ЧОРАБИНИҲОИ 6 ИЮН

- Имрӯз дар Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мегардад. Намози Иди Қурбон соати 5:45 дақиқа дар масҷидҳои кишвар хонда мешавад. Иди Қурбонро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Рамазон ҷашн мегиранд.

- Имрӯз соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дуюмин бозии дӯстонаи тими милли наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо мунтахаби наврасони то 15-солаи Русия баргузор мешавад. Бозии дӯстонаи аввалин рӯзи 3-юми июн доир шуда буд ва ин рақобатҳо дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 баргузор мешаванд.

- Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.

Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 ИЮН

Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.

Соли 2011 – Конвенсия дар бораи эътирофи таҳсилоти олии дар Тоҷикистон гирифташуда дар Аврупо ба имзо расид. Онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба имзо расонид. 

Соли 2012 – Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид, ки тибқи он шаҳрвандоне, ки бидуни иҷозати мақомоти дахлдор дар хориҷи кишвар таҳсилоти динӣ мегиранд, аз 2000 то 4000 сомонӣ ҷарима мешаванд. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1929 – Мавлуди Нодири Нодирпур, шоири маъруфи муосири Эрон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад.

Соли 1947 – Мавлуди Сайидо Қурбонов, ҳунарпеша ва коргардони синамо.

Соли 1948 – Зодрӯзи Аъзам Пудинаев, олим, номзади илмҳои педагогӣ.

Соли 1967 – Мавлуди Музаффар Абдуллоев, арбоби низомӣ, генерал-майор.

Соли 1978 – Зодрӯзи Саидмурод Давлатов, соҳибкори тоҷик.

Соли 2019 – Султон Ҳамад рӯзноманигор, нависанда, ва пажӯҳишгари сурудаҳои сарояндаи шинохтаи Шарқ Аҳмад Зоҳир дар 67-солагӣ аз олам даргузашт.

Султон Ҳамад

Cултон Ҳамад фаъолияти кориашро ба ҳайси муаллими забони тоҷикӣ оғоз намуда, баъдан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтааст. Ӯ аз соли 1993 то 1997 мушовири сиёсии раиси Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) дар Афғонистон буд.

Моҳи декабри соли 1996 баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хустдеҳ, ӯ дар ҳайати муштараки сиёсиву низомӣ, ки бо миёнҷигарии СММ барои татбиқи Созишнома ба манотиқи ҷангзада мерафт, ширкат дошт.

Солҳои баъд ӯ ба ҳайси тарҷумон ва хабарнигори гурӯҳи эҷодии “ТВ-6”-и Русия, “ТВ-Чехия”, маҷаллаи “Регард сур лест” (“Нигоҳе ба Шарқ”) -и Фаронса, бахши тоҷикии Радиои Озодӣ фаъолият намудааст.

Султон Ҳамад муассиси сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии “Рӯзгор” ва аз моҳи июни соли 2013 то августи соли 2014 сардабири ҳафтаномаи “Рӯзгор” буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 6 июн ҳамчун Рӯзи Пушкин таҷлил мегардад. Ин сана ба зодрӯзи шоири маъруфи рус, Александр Сергеевич Пушкин бахшида шудааст, ки осораш наслу миллатҳои ҷаҳонро ба ҳам мепайвандад ва ба даҳҳо забони ҷаҳон тарҷума шудааст.


Пушкинро асосгузори забони адабии муосири рус низ мешуморанд. Аз ин рӯ, аз соли 2011 дар Русия 6 июн расман ҳамчун Рӯзи забони русӣ низ таҷлил мешавад.

6 июни соли 1956, дар Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт барои таҳсил дар синфҳои болоии мактабҳо, муассисаҳои миёнаи махсус ва донишгоҳҳо бекор карда шуд.

Бар хилофи тасаввуроти роиҷ, таҳсил дар Иттиҳоди Шӯравӣ на ҳамеша ройгон буд. Дар солҳои пешин дарсҳо дар мактабҳои пойтахт 200 рубл, дар вилоятҳо 150 рубл ва дар донишгоҳҳо то 400 рубл дар як сол арзиш дошт.


Дар замони ҶБВ роҳбарияти кишвар қарор кард, ки барои хонандагон ва донишҷӯёни миллатҳои гуногун таҳсил ройгон карда шавад. Ин иқдом соли 1956 расман амалӣ гардид.

6 июни соли 1882, Генри Силии амрикоӣ аввалин дарзмоли барқиро патент кард. То он замон дарзмолҳоро аз оҳан месохтанд ва дар оташдон гарм мекарданд, ки зуд сард мешуданд ва барои дарзмол кардани матоъҳои нозук номуносиб буданд.

Баъдан ангиштро мустақиман ба дохили дарзмол меандохтанд. Дар нимаи дуюми асри XIX дар Аврупо дарзмолҳо бо газ ва сӯзишворӣ (керосин, спирт) ба вуҷуд омаданд. Онҳо хавфнок буданд, вале дертар сард мешуданд.


6 июни соли 1984 аввалин версияи бозии маъруфи ҷаҳонӣ – “Тетрис” ба вуҷуд омад. Муаллифи он Алексей Пажитнов, барномасози шӯравӣ буд.

“Тетрис” баъдан ба яке аз машҳуртарин бозиҳои компютерӣ дар ҷаҳон табдил ёфт. “Тетрис” бозиест, ки дар он блокҳои гуногун ба поён меоянд ва бозигар бояд онҳоро ба таври дуруст ба ҳам мувофиқ кунад, то хатҳои охирро пур созад. Ҳар хат баробари пур шудан, нест мешавад ва бояд экран пур нашавад, зеро бозӣ хотима меёбад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 6 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, хокбориш ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш, хокбориш ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.