Дар соли 2025 арзиши сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба андозаи рекордии 39% боло рафтанд. Болоравии нарх ба як қатор омилҳо вобаста аст: шиддати вазъияти геополитикӣ, заъфи қурби доллар, зиёд шудани талабот ба тилло, ки дар ҷаҳон ба афзоиши нархи тилло боис шуд. Тибқи пешгӯиҳо, дар соли 2026 ҷараёни болоравии нархи тилло идома меёбад.
Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки сабикаҳои тиллои ченшудаи БМТ дар шароити афзоиши баланди нархҳои ҷаҳонӣ ба ин фулузот ба ҳисоби миёна ба андозаи 39,03% гарон шудаанд.
Бино ба маълумоти ин ниҳод, давоми соли 2025 арзиши сабикаи 5-грамма ба маблағи 1 832.19 сомонӣ (38,34%38 сомонӣ) афзуда, дар рӯзи 1-уми январи соли равон 6610,42 сомониро ташкил дод. Сабикаи 100-грамма бошад, ба маблағи 36 737.98 сомонӣ (39,47%) зиёд шуда, рӯзи 1-уми январи соли равон нархаш 129 812,90 сомониро ташкил дод.
Ҳамчунин сабикаҳои тиллои вазнашон 10, 20 ва 50 грамм низ ба фурӯш гузошта шудааст. Бояд гуфт, ҳар қадаре вазни сабикаи ченшуда зиёдтар бошад, тилло ҳамон қадр ба харидор арзонтар фурӯхта мешавад.
Ёдрас мекунем, ки сабикаҳои тиллои БМТ пас аз гароншавии рекордӣ (ба андозаи 43%) дар соли пандемияи 2020, дар ду соли минбаъда каме арзон шуданд (ба андозаи 4,1% дар соли 2021 ва 9% - дар соли 2022). Аммо аз соли 2023 инҷониб нархи он бо суръати нисбатан баланд (21,5% дар соли 2023 ва 25,8% - дар соли 2024) боло рафтанд.
Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 5 рӯзи аввали соли 2026 арзиши сабикаҳои БМТ бо суръати боз ҳам бештар - ба ҳисоби миёна 3% боло рафт. Ба эҳтимоли қавӣ, ин ба болоравии нархи фулузоти гаронбаҳо дар ҷаҳон дар пасманзари рӯйдодҳо дар Венесуэла вобаста аст.
БМТ моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард. Ҳоло шаҳрвандон метавонад бидуни маҳдудият онро харанд.
Мутахассисони БМТ арзиши сабикаҳоро ҳамарӯза бар асоси нархҳои унсияи Труа (31,1034768 грамм)-и тилло аз рӯи натиҷаҳои фиксинг (сабти нарх)-и субҳи байнибонкӣ дар Лондон муайян ва муқаррар мекунанд.
Ҳамчунин, хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшудаи тило, нақлиёт ва суғурта, инчунин боҷҳои содиротӣ ба назар гирифта мешаванд.
Барои истеҳсоли сабикаҳо аз тиллои дар кишвар истихроҷшуда истифода мешавад.
Дар гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло (WGC) гуфта мешавад, соли 2025 нархи тилло ба таври бесобиқа давоми даҳ соли охир боло рафт: то 1-уми ноябри соли 2025 арзиши тилло ба андозаи 60,6% боло рафта, дар як соли ҳоло нопурра зиёда аз 50 нишондиҳандаҳои таърихии ҳадди ниҳоиро нав кард.
Таҳлилгарони WGC сабаби инро ба таъсири чанд омил рабт медиҳанд: номуайянии вазъи геополитикӣ ва иқтисодӣ, заъфи қурби доллар, инчунин ҷараёни мусбати ҳаракати нархҳо.
Дар пасманзари ин ҳам сармоягузорон ва ҳам бонкҳои марказӣ ҳиссаи тиллоро дар сандуқҳо ба сифати як воситаи гуногунсамт сохтан ва “бандари ором” дар давраҳои бесарусомонӣ зиёд карданд.




