ЧОРАБИНИҲОИ 29 ИЮЛ

Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Агентии назорати маводи нашъаовар (соати 08:00), Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (соати 08:00), Агентии “Тоҷикстандарт” (соати 09:30), Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон (соати 10:30), Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ (соати 14:00).

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 ИЮЛ

Соли 2002 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Умед Бобохонов, директори генералии  Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” мулоқот намуд ва ба Кумитаи телевизион ва радио супориш дод, ки ҷараёни додани иҷозатномаи радиои “Азия-Плюс”-ро тезонад.

Соли 2004 – Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик ва сардабири вақти ҳафтаномаи “Рӯзи Нав”, як нашрияи мустақили Тоҷикистон аз сӯи ашхоси номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт. Бар асоси ташхиси тиббӣ гуфта мешуд, ки аз ноҳияи сар ва тахтапушт ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Соли 2006 – Дар ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) заминларза рух дод, ки дар натиҷа 3 кӯдак ба ҳалокат расид.

2009 – Ширкати олмонии “Muhlbauer” дар озмун барои харидории бланкҳои шиносномаи биометрӣ бо микрочип барои Тоҷикистон ғолиб омад.

Соли 2009 – Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аввалин парвози мустақимро аз Душанбе ба шаҳри Франкфурт-Майнеи Олмон анҷом дод.

Соли 2018 – Дар Себистони Данғара чаҳор сайёҳи хориҷӣ зимни як ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳалокат расиданд. Масъулияти ин ҳамларо мақомоти тоҷик ба души аъзои ҲНИТ (Ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) вогузор карданд, вале гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бо пахши саҳнаи савгандёдкунии панҷ ҷавони ҳамлагар, масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш гирифт.

Соли 2020 – Швейтсария бо кӯмаки Оҷонсии рушди Суис ба Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19 1,1 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кард.

Соли 2020 – Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус ба маблағи қариб 1 миллион доллари иловагӣ грант ҷудо намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1939 – Мавлуди Раҳим Ҳошимов, олими забоншинос, доктори илмҳои филологӣ.

Соли 1945 – Зодрӯзи Ниёзбек Давлатбеков, муаррихи тоҷик.

Соли 1996 – Муҳаммад Осимӣ, академики тоҷик, собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар 76-солагӣ кушта шуд.

Муҳаммад Осимӣ

Муҳаммад Осимӣ ҳамчун файласуф натанҳо дар рушди ин илм дар Тоҷикистон саҳм гузошт, балки ба донишмандони дигар имкон фароҳам овард, то дастовардҳои худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.

Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи Самарқанд дар соли 1941, муддате дар мактабҳои олии Тоҷикистон кор кардааст. Як муддат бо кори сиёсӣ ва давлатӣ низ шуғл варзид.

Солҳои 1946–1952 мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, муовини директори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, солҳои 1956–1962 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 1962 вазири маорифи халқи Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Солҳои 1962–1965 ба ҳайси раиси Коммитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст.

Осимӣ беш аз бист сол, аз соли 1965 то 1988, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ҳамзамон солҳои 1991–1996 вазифаи раиси Ҷамъияти "Пайванд"ро бар дӯш дошт. Охирҳои солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри XX дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфтааст. Зери роҳбариаш шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. 

Ӯ инчунин, солҳо Маркази пажӯҳиши тамаддун ва фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказиро дар ЮНЕСКО сарварӣ мекард. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ  Осимӣ аз аввалин касоне буд, ки хостори ислоҳот дар илми тоҷик, аз ҷумла бознависии таърихи тоҷикон шуд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии академик Осимӣ фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафа, илм, забон, адабиёт мебошад. Таълифоти ӯро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлӯҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ фарогир мебошанд.

Академик Осимиро афроди мусаллаҳ соли 1996 дар шаҳри Душанбе ба қатл расониданд.

Соли 2016 - Убайдуллоҳи Ширин, рӯзноманигор, шоир ва нависандаи тоҷик даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 29-уми июл дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад. Ин сана бо ташаббуси 13 кишваре, ки дар ҳудуди онҳо паланг зиндагӣ мекунад, таъсис ёфтааст. Ҳадафи аслии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба хатари нобудшавии ин навъи нодири ҳайвонот ва ташвиқи роҳҳои ҳифз ва муҳофизати онҳо мебошад.


29-уми июли соли 1836 дар Париж дар майдони Шарл де Голл Аркаи машҳури Триумфи расман ба истифода дода шуд. Сохтмони онро Наполеон Бонапарт бо мақсади ҷовидона сохтани пирӯзиҳои артишаш амр дода буд.

То соли 1815, ки Наполеон аз қудрат барканор шуд, пояҳои арка ба баландии 20 метр расида буданд. Баъди 8 сол, дар замони подшоҳии Луи Филипп сохтмон аз нав оғоз ёфт ва 29-уми июли соли 1836 ба анҷом расид. Моҳи декабри соли 1840 тобути Наполеон аз зери Арка гузаронида шуд.


29 июли соли 1963 нахустин парвози ҳавопаймои мусофирбари реактивии “Ту-134” сурат гирифт. Ин ҳавопаймо яке аз муваффақтарин лоиҳаҳо дар таърихи саноати авиатсияи граждании Шӯравӣ маҳсуб меёбад.

Он аз соли 1966 то 1984 дар шаҳри Харков истеҳсол шудааст. Дар маҷмӯъ 854 адад ҳавопаймо бо навъҳои гуногун сохта шуд. Аз соли 2013 ба ин сӯ ҳамаи Ту-134-ҳо тадриҷан аз истифода хориҷ шуданд.


29-уми июли соли 1981 дар шаҳри Лондон, дар калисои Сент-Пол тӯйи бошукӯҳи шоҳзодаи Уэлс Чарлз ва леди Диана Спенсер баргузор гардид. Леди Диана – духтари граф Спенсер ва мураббии кӯдакистон баъд аз ин арӯсӣ узви хонадони шоҳии Британия гардид.

Ин маросим ҳамчун “арӯсии афсонавӣ” шинохта шуда, тариқи телевизион барои беш аз 750 ҳазор тамошобин пахш гардид. Дар кӯчаҳои Лондон 600 ҳазор нафар ҷамъ омаданд, то шоҳиди арӯсии шоҳона шаванд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 29 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 19+24º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 30+35º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.