Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари худ ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент бинои чанд мактабу кӯдакистон ва иншооти иҷтимоиро боз карда, чанд корхонаи саноатии дигарро ба истифода дод.

Сафари кории президент ба шаҳру навоҳии Суғд субҳи имрӯз оғоз гардид.

 

Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ

Сафари президент аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардида, раисҷумҳур дар маркази ноҳия гулгашт ва муҷассамаи Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард.

Он дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доман густурда, масоҳаташ 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва “аз ҳунарҳои меъморӣ истифода шуда, мувофиқи талаботи шаҳрдорӣ сохта шудааст”.

1/5

Эмомалӣ Раҳмон “ба дастандаркорони тасвири шоистаи шоир дар муҷассама баҳои баланд додааст”, нақши Гулназар Келдиро дар тарбияи маънавии мардум неку муассир арзёбӣ намудааст.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ бинои нави кӯдакистони №6-и "Гулистон"ро ба истифода дода, ҳамчунин, хатти оби нӯшокиро, ки барои 500 оила пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор додааст.

Барои захираи оби тоза ва таъмини доимии мардум дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавзи нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб бунёд шудааст.

1/4

Манбаъ менависад, хатти оби ошомиданӣ тариқи чоҳи амудӣ аз умқи 35 метр ба воситаи обкашҳои махсуси барқӣ бароварда шуда, ба минтақаҳои аҳолинишин, ки дуртар аз саргаҳи он қарор доранд, дастрас карда шудааст.

 

Бунёди корхонаи азими истихроҷи сурма, тилло ва ангишт

Эмомалӣ Раҳмон дар идома, ба сохтмони як корхонаи азими истихроҷи сурма оғоз бахшидааст.

Он аз сӯи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Паҳндара Майнинг” бунёд шуда, интизор меравад, солона то 5 ҳазор тонна сурма дар бозорҳои ҷаҳонӣ истеҳсол кунад.

“Корхонаи бунёдшаванда аз коргоҳҳои ғанигардонии маъдан, истеҳсоли сурма, осиёб, коркарди регу шағал, бетоншурӣ, анборҳои нигоҳдории қисмҳои эҳтиётӣ, ашёи хому резашуда, ҳавз барои захираи об, бинои озмоишгоҳ ва дигар иншооти истеҳсоливу ёрирасони истихроҷ ва коркарди сурма иборат хоҳад буд”, - гуфта мешавад дар хабарнома.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 150 ҳазор тонна маъдан, то 50 ҳазор тонна консентрати сурма бо таркиби то 35 фоиз сурма ва то 5 ҳазор маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст.

Ба қавли мақомот, кони маъдани Паҳнадаро ширкати бритониёии “Микон Интернэшнл” таҳқиқ карда ва ба захираҳои кон “баҳои баланд додааст”.

Сармоягузории тарҳро ширкати “HK Skyline Development Limited” бар уҳда дошта, қарор аст, истихроҷи маъдан ва истеҳсоли сурма соли 2027 оғоз ёбад. Дар сурати ба фаъолият пардохтани он 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

1/7

Дар идома, президент ба таври фосилавӣ 3 корхонаи саноатиро ба истифода дода, 2 мактабу 6 кӯдакистонро дар деҳоти Зосун, Хайробод, Ваҳдатобод, Каздон, Анзоб ва Фондарё ба истифода додааст.

Ҳамчунин корхонаи муштараки маъдани ҶДММ “АРБ Минералс ГРУПП”, ки ба коркади пурраи сурма равона шудааст, ифтитоҳ шудааст.

Ба иттилои дафтари раисҷумҳур, дар марҳилаи аввал 35 нафар бо кор ва маоши баланд таъмин гардида, иқтидори коркарди сурма дар як шабонарӯз дар марҳилаи аввал 10 тонна маҳсулоти ниҳоии сурма ва дар марҳилаи дуюм 100 тонна пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин интизор меравад, ки дар оянда маъданҳои қимматбаҳо, чун тилло, симоб ва амсоли ин коркард шавад.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти ду корхонаи дигари саноатӣ - ҶСК “Ангишти Тахт” ва марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” оғоз бахшидааст.

Корхонаи ҶСП Ангишти Тахт дар деҳоти Фондарё ҷойгир буда, самти фаъолияташ коркарди ангишт аст.

Ба иттилои манбаъ, иқтидори истихроҷи ангишт 90 ҳазор тонна дар як сол пешбинӣ гардида, барои истихроҷи ангишт 70 техника ва 250 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” бошад ба истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ихтисос дода шуда, дар масоҳати 6 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд шудааст ва иқтидори истеҳсолу коркарди консентрати тилло 4 ҳазору 500 тоннаро дар як шабонарӯз фаро мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии “Боғистон”-ро дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ оғоз бахшидааст.

Тарабхонаи миллии маҷмаа дорои 150 ҷойи нишаст буда, дар ҳамин мавзеъ раиси ҷумҳур бо 80 нафар ятимон ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим кардааст.  Дар ҳамин мавзеъ сафари роҳбари давлат ба ноҳияи Айнӣ ба анҷом расидааст.

1/4

 

Сафар ба Панҷакент

Бо анҷоми сафар дар ноҳияи Айнӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент рафт ва нахуст дар деҳоти Лоиқ Шералӣ бинои нави кӯдакистони “Нилуфар”-ро ба истифода дод.

Баъдан, ба фаъолияти мактаби № 115, ки барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад, оғоз бахшид.

Гуфта мешавад, ки он дорои 21 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 63 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст.

Дар идома роҳбари давлат, ба таври фосилавӣ ба фаъолияти як қатор иншоот, аз ҷумла муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаи Суҷина барои 120 кӯдак, мактаб дар деҳаи Косатарош барои 520 хонанда дар ду баст, синфхонаҳои иловагӣ дар деҳоти Сор барои 120 хонанда, бинои ҲХДТ дар маркази шаҳр бо 63 ҷойи корӣ, бинои Раёсати КДАМ дар деҳоти Саразм, бинои ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва меҳмонхонаи Фаризи дорои 60 ҳуҷра дар маркази шаҳри Панҷакент оғоз бахшидааст.

Дар идомаи сафари кории худ ба Панҷакент раисҷумҳури кишвар дар деҳоти Лоиқ Шералӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намудааст.

1/14

Гуфта шудааст, ки беморхона имкон дорад ба 25 ҳазор аҳолии деҳоти Лоиқ Шералӣ, 4 деҳоти гирду атроф, сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ низ хизмат расонад.

Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, шуъбаҳои бемориҳои амрозӣ дарунӣ, ҷарроҳӣ, асабшиносӣ, таваллудхона, касалиҳои кӯдакона, озмоишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ташхисию табобатии он бо 100 кати хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин мебошад.    

Дар ин мавзеъ ҳамзамон 5 иншооти нави тандурустӣ тариқи маҷозӣ ифтитоҳ гардидааст.

Филиали Муассисаи давлатии маркази стоматологӣ дар маркази шаҳри Панҷакент, 3 маркази саломатӣ дар деҳаҳои Равот, Кӯҳдоман, Шӯрнова ва бинои иловагӣ барои беморони беморхонаи пӯст ва зуҳравӣ дар деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ аз ҷумлаи ин иншоотанд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ “Салмон-Бинокор”-ро мавриди истифода қарор дода, бо фаъолияти он шинос шудааст.

Гуфта мешавад, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз аз 4 ҳазор то 4 ҳазору 500 шифер пешбинӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба таври маҷозӣ як қатор корхонаҳои дигар, аз ҷумла, корхонаи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли маҳсулоти бетонии “Чинор-сой”, корхонаи оҳакбарории “Зарафшон”, коргоҳи пойафзол, пули мошингузари деҳаи Қумоқ бо дарозии 48 метр, системаи обтаъминкунии шаҳри Панҷакент, шабакаи оби нӯшокии деҳоти Саразм ва хати оби полезӣ дар деҳоти Лоиқ Шералиро ифтитоҳ намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Панҷакент боздид кардааст.

Дар намоишгоҳ номгӯи маҳсулоти корхонаи муштараки Зарафшон, аз қабили тилло, нуқра, хокаи мис, миси катодӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрокворӣ, сарулибоси мактабӣ, инчунин, маҳсулоти ширӣ ва нушокиҳои ташнашикан муаррифӣ шудаанд.

Дар идомаи сафари худ сарвари давлат ба гармхонаи Моғиён-Агро, ки дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент воқеъ аст, ҳузур оварда, бо кори он шинос шудааст.

Ба иттилои манбаъ, масоҳати гармхона як гектарро ташкил дода, помидору қаламфури булғорӣ, қулфинай, лимӯ, гулкарам, бодиринг ва дигар навъи сабзавот дар он парвариш мешаванд.

Ҳамчунин Эмаомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки сафари Эмомалӣ раҳмон, сарвари давлат ба шаҳру навоҳии Суғд имрӯз оғоз гардида, се рӯз давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.