ЧОРАБИНИҲОИ 11 ИЮН
- Имрӯз дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар пойтахти Фаронса, шаҳри Порис ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоир ва файласуфи тоҷику форс конфронси илмӣ-байналмилалӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” оғоз мегардад. Дар конфронс олимону ҳофизшиносон аз саросари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Он то 14-уми июн идома мекунад.
- Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.
Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 ИЮН
Соли 1934 – Ноҳияи Ёвон таъсис дода шуд.
Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон президенти фахрии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб шуд.
Соли 2020 – Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҳамла ба посгоҳи марзии “Ишқобод”-ро ба анҷом расонида, ҳукмҳоро содир кард. Ин ҳамла 6 ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи “Ишқобод” воқеъ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон рух дода, 8 зану 4 ноболиғ кушта шуданд.
Соли 2024 – Ришод Зоҳир, писари Аҳмад Зоҳир, хунёгари маъруфи шарқ дар Душанбе бо рӯзноманигорони тоҷик вохӯрӣ ва сӯҳбат кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1911 – Зодрӯзи Зиё Икромов, доктори илми тиб, профессор.
Соли 1912 – Мавлуди Мухтор Ашрафӣ, композитор ва дирижёри тоҷик ва яке аз саромадони операи Шарқ.
Соли 1935 – Мавлуди Адҳам Бобоев, доктори илмҳои физика ва математика, профессор.
Адҳам Бобоев хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, дар Мактаби олии сиёсии ҳарбии назди Шӯрои Вазирони ИҶШС низ таҳсил намудааст. Ӯ як муддат мудири кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) буд.
Таҳқиқоти ӯ ба омӯхтани хосиятҳои нурафканӣ ва нурфурӯбарии булӯрҳои фосфорӣ, усули пайдо кардани пардаҳои ниҳоят тунук ва хосиятҳои электрооптикии кристаллҳои моеъ бахшида шудаанд.
Бобоев муаллифи зиёда аз 11 ихтироот буда, 5-тои онҳо дар истеҳсолот татбиқ шудаанд. Инчунин муаллифи беш аз 200 асару мақолаҳои илмист.
Ӯ 4-уми апрели соли 2007 дар синни 71-солагӣ даргузашт.
Соли 1940 – Зодрӯзи Ваҳҳоб Воҳидов, доктори илмҳои иқтисод, профессор.
Соли 1943 – Мавлуди Шодмон Пӯлодӣ, оҳангсози тоҷик.
Шодмон Пӯлодӣ дар оилаи шоири маъруфи тоҷик Тилло Пӯлодӣ ба дуё омад ва аз муҳити хонавода бо мусиқӣ ошноӣ дошт. Ӯ аввал Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва баъдан Консерваторияи давлатии Москва ба номи Чайковскийро хатм кардааст.
Тӯли чанд сол Пӯлодӣ раиси Шӯрои бадеии комиҷроияи шаҳри Душанбе, ва директори Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе будааст. Инчунин, раиси раёсати шуъбаи тоҷикистонии "Музфонд"-и Итиҳоди Шӯравӣ, котиби масъули раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва директори Хонаи байнииттифоқии эҷодиёти худфаъолиятии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон будааст. Аз соли 1987 то соли 1988 дар Афғонистон ба ҳайси мушовири фарҳангӣ ва муаллими Литсейи Кобул фаъолият кардааст.
Достони симфонии “Деворнигораҳои Панҷакенти қадим” аз асарҳои калонҳаҷми давраи аввали фаъолияташ будааст. Ш. Пӯлодӣ дар эҷодиёти худ ба жанрҳои гуногун рӯ овардааст Солҳои охири зиндагиаш ӯ ба мусиқии камеравӣ таваҷҷуҳи зиёд доштааст.
Ӯ ҳамчунин барои филмҳои “Аспҳо дар моҳтобшаб”, “Табиби бузург”, “Писари Ватан” ва ғайра мусиқӣ навиштааст.
Шодмон Пӯлодӣ соли 1995 дар Душанбе даргузашт.
Соли 1954 – Зодрӯзи Меҳрангез Ҳасанова, ҳунарпешаи театру синамо ва садогузори тоҷик.:

Меҳрангез Ҳасанова баъди хатми Институти умумииттифоқии кинематографистони Маскав фаъолияти худро ба ҳайси ҳунарпеша дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ оғоз кардааст. Қариб 30 сол, солҳои 1980-2008 коргардони бахши дубляжи “Тоҷикфилм” буд. Аз соли 2008 инҷониб ҳунарпешаи Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский аст.
Ӯ дар садогузории беш аз дусад филми бадеӣ ба забони тоҷикӣ иштирок кардааст. Инчунин дар филмҳои бадеии “Дар ҷарӣ”, “Қӯшатир”, “Ҷинояткор ва адвокатҳо”, “Ҳодиса дар фурудгоҳ”, “Туҳмат” ва дигар филмҳо нақш бозидааст.
Соли 1977 – Мавлуди Маҳнози Афшор, ҳунарпешаи театр ва синамои Эрон, ки дар филми “Муаллим”-и киностудияи Тоҷикфилм низ нақш офаридааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
11 июни соли 1648 дар шаҳри Маскав "Шӯриши намак" оғоз ёфт. Дар ин рӯз мардуми шаҳр барои бекор кардани андози нав ба намак ба подшоҳ муроҷиат карданд. Аммо дархости онҳо бо истифода аз нерӯи низомӣ пароканда шуд.

Дар пайи он, дар шаҳр ошӯб сар зад, амволи амалдорони баландмақом ғорат шуд. Ин ошӯб зуд ба дигар шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Козлов ва Курск низ паҳн гардид ва то моҳи феврали соли 1649 идома кард. Дар ниҳоят, подшоҳ маҷбур шуд ба талабҳои мардум посух диҳад ва андозҳои навро бекор кунад.
11 июни соли 1982 дар Иёлоти Муттаҳида филми машҳури Стивен Спилберг – “Косанавард” (E.T. the Extra-Terrestrial) бори аввал намоиш дода шуд. Ба гуфтаи коргардон, филм бар асоси хотираҳои кӯдакии ӯ таҳия шуда, яке аз офаридаҳои ёддоштиаш маҳсуб мешавад. Қариб ҳамаи нақшҳоро кӯдакон бозидаанд.
Барои ин филм се намунаи махсуси косанавард сохта шуда буд, ки дар маҷмуъ 700 ҳазор доллар арзиш доштанд. Онҳо аз резина ва нахҳои шишагӣ бо дастгоҳҳои электронии мураккаб сохта шуданд. Он бо 10,5 миллион доллар муддати тӯлонӣ сердаромадтарин филм ба шумор мерафт.

11-уми июни соли 1985 таҷҳизоти худкори кайҳонии “Вега-1” ба атмосфераи сайёраи Зӯҳра (Венера) ворид гардид. Ин парвоз дар асоси барномаи таҳқиқи кайҳонӣ ва тасмими ҳукумати шӯравӣ амалӣ шуд.
Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки атмосфераи Зӯҳра аз ҷиҳати зичӣ яке аз аввалинҳост ва аз 96% гази карбон, 4% нитроген ва каме буғи об иборат аст. Дар сатҳи сайёра қабати тунуки хок ва ҳамвории теппаҳо ҷой доранд. Баландтарин кӯҳҳои он то 11 км мебошанд. Олимон тахмин мекунанд, ки сатҳи Зӯҳро дар гузашта тағйироти бузурги геологӣ дидааст ва синнаш чандсад миллион солро ташкил медиҳад.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 11 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд ва чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, эҳтимолан борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 27+29º гарм.



