ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 ФЕВРАЛ
Соли 1992 – Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамроҳ шуд.
Соли 1995 – Аввалин интихоботи парлумонии Тоҷикистон пас аз истиқлолият баргузор гардид.
Соли 2013 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ломбардҳо” қабул гардид.
Соли 2013 – Талаботи гирифтани “изи ангушт” ҳангоми гирифтани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон бекор карда шуд. Аммо соли 2015 он дубора ҳатмӣ гардид.
Соли 2020 – Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии молиявии ширкати энергетикии “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар грант дод. Мақсади асосии маблағгузории мазкур барқарорсозӣ ва таҷдиди зерсохтори таъминоти барқ, беҳтар намудани ҷамъоварии пардохтҳо, коҳиши талафоти нерӯи барқ ва танзими қарзҳо гуфта мешуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1931 – Мавлуди Меҳрӣ Абдуллоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1939 – Зодрӯзи Карим Абдулов, иқтисоддон, доктори илми таърих.

Карим Абдулов солҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 1970 ба кори ҳизбӣ пайваст ва солҳои 1991-1992 мудири Котиботи Президенти ҷумҳурӣ буд. Баъдан солҳои тӯлонӣ мушовири раиси ҳукумати вилояти Суғд, раиси шуъбаи вилоятии Ҷамъияти “Дониш” буд.
Ӯ дар соҳаи публитсистика низ фаъолият ва хомафармоӣ карда, чандин очерк низ таълиф кардааст. Аз ҷумла, рисолаҳои “Роҳи беҳбуд”, “Дар ин дунё” “Сиёсатномаи асри ХХI”, “Ягонагии сухан ва амал”, “Лоиқи миллат” таълиф кардааст..
Карим Абдулов моҳи декабри соли 2010 дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1946 – Зодрӯзи Владимир Ғуломҳайдаров, футболбоз, мураббии шоистаи Тоҷикистон.

Владимир Ғуломҳайдаров аз хурдӣ ба футбол шавқ дошт ва солҳои аввали футболбозиаш ҳамчун яке аз пешсафон, бавижа дар дастаи “Энергетик” маъруф буд.
Ғуломҳайдаров солҳои 1964 – 1977 дар ҳайати дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе (то соли 1970 «Энергетик» ном дошт) бозӣ кардааст. Солҳои зиёд капитани даста буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати “Помир” дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Баъдан ин футболбози тоҷик ду сол (1969-1970) шарафи бошгоҳи маъруфи Русия - «Торпедо»-и Маскавро ҳимоя кардааст.
Владимир Ғуломҳайдаров аввалин футболбози тоҷик аст, ки соли 1968 ба дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ се гол задааст.
Ӯ пас аз тарки майдон ҳамчун мураббӣ ба фаъолият пардохт. Муддате роҳбари дастаи “Памир” ва “Вахш” буд. Владимир Ғуломҳайдаров қариб 30 сол инҷониб дар шаҳри Алматии Қазоқистон зиндагӣ мекунад ва солҳо дар дастаҳои футболи ин кишвар сармураббӣ буд.
Соли 1950 – Мавлуди Усмон Раҷабов, меъмор, номзади илмҳои техникӣ. Меъмори фахрии Тоҷикистон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии фориғболӣ таҷлил мешавад. Ин иди ғайриодиро итолиёиҳо таъсис додаанд. Онҳо бори аввал соли 2007 ин рӯзро ҷашн гирифтанд, то ки ҳар лаҳзаи ҳаётро оромона ва бо лаззат эҳсос кунанд.

Дар доираи ин рӯз чорабиниҳои ҷолиб баргузор мешаванд. Масалан, дар Рим “Марафони сустҳаракат” доир мегардад, ки дар он иштирокдорон бояд 300 метрро дар на камтар аз 87 дақиқа бидуни истодан тай кунанд.
24 сол пеш, 26-уми феврали соли 2001 дар Афғонистон ду муҷассамаи бузурги Буддо аз сӯи гурӯҳи террористии "Толибон" нобуд карда шуд. Яке аз онҳо 53 метр баландӣ дошта, яке аз бузургтарин ҳайкалҳои Буддо дар ҷаҳон ҳисобида мешуд. Таърихи ин муҷассама тақрибан 1500 солро дар бар мегирифт. Муҷассамаи дигар бошад 38 метр баландӣ дошта, тақрибан 1800-сола буд.

147 сол пеш Эмил Литтре, забоншиноси фаронсавӣ калимаи “микроб”-ро ба забони илмӣ ворид кард.
Микроорганизмҳо ё микробҳо гурӯҳи организмҳои хурде ҳастанд, ки бо чашми оддӣ дида намешавад. Истилоҳи “микроб” аз калимаи фаронсавии “microbe” ва юнонии “μικρός” (микрос – хурд) ва βίος (биос – ҳаёт) гирифта шудааст.

26 феврали соли 1935 ихтироъкор Роберт Уотсон-Уотт аввалин озмоиши радар (Радиолокатсионӣ)-ро гузаронид.
То охири соли 1936 Вазорати авиатсияи Британия панҷ шабакаи радариро бо фосилаи 40 км аз ҳамдигар бунёд кард. Ин система дар ҳифзи Британия аз ҳамлаҳои ҳавоии Олмони фашистӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон нақши муҳим бозид.

26 феврали 1936, дар Олмон автомобилии "мардум"-ии “Volkswagen” истеҳсол шуд. Ин орзуи муҳандис Фердинанд Порше буд, ки истеҳсоли мошини ба омма дастрасро истеҳсол кунад.
Барои истеҳсоли оммавии он бузургтарин корхонаи автомобилсозии Олмон бунёд гардид. Дар замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ин корхона қариб пурра хароб шуд, аммо баъдан он барқарор шуда, "Volkswagen" ба яке аз пурхаридортарин мошинҳо табдил ёфт.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Шабона ҳавои абрнок, рӯзона тағйирёбанда буда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Шабона абрнок, рӯзона тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона -1+4º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 12-17º то 19-24º сард, рӯзона аз 0-5º сард то 4-9º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Шабона ҳавои абрнок, рӯзона тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Шабона ҳавои абрнок, рӯзона тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 2+4º гарм.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста