ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 ИЮЛ
Соли 1997 – Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 2006 – Комбинати кӯҳӣ-саноатии Адрасмон дар музояда ба маблағи 11,5 миллион сомонӣ ба ширкати “КазИнвестМинерал” фурӯхта шуд.
Соли 2006 – Қаламе, ки бо он 11-уми декабри соли 1996 Созишномаи қатъи амалиёти ҷангӣ ва барқарорсозии вазъи ҳарбию сиёсӣ дар минтақаҳои мухолифат имзо шуда буд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид.
Соли 2008 – Дар шаҳри Душанбе бинои нави сафорати Олмон ифтитоҳ ёфт.
Соли 2012 – Эълон гардид, ки ҳамаи корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи обии Роғун муваққатан қатъ гардидаанд.
Соли 2015 – Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон қонунеро имзо кард, ки мувофиқи он, аъзои ҳукумат ва наздикони онҳо муваззафанд даромадҳои худро расман эълом намоянд.
Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо гузошт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1920 – Мавлуди Алиназар Хоҷаев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ.
Соли 1947 – Мавлуди Ғайрат Ҳаким, нависандаи асарҳои детективӣ.

Ғайрат Ҳаким муаллифи як қатор роману ҳикояву қиссаҳо буда, солҳо ҳамчун рӯзноманигор фаъолият кардааст.
Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, як муддат дар рӯзномаи “Зарбдор”-и Зафаробод, “Ҳақиқати Ленинобод” ҳамчун рӯзноманигор кор кардааст. Баъдан дар АМИТ “Ховар”, ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон”, “Крим- Инфо”, “Оила” ва “Рекламная газета” фаъолият намуд. Як муддат сармуҳаррири рӯзномаи “Ривоят-Версия”-и Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд буд.
Ӯ муаллифи қиссаву ҳикояҳои “Муждаи Сир”, “Сиришки сурур”, “Дод аз дасти фалак”, “Тирамоҳи вопасин”, “Дар роҳи адолат” ва романи сегонаи “Ахтари рахшон”, “Байни обу оташ”, “Ганҷ дар вайрона”, инчунин романи “Ҳукми бадтар аз марг” аст, ки дар осори ӯ ҷойгоҳи хос доранд.
Соли 2001 – Фирӯза Амонова, шарқшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология ва профессор дар 49-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 18-уми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела таҷлил мегардад. Ин сана ба рӯзи таваллуди Нелсон Мандела, ки яке аз муборизони маъруфи ҷаҳонӣ зидди апартеид (сиёсати табъиз ва ҷудо кардани одамон аз рӯйи нажод) аст, бахшида шудааст. Ин сана моҳи ноябри соли 2009 бо қарори Маҷмааи Умумии СММ расман таъсис дода шудааст.

Нелсон Ролихлахла Мандела аввалин президенти сиёҳпӯсти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ буд. Ӯ яке аз фаъолтарин ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар давраи ҳукумати нажодпарастии апартеид ба ҳисоб мерафт ва барои фаъолияти сиёсиаш 26 солро дар зиндон гузаронид.
Ӯ соли 1990 аз зиндон озод гардида, соли 1993 сазовори Ҷоизаи Нобел шуд. Дар интихоботи умумии соли 1994, ки аввалин интихоботи озоди кишвар буд ва тамоми аҳолӣ новобаста аз нажод ҳуқуқи овоздиҳӣ доштанд, Нелсон Мандела ба ҳайси аввалин сиёҳпӯсти кишвар президенти Африқои Ҷанубӣ интихоб гардид.
18-уми июли соли 1921 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Париж нахустин бор ба тифли навзод ваксинаи зидди бемории сил гузаронида шуд. Он дастоварди муҳиме дар мубориза бо яке аз марговартарин бемориҳои замон дониста мешуд.

Бемории сил аз давраҳои қадим маълум аст ва олимоне чун Гиппократ, Галён ва Ибни Сино онро тавсиф кардаанд. То ибтидои асри XX ин беморӣ амалан шифо надошт. Соли 1919 олимон Албер Калметт ва Камил Герен ваксинаи махсуси зидди силро ихтироъ карданд.
Тибқи омори Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), ҳар сол тақрибан 9 миллион нафар ба ин беморӣ мубтало мегарданд ва то 2 миллион нафар бар асари он ҷони худро аз даст медиҳанд.
18-уми июли соли 1985 нахустин дастгоҳи электронии бозии машҳури “Тетрис” истеҳсол гардид. Ин бозӣ яке аз бозиҳои маъмултарини компютерӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Гунаи аввалини бозӣ 6-уми июни соли 1984 аз ҷониби барномасози шӯравӣ Алексей Пажитнов, ки дар Маркази ҳисоббарории Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ фаъолият мекард, таҳия шуда буд.
То имрӯз зиёда аз 170 миллион нусхаи “Тетрис” фурӯхта шудааст. Бозӣ қариб дар ҳамаи платформаҳои компютерӣ ва дастгоҳҳои бозигарӣ ҷой гирифта, яке аз серхаридортарин бозиҳо дониста мешавад.
18-уми июли соли 1968 ширкати NM Electronics, ки дертар бо номи Intel машҳур шуд, расман таъсис ёфт. Онро ду муҳандиси амрикоӣ – Роберт Нойс ва Гордон Мур бо се миллион доллар ва нияти таҳияи тарҳҳо бо сатҳи баланди муттаҳидшавӣ таъсис доданд.
Дар оғоз ширкат ба истеҳсоли хотираҳои статикӣ (RAM) машғул буд. Баъдан номаш ба “Intel” (ихтисора аз “integrated electronics”) иваз шуд ва соли 1971 аввалин микропротсессори худро ба бозор баровард.
Аз ибтидои солҳои 1980-ум, Intel тадриҷан ба ширкати пешсаф дар истеҳсоли микропротсессорҳо дар ҷаҳон табдил ёфт ва то имрӯз ҷойгоҳи худро дар арсаи технология ҳифз намудааст.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 18 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 24+29º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 31+36º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 39+41º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 31+33º гарм.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста