ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 8 АПРЕЛ
- Имрӯз, соати 10:00 дар Китобхонаи шӯъбаи бачагонаи шаҳри Исфара маҳфили адабӣ-бадеӣ таҳти унвони “Латофати пурлатофат” бахшида ба 75-солагии Латофат Кенҷаева, шоир ва нависандаи бачагон доир мешавад.
- Ҳамзамон, имрӯз, соати 10:00 дар китобхона-филиали №23-и ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи шаҳри Турсунзода ва дар Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҳафтаи китоб чорабиниҳо баргузор мегардад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 8 АПРЕЛ
Соли 1980 – Бори аввал дар шаҳри Душанбе Фестивали XIII умумииттифоқии синамо баргузор гардид.
Соли 1992 – Дар Душанбе дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия созишнома ба имзо расид.
Соли 2020 – Ҳукумати Тоҷикистон КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти аввалия дар шаҳри Душанбе”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод кард.
Соли 2020 – Парлумони кишвар маблағгузории идомаи сохтмони нақби “Истиқлол”-ро бо иштироки Эрон тасдиқ намуд.
Ин тасмим барои анҷом додани корҳои боқимонда дар нақб, аз ҷумла насби системаҳои вентилятсия, равшанӣ, назорати бехатарӣ ва оташнишонӣ гирифта шуд. Барои ин корҳо маблағи иловагии 11 миллион доллар ҷудо гардид, ки аз он 5,5 миллион долларро ҳукумати Эрон ва 5,5 миллион доллари боқимондаро ҳукумати Тоҷикистон таъмин намуданд.
Соли 2022 – Лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯнамоӣ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1925 – Мавлуди Абдумаҷид Пӯладов, табиб, доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1963 – Зодрӯзи Ато Мирхоҷаи Нерӯ, шоир, нависанда ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Ӯ соли 1985 бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти касбиашро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз кардааст. Баъдан, дар радио, телевизион, Оҷонсии давлатии “Ховар”, рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва нашрияҳои дигари ҷумҳурӣ кор кард.
Ато Мирхоҷа яке аз чеҳраҳои адабиёти муосири тоҷик аст, ки соли 1991 нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Тасмаи мардон” нашр гардид. Минбаъд китобҳои “Ишқ ва ашк”, “Шакарганҷ”, “Нафаси дувум” ва осори бачагонааш ба нашр расиданд.
Ӯ ҳамчунин тарҷумон буда, осори шоирон ва нависандагони тоҷикро ба забони шуғнонӣ ва асарҳои адибони хориҷиро ба тоҷикӣ гардондааст. Ато Мирхоҷа дар таҳияи китобҳои фарҳангиву луғавӣ низ саҳм гузоштааст.
Ҳоло Ато Мирхоҷа муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон аст.
Соли 1969 – Мавлуди Шералӣ Султонов, пизишк, ҷарроҳ ва донишманди тоҷик.
Соли 2002 – Зодрӯзи Эмомалии Нуралӣ, ҷудукори шинохтаи тоҷик, қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2022.

Эмомалии Нуралӣ машқро дар толори варзишии падараш дар деҳа Ҳилолии ноҳияи Хуросон оғоз карда, то ба қаҳрамони ҷаҳон расид.
Баъд аз хатми мактаб Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дохил шуд. Ҳамзамон, ӯ тамринҳои худро дар Клуби ҷудои Парвиз Собиров оғоз намуд.
Ӯ соли 2022 ҳамчун беҳтарин варзишгар байни ҷавонон дар риштаи варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон шинохта шуд.
Эмомалии Нуралӣ ғолиби Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон дар соли 2022, Ҷоми ҷавонони Осиё 2022 дар Тошканд, “Тоскулоҳи Бузург”-и Тошканд дар 2023 ва “Тоскулоҳи бузург”- Анталия дар соли 2024 мебошад.
Соли 2021 – Озодамоҳ Муҳтарамова, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар 65-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Дар Тоҷикистон 8-уми апрел Рӯзи иқтисодчиён таҷлил мешавад. Ин ҷашн мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки 2 августи соли 2011 қабул шудааст, расмӣ гардид.
Ҳадафи таҷлили ин рӯз арҷгузорӣ ба саҳми иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мебошад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҷӯгиҳо (цгане) таҷлил мегардад. Ин рӯз дар Конгресси якуми ҷаҳонии ҷӯгиҳо, ки 8 апрели соли 1971 дар шаҳри Лондон баргузор шуда буд ва намояндагони 30 кишвар дар он иштирок доштанд, таъсис ёфтааст.

Рӯзи 8-уми апрели соли 1766 аввалин зинапояи оташнишонӣ дар Амрико ба қайд гирифта шуд. Ихтирои он на танҳо кори наҷотбахшонро осон кард, балки ба наҷоти ҷони бисёр одамон мусоидат намуд. Баландии аввалин зинапояи патентшуда камтар аз 10 метр буд. Рекорди баландии зинапояи муосири оташнишонӣ ба зинапояи телескопии автомобилӣ, ки як ширкати финӣ истеҳсол кардааст, тааллуқ дорад. Баландии он 112 метр аст.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 8 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 11+16º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 14+16º гарм.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста