз ҳамчун Рӯзи энергетикаҳо таҷлил мешавад.

Бояд гуфт, солҳои охир соҳаи бо барқу гармӣ таъмин намудани аҳолӣ норозигӣ ва нигаронии ҷомеаи кишварро ба бор овардааст. Ин эътирозҳо ба далели сардиҳои зимистони гузашта аст, ки аксари аҳолии кишвар бе қувваи барқ ва бе гармӣ монданд. Ин мушкил имсол низ идома дорад ва бо оғози зимистон чандин навбат мардум бо ин мушкил дучор омаданд  ва дар аксар манотиқ бо қувваи барқ хеле кам таъминанд.

"Лимит"-и барқ дар Тоҷикистон то ҳол яке аз мушкилиҳои асосӣ боқӣ мондааст.
Акс аз "Азия-Плюс"

Соли 1956 – ҶШС Тоҷикистон бо ордени Ленин мукофотонида шуд.

Соли 1970 – Вилояти Ленинобод (имрӯза Суғд) таъсис дода шуд.

Соли 2003 – Марзбонони тоҷик қитъаи марзи давлатии Тоҷикистону Чинро таҳти назорат гирифтанд.

Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарони бонкҳо, вазорату идораҳои блоки иқтисодии кишвар ҷаласаи корӣ доир намуд, ки дар он масъалаҳои омода намудани барориши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" баррасӣ шуданд.

Соли 2011 – Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз пардохти боҷи гумрукӣ барои ворид намудани шиносномаҳои биометрӣ озод карда шуд.

Соли 2014 – Вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”-ро муҳокима намуданд.

Соли 2019 – Чоршанбе Аловатови 22-сола аз Тоҷикистон барандаи Central Asia's Got Talent шуд.

Соли 2020 – Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), ки худ истеҳсол кардааст, ҳамчун кӯмак фиристод.

Соли 2023 – Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома ва фаъолияти низоми пардохтии «Вестерн Юнион ДП Восток»-ро бозхонд ва бекор кард. Аммо оператори Western Union Network фаъолиятро дар кишвар идома медиҳад.

Соли 2023 – Дар шаҳри Душанбе бинои нави Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ифтитоҳ ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1944 – Зодрӯзи Саидраҳмон Саидов, адабиётшиноси тоҷик.

Соли 1952 – Мавлуди Назирмад Мӯсоев, ҳунарпешаи театру синамо

Назирмад Мӯсоев Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон буда, дар беш аз шаст намоиш аз қабили “Арӯс ва домод”, “Мавзӯъи озод”, “Гирдоби боло”, “Таронаҳои муҳаббат”, “Умед”, “Пари қу”, “Дар ҷустуҷӯи бахт», “Нафси бад балои ҷон”, нақш бозида, ҷаҳони қаҳрамононашро хуб кушодааст. Соли 1985 пас аз нақшофарӣ дар филми “Ӯ маро меписандад” (“Я ей нравлюсь”) маъруф шуд.

Назирмад Мӯсоев

Дар филмҳои телевизионии “Парвози хатарнок”, “Кӯҳи уқобон”, “Тӯй барпо нашуд”, “Алии сонӣ”, филмҳои бадеии “Хоби маймун”, “Саҳв” ва ғайра нақш бозидааст.

Ӯ 15 майи 2021 дар синни 69-солагӣ ҳангоми ҳунарнамоӣ дар як филми “Хатлон синамо” дар шаҳри Душанбе бар асари бемории дил даргузашт.

Соли 1954 – Зодрӯзи Чамангул Сатторова, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Соли 1957 – Мавлуди Чиллахон Холов, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Соли 2010 – Нигина Рауфова, овозхони маъруф, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон дар Душанбе аз олам даргузашт.

Нигина Рауфова Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон буда, бо иҷрои сурудҳои дилангез дар дили мардум ҷо гирифтааст.  Ӯ бо иҷрои сурудҳои халқии “Ёрат манам”, “Қадат баланд аст ёр”, “Ман садқаи ту”, “Намепурсӣ номи ман”, “Духтари каҷтоқӣ” маъруф аст.

Нигина Рауфова

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1938 барои олами зоология соли муҳим буд. Ин сол дар наздикии Африқои ҷанубӣ навъи моҳии селакант сайд карда шуд. Ин навъи моҳӣ аз аҷдодони қадимтарин моҳии рӯи замин ва ягона намуди моҳии лобдор буд, ки тамоми устухондорҳои рӯизаминӣ аз он пайдо шудаанд.

Боқимондаҳои сангшудаи ин навъи моҳӣ тақрибан ба 380 миллион сол пеш рост меоянд. Онҳо дигар дар таҳшинҳои ҷавони баҳрӣ пайдо намешаванд. Ҷаҳони илм кайҳо ба хулосае омада буд, ки моҳии лобдор дар гузашта боқӣ мондааст, аммо мӯъҷизае рӯй дод ва моҳии дуюмро 16 сол пас сайд карданд.

Моҳии навъи селакант

Ҳамасола 22 декабр Рӯзи сурудҳои муаллифӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ғайрирасмӣ аст, аммо пайдоишаш хеле пеш буд. “Сурудҳои хуб бо одамони хуб” яке аз шиорҳои ғайрирасмии ин ҷашн аст, ки мафҳуми асосии онро ба таври комил таъкид мекунад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона -1+4º

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 4+9º гарм

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Акс аз Дидор Саъдуллоев

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 21-26º то 30-35º сард, рӯзона 5-10º сард

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 8+10º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 1+3º гарм

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 7+9º гарм

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 7-9º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.