ЧОРАБИНИҲОИ 25 ИЮЛ
- Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Кумитаи ҳифзи муҳити зист (соати 08:00), Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ (соати 09:00), Кумитаи меъморӣ ва сохтмон (соати 09:00), шаҳрдории Душанбе (соати 09:00), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (соати 10:00), Вазорати энергетика ва захираҳои об (соати 15:00).
- Имрӯз, соати 17:00 дар “Serena Art Gallery” намоиши мусаввараҳои Холиқ Давлатов, рассоми тоҷик, узви Иттифоқи рассомон ва Академияи рассомони Тоҷикистон таҳти унвони “Торҳои гӯё” оғоз мегардад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 ИЮЛ
Соли 1947 - Дар Прага аввалин Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 давлати дунё иштирок намуданд.
Соли 1969 - Ҷилди аввали “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” ба нашр расид.
Соли 2005 - Эмомалӣ Раҳмон Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон”-ро имзо кард.
Соли 2017 - Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷойи пулҳои қоғазӣ тангаҳои филизии 1, 3 ва 5 сомонӣ ба муомилот баровард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1955 - Мавлуди Абдураҳмон Қодиров, мухандис, доктори илмҳои иқтисод, профессор.
Соли 1940 - Зодрӯзи Лола Баракаева, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1947 - Зодрӯзи Ҳотам Юнусов, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 2000 - Зодрӯзи Ваҳдат Ҳаннонов, футболбози тоҷик, мудофеи марказии бошгоҳи “Сипоҳон”-и Эрон ва мунтахаби миллии Тоҷикистон.
Ваҳдат Ҳаннонов, ки ҳоло дар бошгоҳи “Сипоҳон”-и Эрон бозӣ мекунад, фаъолияти варзишии худро аз дастаи "Барқчӣ"-и шаҳри Ҳисор оғоз карда, баъдан ба “Артиш” (КМВА)-и Душанбе ва аз он ҷо ба “Истиқлол” гузашт. Як ҷо бо ин даста Ваҳдат қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Ҳамчунин, ӯ ба яке аз мудофеони асосии "Истиқлол" табдил ёфта, дар соли 2021 беҳтарин ҳимоятгари Лигаи олӣ эътироф гардид.
Пасон дар соли 2021 ӯ ба дастаи “Персеполис”-и Эрон рафта, ҳамроҳ бо ин даста соҳиби ду унвони қаҳрамонии ин кишвар шуд.
Ҳаннонов, ки аз соли 2024 бозигари дастаи "Сипоҳон" аст, соли 2018 дар рақобати Тоҷикистон бо Уммон нахустин бор дар ҳайати мунтахаби кишвар ҳунарнамоӣ кард. Аз ҳамон вақт пайваста ба даста даъват шуда, узви ҳайате буд, ки соли 2022 Ҷоми Подшоҳи Тайландро ба даст овард.
Соли 2014 - Ҷонибек Акобиров, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 61-солагӣ даргузашт.

Ҷонибек Акобиров аз нависандаҳои хушноми тоҷик буд ва асосан жанри ҳикоя менавишт. Ӯро аз намояндагони барҷастаи ба истилоҳ “насри кӯҳистонӣ” дар адабиёти тоҷик медонанд.
Ӯ соли 1952 дар рустои Рӯшании ноҳияи Комсомоболод (Нурободи ҳозира) ба дунё омада, соли 1980 риштаи забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ҷонибек Акобиров дар солҳои 80 ва авоили солҳои 90 ба ҳайси мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” кор мекард. Ӯ соли 1992 як муддат сухангӯи раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров буд. Ҷонибеки Акобир соли 1996 сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” таъин шуд ва ба гуфтаи адибон, тавонист ин маҷалларо, ки дар солҳои 90 дучори рукуд шуда буд, дубора ба по бихезонад.
Оғози фаъолияти эҷодии ӯ ба миёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта рост меояд. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои “Дунё ба умед”, “Хирмани ситора”, “Кӯҳистонӣ”, қиссаи “Бозии тақдир” ва китоби ҳикояҳои “Пазмонӣ”, “Оҳанги дареғ” ва “Қаламҳои кӯҳистонӣ” аст. Ӯ мутарҷими қиссаи “Фауст”-и И.Тургенев, қиссаи “Майор ва марг”-и И.Биэшу, романи “Решаҳои урён”-и Проскурин ва як қатор новеллаҳои чехӣ, афсонаҳои маҷорӣ ва ғайра мебошад.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
25-уми июл ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба хотири қадрдонии саҳми арзандаи кормандони соҳа дар иқтисоди миллӣ, таъмини равуои мусофирону боркашонӣ, инчунин робитаҳои байнишаҳриву минтақавӣ интихоб шудааст.

Нақлиёти автомобилӣ яке аз бахшҳои асосии инфрасохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Кормандони ин соҳа дар тамоми фаслҳои сол, дар роҳҳои кӯҳӣ ва ҳамвор, дар ҳама гуна вазъи ҳаво ба интиқоли молу маҳсулот ва мусофирон машғуланд. Ин соҳа дар рушди савдо, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо нақши калидӣ мебозад.
25-уми июли соли 2000 дар фурудгоҳи Париж ҳавопаймои мусофирбари баландсуръати “Конкорд” ба садама дучор шуд. Соли 1969 ин ҳавопаймо нахустин парвози озмоишии худро анҷом дода буд. Соли 1995 бо истифода аз “Конкорд” рекорди давр задани Замин дар 31 соат 30 дақиқа гузошта шуд.

Соли 1976 парвозҳои тиҷоратии он шурӯъ гардиданд, вале 25-уми июли соли 2000 бар асари садамаи шадид 113 нафар - 109 мусофир ва 4 сокини меҳмонхона, ки ҳавопаймои оташгирифта болои он афтод, ҳалок шуданд. Аз он вақт парвозҳо қатъ шуданд. Гарчанде парвозҳо соли 2001 дубора оғоз ёфтанд, эътимоди мардум барқарор нашуд. Ниҳоят, аз 1 ноябри соли 2003 “Конкорд” пурра фаъолияти худро қатъ кард.
25-уми июли соли 1978 Луиза Ҷой Браун - аввалин кӯдаке дар дунё бо роҳи бордоркунии сунъӣ (ЭКО) ба дунё омад. Ин рӯйдод ҷаҳони тиб ва ҷомеаро такон дод ва ба миллионҳо ҷуфти нозо умед бахшид.

Гарчанде дар солҳои 1970-ум ин технология мавриди интиқод ва баҳс қарор дошт, мутахассисон Роберт Эдвардс ва Патрик Степто онро дар тӯли даҳ сол рушд доданд. Имрӯз миллионҳо кӯдак дар ҷаҳон тавассути ЭКО ба дунё меоянд.
Имрӯз Рӯзи дандонсозон таҷлил мешавад. Он аз соли 2000 таҷлил шуда, ба кормандони озмоишгоҳҳои дандонсозӣ бахшида шудааст.

Имрӯз ин касб як самти алоҳида дар стоматология мебошад. Онҳо асосан протезҳои дандон, рӯй, дастгоҳҳои ҷоғу рӯй месозанд, ки баъдан табибон ба беморон насб мекунанд.
Имрӯз Рӯзи дарёфти мазза ва бӯйҳои нав аст. Ин рӯз метавонад як баҳонаи хубе барои чашидан ё бӯидани чизҳои нав бошад. Маншаи пайдоиши ин рӯз маълум нест, вале тибқи як фарзия, он ба ёди аттори машҳури фаронсавӣ Франсуа Коти ҷашн гирифта мешавад, ки дар ҳамин рӯзи соли 1934 даргузашт.

Коти беш аз 130 навъи атр ихтироъ кардааст, ки баъзеашон, монанди Chypre, L’Origan, Le Muguet, VAimant ва VEmeraude ба қатори машҳуртарин атрҳои асри XX дохил шудаанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 25 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 28+33º гарм дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 31+33º гарм.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста