ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 МАРТ

Соли 1925 – Рӯзномаи “Иди тоҷик”, ҳоло “Ҷумҳурият” таъсис ёфт.

Соли 2001 – Аввалин сертификатҳои депозитии Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 3 млн сомонӣ бароварда шуданд.

Соли 2007 – Дар ҷараёни сафари расмии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе 11 созишномаи байнидавлатӣ имзо шуд.

Соли 2008 – Нисбат ба собиқ фармондеҳи саҳроӣ Фатҳулло Хайриддинов – “Эшони дароз” мурофиаи додгоҳӣ оғоз гардид.

Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Анқара бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркияро ифтитоҳ кард.

Соли 2011 – Президенти кишвар супориш дод, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ” таҳия карда шавад.

Соли 2016 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” қабул гардид.

Соли 2021 – Вазорати саноати Тоҷикистон барои додани иҷозатномаҳо дар соҳаи саноатӣ "равзанаи ягона" боз кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Урун Кӯҳзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Урун Кӯҳзод

Урун Кӯҳзод баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ, чанде омӯзгори мактаби миёна, баъдан корманди илмии Институти забон ва адабиёт буд.

Дар рӯзномаи “Маориф ва маданият”, Сарредаксияи Энсиклопедияи тоҷик, маҷаллаи “Садои Шарқ” ва Иттифоқи нависандагон кор кардааст.

Маҷмӯаҳои “Сареву савдое” ва “Як сару сад хаёл”, қиссаҳои “Роҳи ағба”, “Писанддара”, “Бандии озод”, “Тақвими раҳгум”, “Кини Хумор”, романи “Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим”, рисолаҳои публитсистии “Тоҷикони имрӯза”, “Лоҳутӣ ва баъди ӯ”, “Ҷамъи парешон”, “Акашариф – Борбади асри бист” аз ҷумлаи асарҳои эҷодкардаи ӯ мебошад.

Ӯ Нависандаи халқии Тоҷикистон, ҷоизаҳои ба номи Садриддин Айнӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакиро соҳиб гардидааст.

Пиромуни андешаҳои нависанда дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” ба номи Урун Кӯҳзод: Дард бисёр аст, аммо ҳамаашро гуфта намешавад ошно шавед.

Соли 1937 – Зодрӯзи Аскар Абдураҳмонов, санъатшинос ва профессори тоҷик.

Соли 1938 – Мавлуди Талбак Назаров, собиқ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Талбак Назаровро яке аз дипломатҳои коркуштаи Тоҷикистон аст, ки дар замони душвори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон -соли 1994 вазири корҳои хориҷа таъин шуд ва 12 сол то замони осоиштагӣ дар ин мақом кор кард.

Ӯ аз устоди донишгоҳ то ба мансаби вазири корҳои хориҷа расид.

Талбак Назаров

Вай соли 1980 депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1982-1988 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 1986-1988 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва солҳои 1988-1991 вазири маорифи Тоҷикистон буд.

Дар солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон Талбак Назаров ба ҳайси муовини аввали раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1990-1991), ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1991-1994) ва роҳбари  дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон (1994) кор кардааст.

Ӯ аз соли 1994 то соли 2006 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Баъди ин, ду сол -то 2008  узви раёсати  Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва бо ҳамин бознишаста шуд.  Ҳоло раиси Бунёди хайрияи ҶТ (аз соли 2008) мебошад.

Дар раванди ҳалли қазияи низои шаҳрвандӣ ва муқобилати яроқноки дохилӣ дар Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, аз январи соли 1996 то ба анҷом (июни соли 1997) роҳбари ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон оид ба барқарор кардани сулҳ буд

Академик Талбак Назаров муаллифи беш аз 200 асари илмӣ, аз ҷумла зиёда аз 10 рисола, даҳҳо  мақолаю китобҳо оид ба масъалаҳои иқтисодиёт, сиёсат, дипломатия, дӯстии халқҳо, равобити байналмилалӣ ва ғайра мебошад.

Соли 1939 – Мавлуди Баёнқул Облоқулов, ҳунарпешаи театр, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Соли 1939 – Зодрӯзи Бимбулат Ватаев, ҳунарпешаи синамои тоҷик.

Бимбулат Ватаев

Бимбулат Ватаев, ки қаблан дар Осетияи Шимолӣ ҳунарманди театр ва вазири фарҳанги ин кишвар буд, соли 1946 баъди марги падараш дар ҶБВ ҳамроҳи модараш ба Тоҷикистон омада, то соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб зистааст. Ӯ забони тоҷикӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷикро хуб омӯхт.

Вай дар Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ пардохт ва дар синамои тоҷик як қатор нақшҳои мондагор офарид. Аз ҷумла бинандагони тоҷик ӯро дар нақши Рустам дар филмҳое, ки аз рӯи асари безаволи "Шоҳнома" гирифта шудааст,  хуб мешиносанд. 

Ҳамчунин ӯ дар филмҳои “Ҳасани аробакаш”, “Бо амри дил”, “Достон дар бораи Рустам” (ду қисм), “Достони Сиёвуш”, “Саргузашти Мунаки хурдакак” нақш офаридааст.

Соли 1947 – Зодрӯзи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, арбоби ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, муассис ва раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст), раиси Комиссияи оштии миллӣ.

Нақши Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барҷаста гуфта мешавад. Маҳз ӯ ин санади тақдирсозро, ки ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима дод, аз сӯи Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон, ки роҳбари он буд, имзо кард. 

Соли 1947 – Мавлуди Исо Абдурашидов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Исо Абдурашидов

Исо Абдурашидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар саҳнаи театр ва синамои тоҷик беш аз 50 нақш офаридааст. Ӯ хатмкардаи факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе буда, солҳо ҳунарпеша ва қариб 20 сол директори Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд.

Нақши Ёдгор дар “Дохунда”, Қиёмиддин мударрис дар “Алломаи Адҳам”, Шпигелберг дар “Роҳзанҳо”, Эдмунд дар “Шоҳ Лир” аз ҷумлаи нақшҳои барҷастаи ӯ дар саҳнаи театр мебошанд.

Дар синамо бошад нақши Азизбек дар “Воқеа дар фурудгоҳ”, лейтенанти калон дар “Қапқон барои шағолҳо”, Саид оҳангар дар “Дарди ишқ”-ро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.

Исо Абдурашидов шоми 15 декабри соли 2018 дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1949 – Зодрӯзи Маҳкам Зубайдуллоев, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1951 – Мавлуди Убайдуллоҳи Ширин, рӯзноманигор, шоир ва нависандаи тоҷик.

Соли 1959 – Мавлуди Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, собиқ вазири маориф ва ёрдамчии пешин президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоӣ.

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Абдуҷаббор Раҳмонзода соли 1983 факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст.

Ӯ фаъолияти худро ба ҳайси омӯзгор дар донишгоҳ шурӯъ карда, минбаъд дар вазифаҳои баланди давлатӣ ба фаъолият пардохт. Соли 2000 ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ин шуъба кор кард ва сипас, ба шуъбаи фарҳанги Дастгоҳ гузашт.

Як муддат раиси Кумитаи телевизион ва радиои буд ва аз соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати вазири маорифи Тоҷикистон фаъолият намуд.

Як муддат Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, солҳои 2014-2021 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд. Моҳи майи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин гардид ва то ҳол дар ин вазифа фаъолият дорад.

Соли 1965 – Зодрӯзи Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк”.

Соли 2010 – Амрияздон Алимардонов, адабиётшинос-шарқшиноси тоҷик дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

15 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мешавад. Ин рӯз бо қарори СММ ба суханронии президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ дар Конгресси дар соли 1962 бахшида шудааст. Дар суханронии ӯ чаҳор ҳуқуқи асосии истеъмолкунандагон таъкид шуда буд: ҳуқуқ ба бехатарӣ, ҳуқуқ ба иттилоъ, ҳуқуқ ба интихоб, ҳуқуқ ба шунида шудан.


15 март Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди зӯроварии пулис аст. Бори аввал ин рӯз соли 1997 бо ташаббуси ду созмон – “Ҷамъияти муқобили зӯроварии пулис” аз Монреал ва гурӯҳи швейтсарии “Парчами Сиёҳ” таҷлил шуд. Баъди соли 2000 ин сана бо латукӯби ду кӯдак (11 ва 12-сола) аз ҷониби пулиси Швейтсария алоқаманд гардид.

Зӯроварии пулис ин истифодаи беасоси қувваи ҷисмонӣ, ҳамлаҳои лафзӣ ва таҳдиди равонӣ аст, ки ба гурӯҳи амалҳои ғайриқонунии пулис мансубанд.


15 март Рӯзи ихтирои эскалатор (зинаи равон) аст. 15 марти соли 1892 ихтироъкор Ҷесси Рено ихтирои худ – зинаи равон (эскалатор)-ро патент кард. Аввалин бор одамон дар соли 1894 дар боғи Конӣ Айленди Ню-Йорк тавонистанд аз эскалатор истифода кунанд.

Эскалатори аввалин роҳравҳои ҳаракаткунандаи зина надошт. Аввалин эскалатори дорои зинаҳо дар соли 1900 дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Париж ба мардум муаррифӣ шуд. Баъдан, ин “зинаи ҳаракаткунанда” дар мағозаи универсалии “Джимбелс” дар шаҳри Филаделфияи ИМА насб гардид.

Аввалин эскалаторҳо дар метро дар соли 1911 дар хати метрои Пикадилли Лондон пайдо шуданд.


Дарозтарин эскалатор дар ҷаҳон соли 1994 дар Ҳонконг сохта шудааст. Дарозиаш 800 метр буда, тавассути он метавон дар байни мағозаҳо, қаҳвахонаҳо ва ресторанҳо ҳаракат кард, инчунин аз хона ба ҷойи кор ва баръакс расид.

Кӯтоҳтарин эскалатор дар яке аз марказҳои савдои шаҳри Кавасакии Ҷопон насб шудааст. Баландии он ҳамагӣ 80 сантиметр аст ва бештар ҳамчун як ҷозибаи сайёҳӣ маъруф аст.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии тамос таҷлил мешавад. Бори аввал онро 15 марти соли 1953 бо ташаббуси ташкилоти “Бюрои байналмилалии табақаҳои паррон” ҷашн гирифтанд. Ҳадафи ин рӯз тавассути талошҳои муштарак барқарор кардани робитаи сулҳомез бо мавҷудоти ғайризаминӣ мебошад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,05мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 19+21º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.