Профессор Абдунабӣ Сатторзода, яке аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, доктори илми филология, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, донишмандони варзидаи тоҷик имрӯз 84-сола шуд. Ба ин муносибат “Азия-Плюс” бо мавсуф мусоҳиба орост.

 

Дар ҷустуҷӯи дӯст

- Вақтҳои охир бештар ба чӣ машғул ҳастед ва мавлуди худро чӣ гуна пешвоз мегиред?

- Бо таҳқиқ ва таълим. Танҳо соли гузашта 45 номгӯй мақолаву китоб навиштам ва суханрониҳо дар дохил ва хориҷи кишвар доштам. Ду ҷилди “Баргузидаи навиштаҳо” (бахшҳои 6 ва 7) ва китоби “Актуальные проблемы  внешней политики Таджикистана (Многовекторность в действии)” дар арафаи чоп мебошанд.

Солҳо пеш дар як маҳфили унс, ки узви доимиаш устодон Лоиқ, Сорбон, Кӯҳзод, Акбар Турсон, Дорои Дӯст ва камина будем ва гоҳу ногоҳ Маҳмуди Воҳид, Бозор Собир, Ҷӯрабек Муродов, Фазлиддин Муҳаммадиев, Отахон Латифӣ ва дигарон ҳам ба мо мепайвастанд, ба ин ё он баҳонае ҷамъ меомадем. Ҳоло ҳам талош дорем ин анъанаро давом диҳем ва баҳонае ҷуста, суроғи ҳамдигарро мегирем.

- Моҳе пеш як “узви аслӣ”-и маҳфил Дорои Дӯст даргузашт. Инчунин, чанде дигар ҳамовардонатон бемор ҳастанд. Аз Дорои Дӯст чӣ гуна хотираҳо монд ва ҳоло эҳсоси танҳоӣ намекунед?

- Академик Акбар Турсон солҳо пеш гуфта буданд, ки “дар фарҳанги имрӯзаи тоҷик Дорои Дӯст мақоми Суқротро дорад”. Ва воқеан ҳам дуруст мегуфтанд. Миёни ҳамовардони мо шахси аз ҳама сермутолиа, аз набзи замона огоҳ ва донишманди таҳлилгар Дорои Дӯст буданд.


Ман бовар дорам, ки устод Доро беш аз ҳамаи мо устод Лоиқро мешинохтанд. Чунки бо устод Лоиқ якҷо хонданд ва солҳои донишҷӯйӣ дар як хона зиндагӣ доштанд ва азбаски шахси огоҳ буданд, ҳам шеъри устод Лоиқ ва ҳам шахсияти он касро хуб таҳлил карда метавонистанд. Устод Лоиқ ҳам бисёр Дороро дӯст медоштанд.

Аз ин рӯ, чанд сол пеш ман аз раҳматӣ Дорои Дӯст хоҳиш кардам, ки хотираҳои бо устод Лоиқ доштаро нависанд. Он кас баъзе хотираҳоро навиштаанд ва бархеашро бо садо сабт кардаанд, ки ҳоло дар дасти камина аст. Фурсати муносиб даст диҳад, ин хотиротро таҳия карда, ба нашр мерасонам.

Аммо дар мавриди “танҳоӣ” посухам “не” аст. Аз ҳама солмандтари узви маҳфили мо устод Кӯҳзод (88-сола) аст ва бардаму боқувват мебошанд. Устодон Сорбону Акбар Турсон ҳам саломату сарипо ҳастанд. Ғайр аз ин, солҳои охир қаламкашони муваффақи дигар ҳам узви маҳфили мо гаштаанд.

- Шумо мегӯед, ки як чеҳра, як рӯ дорам. Дар давоми зиндагӣ ва фаъолияти касбӣ оё боре лозим омад, ки ин принсипро шиканед?

- Бисёр шудааст, ки аз ин асли зиндагии хеш зарарҳо кашидаам ва ҳанӯз ҳам мекашам. Вале ин асли худро дигар накардам ва карданӣ низ нестам.

 

Поёни баҳси як сиёҳнома ва истеъфои Сатторзода

- Соле пеш бар зидди як китоби дарсии Шумо дар нашрияи ҳукумати ҷумҳурӣ  - “Ҷумҳурият” матлабе чоп шуд. Баъдан, огаҳ шудем, ки Шумо ба он посух гардонидед, вале он чоп нашуд. Ин баҳс бо чӣ ба анҷом расид?

- Се муаллифе, ки дар поёни он мақола номашон зикр гардида буд, маълум шуд, ки онро нанавиштаанд ва дар суҳбатҳои маҳрамонае, ки бо наздиконашон доштаанд, иқрор намудаанд, маҷбуран имзо мондаанд. Яке аз онҳо аслан аз будани чунин “мақола ҳуҷум” (жанри бисёр махъмул дар солҳои 20-30 асри гузашта) ва чоп шудани он бехабар будааст. Ва вақте гуфтаанд, ки мақолаат нашр шудааст, табрик, ҳайрон мондааст. Дар ин бора арабшиноси маъруфи тоҷик ва дӯсти камина раҳматӣ Тоҷиддин Мардонӣ ҳикоят карда буд.

Справка по теме

Абдунабӣ Сатторзода 27 феврали соли 1941 таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1963 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз карда, ҳамчун коршинос, аспирант, устод ва мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик то соли 1993 фаъолият намудааст. Дар ин муддат ӯ солҳои 1967-1968 – мудири шӯъбаи танқиди адабии маҷаллаи “Садои Шарқ”, 1969-1971 – командири қисми ҳарбии 3408 Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ (Тошканд), 1979-1980 – докторанти Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, 1985-1987 – устоди Донишгоҳи Кобул (Афғонистон) буд. Сатторзода дар музокироти сулҳи тоҷикон (1994-1997) иштирок карда, баъд аз имзои Созишномаи сулҳ узви зеркомиссияи сиёсии Комиссияи оштии миллӣ гардид. Ӯ солҳои 1999-2006 – муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, 2006-2012 – сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои иқтисодии беруна дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, 2012-2023 – корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд. Муаллифи 15 китоб ва беш аз 400 мақола, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1980) ва соҳиби рутбаи дипломатии кордори фавқулода ва мухтори дараҷаи аввал мебошад.

Муаллифи аслии он сиёҳнома касе буд, ки варо барои иҷро нанамудани нақшаи илмиаш аз шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёт ронда будем.

Масъулони амниятии кишвар пас аз он ки  фаҳмиданд “ҳамкорашон” аз тоифаи “ҳушёрони поёнӣ” (таъбири устод Айнӣ) асту дурӯғ мегӯяд, ғараз дорад, мутаассиби ҳарзагӯй аст ва аз адабиёту табиати он бехабар мебошад, хушбахтона, пас аз 2 соли баҳс (аз 28 декабри 2022 то 29 августи 2024) дар бораи китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” (барои синфи 8) ба чопи китоб розигӣ доданд ва он бо дастгирии вазири маориф ва илми кишвар ва зерсохторҳои он, соли 2024 бо адади 120 ҳазор нусха ба табъ расида, ба хонандагони макотиби миёна дастрас гардид.

Чуноне шумо гуфтед, посухи камина ба он “мақола ҳуҷум” дар нашрияи “Ҷумҳурият” ба чоп нарасид ва ҳоло ҳам мунтазири узрхоҳии расмии онҳо ҳастам.

- Оё ҳамон мақола боис гашт, ки Шумо аз Институти забон ва адабиёт рафтед?

- Пас аз чопи он мақола, аз ҷойҳои маълум ба ман - на, вале ба дигарон фишор оварданд. Аз ин рӯ, ба хотири он ки онҳоро аз фишор раҳоӣ диҳам, бо хоҳиши худ аз мудирии шуъбаи таърихи адабиёти ин донишкада истеъфо додам. Вале ҳамоно раиси Бунёди Рӯдакӣ ва узви Шӯрои дифои Институти забон ва адабиёт ҳастам.

 

Нигоҳе ба адабиёти асил ва нақди ростин

- Дар тӯли умр Шумо дар бахшҳои гуногун – илм, сиёсат, дипломатия ва адабиёт фаъолият доштед. Агар имкони дубора интихоб кардан медоштед, кадом роҳро бармегузидед?

- Илова бар он бахшҳое, ки шумо баршумурдед, банда рӯзноманигори “Ба қуллаҳои дониш” (нашрияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), ходими шуъбаи адабии радиои “Тоҷикистон” ва мудири бахши нақди маҷаллаи “Садои Шарқ”, афсар дар Вазорати корҳои дохилаи Иттиҳоди Шӯравӣ, устод дар Донишгоҳи Кобул, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будам ва ҳастам. Агар умр дубора муяссарам гардад, таълим ва таҳқиқро афзал медонистам.

- Назари Шумо дар бораи вазъи имрӯзаи адабиёт ва нақди адабӣ дар Тоҷикистон чист?

- Мо, шукри Худо, ҳам адабиёти нағз, ҳам нақди нағз дорем. Вале афсӯс, ки миқдорашон кам аст. На ҳамаи он навиштаҷоте бо номи шеъру достону роману қиссаву ҳикояву драмаву тақризу мақола ва рисолаи илмӣ ва ғайра, ки имрӯзҳо ба нашр мерасанд, моли адабиёти асил ва нақди ростин ҳастанд.

 

Абдунабӣ Сатторзода ва Бахтиёр Муртазоев, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Нақди адабӣ ҳаст ё не?​​​​​​​

- Воқеан, чанд вақт боз мавзӯи адами нақди адабӣ баррасӣ ва ноқидон интиқод мешаванд. Огоҳон мегӯянд, ки нақди имрӯз “интихобӣ” шудааст, инчунин бештар эҷодкорони ҷавон мавриди интиқод қарор мегиранду қаламкашони соҳиби унвони Нависандаи халқӣ тавсиф мешаванд. Бархе дигар мегӯянд, ки нақди адабӣ чандин сол пеш аз байн рафтаву имрӯз он вуҷуд надорад. Шумо ҳамчун мунаққид ба ин ҳама чӣ ҷавоб доред?

- Ин тасаввури ғалати маъмул, пеш аз ҳама, аз ин сар задааст, ки аҳли адаби мо, шоирону носирони мо аслан аз нақду таълифоти ноқидон ва адабиётшиносонамон бехабаранд, онҳоро мутолиа намекунанд. Ин чиз аз суханрониҳо ва навиштаҳояшон дар бораи адабиёт ва нақди адабии тоҷик комилан равшан мебошад. Меъёри ягонаи онҳо дар довариҳояшон дар бораи нақди адабӣ ин аст, ки дар бораи навиштаҷоти онҳо ноқидон чизе менависанд ва ё наменависанд. Онҳо коре надоранд, ки он навиштаҷоташон оё моли адабиёти асил ҳаст ё на?

Устоди равоншод Муҳаммадҷон Шакурии Бухроӣ дар мусоҳиба бо камина 41 сол пеш бо қатъият гуфта буданд, ки “савияи ғоявию назарӣ ва илмии танқиди ҳозираи тоҷик аз савияи ғоявию бадеии назму наср пасттар нест”. Ман ҳоло ҳам бар ин боварам, ки нақди адабии имрӯз ба адабиёти имрӯз натанҳо баробар аст, балки аз баъзе ҷиҳатҳо беҳтар ва бештар ҳам мебошад.

Ин нуктаро бояд равшан кунем, ки нақди адабӣ фақат “танқид” (айбҷӯйӣ) нест, балки талили муҳтаво ва баррасии ҳунарии муаллиф мебошад. Имрӯзҳо  Абдураҳмон Абдуманнонов, Матлубаи Мирзоюнус, Шамсиддин Солеҳов, Носир Салимӣ, Низомиддин Зоҳидӣ, Нуралӣ Нурзод, Шамсиддин Муҳаммадиев, Субҳони Аъзамзод, Тоҷибой Султонӣ, Шарифмурод Исрофилниё, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Баҳром Раҳматзод, Рустам Ваҳҳоб, Муҳриддин Сабурӣ ва даҳҳо тани дигар дар майдони нақд ва адабиётшиносӣ фаъолият доранд.

Ғайр аз ин, нақд фақат кори адабиётшиносон нест, балки кори шоирону нависандагон низ ҳаст. Масалан, имрӯзҳо Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад  нақдҳои хуб ва хонданӣ менависанд.

Аммо агар шоирону носиронеро, ки маҳсули эҷодашон моли адаиёти воқеӣ аст, на ҳарзагӯиву варақсиёҳкунӣ, баршумурем, теъдодашон камтар аз касоне аст, ки ба нақди адабӣ машғуланд.

- Агар на ба теъдоди ноқидон, балки ба муҳтавои нақди адабӣ нигарем, назаратон иваз намешавад?

- Нақди адабии мо камбудии зиёд дорад, вале боз ҳам мегӯям, ки аз адабиёти имрӯза пеш аст. Дар 15 соли охир, ба ҷуз чанд романи Кӯҳзод, Сорбон, Баҳманёр ва Абдулҳамид Самад, ман дигар асареро надидам, ки пурра моли адабиёт бошад. Ё ёд надорам, ки дар 5 соли охир асари хубро хонда бошам. Аз ин рӯ, мо бояд нахуст адабиёти асилро эҷод кунем, пасон даъвои адами нақди адабиро дошта бошем.

 

Абдунабӣ Сатторзода бо Сорбон, Нависандаи халқии Тоҷикистон

“Метарсам бигӯям шеър менависам”​​​​​​​

- Баргардем ба корномаи Шумо. Ахиран дар як нақд “шоирони ноқид” ва “ноқидони шоир”-ро ҷудо кардед. Аммо дар мавриди худ чӣ фикр доред: шоири ноқидед ё ноқиди шоир?

- Аниқ, ки камина на “шоири ноқид” ҳастаму на “ноқиди шоир”. Ман аз аҳли таҳқиқу нақд ҳастам ва аз ин қаноатмандам.

- Дар ҳамон мақола гуфтед, ки Сафар Абдуллоҳ ҳам шоири хуб ва ҳам ноқиди хуб аст, вале солҳо “ҷуръат намекард, ки ашъорашро нашр намояд”. Шумо чаро шеърҳои худро, ба қавли худатон, ҷуръат намекунед, ки ба нашр расонед?

- Дарвоқеъ, Сафар Абдуллоҳ ҳам ноқиди хуб ва ҳам шиори хуб мебошад ва то солҳои охир ин ҳунари худро пинҳон нигоҳ медошт. Зеро ӯ ба хубӣ медонад, ки пас аз шоирони бузурги гузашта ва муосири форсигӯй шеър гуфтан чӣ масъулияти бузурге дорад. Ҳоло маълум шуд, ки имрӯз Сафар Абдуллоҳ яке муваффақтарин шоирони тоҷик аст, ки дар мавзӯи ватан, миллат ва забон шеър гуфтаанд.

Ман бояд иқрор намоям, ки метарсам бигӯям шеър менависам, чӣ ҳоҷати он, ки он навиштаҳоро бо номи “шеър” ба нашр расонам. Навиштаҳои манзуми камина ҳама ба ин ё он муносибате гуфта шудаанд, яъне “нисбатномаҳоянд”.

- Огоҳем, ки як дафтари шеър дореду ҳамоно ба шеърнависӣ машғулед. Ду шеъри шумо, ки дар сӯги устод Лоиқ ва солҷашни устод Сорбон вирди забонҳо аст... Боз чанде аз ин “нисбатномаҳо”-ро мегӯед?

- Дар ҳеч ҷое, ҳеч навиштае нагуфтаам, ки шеър менависам. Агар баъзе аз он шеъргунаҳо, ба гуфтаи шумо, “вирди забонҳо” шуда бошанд, ҷойи пинҳон кардан нест, ки бароям хушоянд мебошанд.

Ду катибаи дигар барои марқади падару модарам навиштаам. Як назме бо номи “Шимолу ҷануб” дорам, ки ба иттиҳод даъват мекунад. Соли 2017 дар Афғонистон ба зиёрати марқади тоҷики абармард Аҳмадшоҳи Масъуд рафтам ва он ҷо ин байтҳоро гуфтам:

Тоҷикон буданд андар тӯли таърихи ҷаҳон

Сарбаланду сарфарозу сарбадору сафшикан,

Лек чанде зери зулму зери теғи душманон

Сархаму бе раҳбару бе давлату бе ҷону тан...

Омадӣ, эй шери миллат, мо зи ту омӯхтем

Дарси озодию мардӣ, дарси берам зистан...

 

Абдунабӣ Сатторзода бо Ӯрун Кӯҳзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон

- Бо шеъри “Ман гунаҳкори гунаҳнокардаам” чӣ гуфтан мехоҳед: гуфтан мумкин аст, ки аз забони Шириншоҳ Шоҳтемур дарди дили худро гуфтаед?

- Ин шеъргунае буд, ки дар ҳошияи китоби арзишманди рӯзноманигор ва муҳаққиқи номии тоҷик Қурбони Аламшоҳ “Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам” (2001) навишта будам. Бидуни шак, дарди дили на танҳо шахси банда, балки ҳамаи тоҷикон мебошад, ки аз гузаштаи миллати худ сабақ мебардоранд:

Ман гунаҳкорам,

Ман гунаҳкори гуноҳнокардаам, эй ҳамватан!

Бехабар аз макри даврон бохтам ман ҷону тан...

Гар ту хоҳӣ рӯҳи ман ором хобад,

Гар ту хоҳӣ хотири ман шод бошад,

Ман агар кардам гунаҳҳои сағира,

Аз ту мехоҳам гунаҳҳои кабира,

Баҳри фардои Ватан!

 

Чанде аз “Олами озодагӣ​​​​​​​”

- Худро зиёӣ меҳисобед? Ба фикри Шумо, зиёии асил бояд чӣ гуна бошад?

- Кӯшиш мекунам, ки зиёӣ бошам. Ақидаи ман ин аст, ки зиёӣ дунявӣ, исломӣ ва ё маҳаллӣ намешавад. Зиёӣ миллист. Ҳар касе, ки миллӣ нест, соҳиби андешаи миллӣ нест, зиёӣ нест. Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров зиёии миллӣ буданд, на маҳаллӣ, на дунявӣ ё исломӣ. Онҳо ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллати худ ва ватани худ аз хеш гузашта буданд. Замони мо маҳз ҳамингуна сарсупурдагонро мехоҳад.

- Ба корномаи худ чӣ нигоҳ доред ва аз худ розиед?

- Корномаам, ба таъбири дӯстдоштаам, зиёд бад нест.

- Се чизе, ки боиси ифтихори Шумо бошад, кадомҳо буда метавонад?

- Модар. Миллат. Ватан.

- Агар ҳаёти Шумо як китоб мебуд, номи он чӣ мешуд?

- Номашро “Олами озодагӣ” мемондам бо такя ба гуфтаи Шайх Камоли Хуҷандӣ:

Олами озодагӣ хуш оламест,

Эй дил он ҷо рав, ки он ҷо олам аст!

- Агар имкон медоштед бо як шахсияти таърихӣ ҳамсуҳбат шавед, кӣ мебуд ва чаро?

- Бо лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ. Барои он ки “ҳеч девон беҳ аз Девони Ҳофиз нест” (Абдурраҳмони Ҷомӣ). Барои он ки: “Нагуфтӣ кас ба ширинӣ чу Ҳофиз шеър дар олам!”. Камина бисёр мехостам бипурсам, ки ин шоири соҳир чӣ тавр ба он тавфиқ ёфтааст?

 


“Хатоҳои кабира накардаам”​​​​​​​

- Аз кадом хатои худ дар зиндагӣ пушаймонед?

- Гумон мекунам манзуратон хатоҳои кабира аст, на хатоҳои сағира, ки аз он ҳеч фарде озод нест. Аз ҳеч кардаи худ пушаймон нестам, яъне хатоиҳои кабира накардаам. Ман ҳамонам, ки ҳастам. Агарчи зиндаёд Лоиқ гуфта буд, ки:

Гарчи дирӯз ба сад саҳву хатое бигузашт,

Рӯзи дигар ба дигар саҳву хато мегузарад...

- Пас аз 100 сол мардум чӣ гуна аз Шумо ёд хоҳанд кард?

- Соли 2003 ба муносибате дӯсти шоирам Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон ба ин савол ҷавоб дода буд:

Замон устодҳо бисёр дода,

Вале дигар бувад Сатторзода.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.​​​​​​​