ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

- Дар Душанбе мусобиқаи Ҷоми ҷаҳони куштии самбо дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дорад. Мусобиқа 21-уми сентябр оғоз гардида, варзишгарон дар 14 вазн рақобат мекунанд.

- Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнии “Атои саҳна”  идома дорад. Ин намоиш ба ифтихори 85-солагии Ато Муҳаммадҷонов 16-уми сентябр оғоз гардид ва то 25-уми сентябр идома меёбад.

Дар намоиш беш аз 110 нигора, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, либосҳои саҳнавӣ, аксҳо, наворҳо ва китобҳо, ки бозгӯи фаъолияти пурсамари ҳунарпешаи шинохта Ато Муҳаммадҷонов аст, пешниҳод мешавад.

- Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2000 - Мӯҳлати мандати Нерӯҳои посдори сулҳи дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон ба охир расид.

2001 - Маросими расмии ифтитоҳи қитъаи Мурғоб-Қулма баргузор шуд, ки шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғобро бо шоҳроҳи Қароқум мепайвандад.

2016 - Тақрибан 50 нафар намояндагони созмони ҷавонони “Авангард” дар назди дафтари САҲА дар Душанбе ҷамъ омада, талаб карданд, ки дар робита ба иштироки аъзои ҲНИТ дар ҷаласаи ҳуқуқи инсон дар Варшава чора андешида шавад.

 

ШАХСИЯТҲО

1938 – Мавлуди Раҳматҳон Давлатов, номзади илмҳои педагогӣ.

1952 – Зодрӯзи Ҳасан Абдуллоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

1969 – Зодрӯзи Заррина Баҳриева, инженер-иқтисоддон. Номзади илмҳоии иқтисодӣ

1925 - Фозил Одилов, овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар синни 85 даргузашт.

1932 - Нодир Одилов, файласуфи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа ва профессор дар синни 87 солагӣ даргузашт.

 

Нодир Одилов

Нодир Одилов аз ҷумлаи донишмандоне буд, ки сухани нахуст аз Мавлоно мегуфт.  Профессор Нодир Одилов ҳанӯз дар даврони аввали фаъолияти омӯзишиву таҳқиқотияш дар солҳои 60-уми асри гузашта ҳамчун файласуфи борикбин, олими хушсалиқа ва устоди нотакрор дар муҳити илмиву таълимии кишвар соҳиби нуфузу этибор гашта буд.

Ӯ ба таҳқиқи осори мутафаккири форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ рӯй оварда, соли 1964 монографияи илмияшро зери унвони “Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ” бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр намуд. Баъди ин асарҳову таълифоти дигараш низ аз қабили “Ислом дар оинаи ақл”, “Ихтилофи ақоид ва низои мазҳабӣ дар ислом”, “Идеализатсия дар ашъори Рӯдакӣ”, “Дар мавриди ифодаи назмии ҳақиқат”, “Ислом ва инсон” ва ғайраҳо пай дар пай ба табъ мерасанд, ки нигоҳи воқеъбинона ва илмиро ба ин масъалаҳо ва ба дигар падидаҳои илми кишвар дар бар мегирифтанд.

Нодир Одилов 21-уми сентябри соли 2019 дар синни 87 даргузашт.                             

1991Наргис Бандишоева яке аз номдортарин овозхонони тоҷик дар 24-солагӣ дар сонеҳае ҷон бохт.

 

Ин овозхони ҷавонмарги тоҷик 8-уми октябри 1966 дар Душанбе, дар хонаводаи оҳангсози маъруф Ҳукуматшоҳ Бандишоев ва Бунафша Бекова таваллуд шудааст. Ӯ бародарзодаи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, овозхони номдор Савсан Бандишоева ва оҳангсозу наққоши маъруф Марватшоҳ Бандишоев мебошад.

Наргис Бандишоева дар байни мардум зуд шӯҳрат пайдо кард ва сурудҳояш то ҳол маҳбуби халқ аст.

Ӯ дар маҳбубтарин фестивали байналмилалии он замон – “Овози Осиё” («Азия Даусы»), ки дар Алмаато баргузор шуда буд, ғолиб омада буд.

21-уми сентябри соли 1991 – ӯ бо дӯстонаш барои таҷлили зодрӯзи дӯсташ Марианна Орипова ба ноҳияи Варзоб меравад ва дар роҳи бозгашт мошини онҳо бо автобусе, ки аз пеш меомад, бармехӯрад. Наргис ва як дӯсташ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

2015 – Азимҷон Амонҷонов, доктори илми химия, профессор дар 64 солагӣ даргузашт.

1940 - Абдулло Ёрмуҳаммадов, ходими давлатӣ, яке аз фаъолони муборизаи зидди ҳаракати зиддиинқилобӣ, аввалин вазири корҳои дохилии Тоҷикистони шӯравӣ дар 43 солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи байналмилалии сулҳ таҷлил мегардад, ки онро Маҷмаи Умумии СММ рӯзи таҳкими ғояҳои сулҳ дар байни тамоми кишварҳо ва халқҳо, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам байналмилалӣ эълон кардааст.

 


Аз соли 2002 инҷониб Рӯзи байналмилалии сулҳ ҳамчун рӯзи оташбаси умумӣ ва даст кашидан аз зӯроварӣ таҷлил мешавад. Барои аксари мардум сулҳ як воқеияти ҳаррӯза аст. Аммо барои бисёре аз одамон дар ҷаҳони муосир, ин танҳо як орзуи афсонавӣ аст. Онҳо дар фазои ноором ва тарс зиндагӣ мекунанд.

СММ ба ҳамаи кишварҳо ва халқҳо пешниҳод менамояд, ки дар ин рӯз ҳама амалиёти ҷангиро қатъ намуда, ин рӯзро бо гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ ва маълумоти ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои сулҳ таҷлил намоянд. Ҳодисаҳои солҳои охир – ҷанг, ихтилофоти амиқе, ки мардум ва афроди алоҳидаро дар саросари ҷаҳон аз ҳам ҷудо мекунанд, бӯҳрони иқлим, вирусҳо имрӯз аҳамияти Рӯзи байналмилалии сулҳро бесобиқа гардонидаанд.

Рӯзи байналмилалии огоҳсозӣ ва мубориза бо бемории Алтсҳаймер таҷлил мегардад.

Ин рӯз соли 1994 бо ташаббуси созмонҳое таъсис ёфтааст, ки ба таҳқиқи ин беморӣ ва дарёфти роҳҳои коҳиши рушди он машғуланд.

 


Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 35 миллион нафар гирифтории пиршавии барвақтӣ мебошанд. Мувофиқи пешгӯии коршиносон, ин рақам мунтазам афзоиш ёфта, то соли 2050 ба 115 миллион нафар хоҳад расид.  Бемории Алтсҳаймер ба одамон новобаста аз таҳсилот ва сатҳи зиндагии онҳо таъсир мерасонад.

Рӯзи партовҳои сифрӣ аст, ки як санаи экологӣ ба ҳисоб рафта, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Соли 1980 дар Канада идеяи таъсис ва баргузории рӯзи ҳифзи муҳити зист тавассути кам кардани партови маҳсулоти сӯзишвории карбогидридӣ (нафт, бензин, газ, ангишт) ба атмосфера ба вуҷуд омад. Ҳамин тавр ин рӯз ҳар сол таҷлил мегардад.

 


Ҳар сол дар ин рӯз амалиёти “Сайёраро аз партов тоза мекунем” баргузор мегардад. Бори аввал ин чорабинӣ моҳи сентябри соли 1993 аз ҷониби сокинони Австралия гузаронида шуд. Онҳо ба таври оммавӣ барои тоза кардани соҳилҳои уқёнус баромаданд. Тадриҷан кишварҳои дигар ба ин амалиёт ҳамроҳ шуданд ва имрӯз дар он миллионҳо ихтиёриён аз 100 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.

Сокинони қитъаҳои гуногун махсус як ҳафтаи моҳи сентябрро барои ҷамъоварӣ ва ҷудо кардани партовҳо дар шаҳри худ ҷудо мекунанд ё бо мақсадҳои экологӣ ба ягон нуқтаи дигари сайёра сафар менамоянд.

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 21 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд  - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм,  рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 19+24º гарм

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 25+30º гарм

Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм,  рӯзона 25+30º гарм

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 14+19º гарм

Дар шаҳри Душанбе - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 30+32º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  шабона 16+18º гарм, рӯзона 28+30º гарм

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 33+35º гарм

Дар шаҳри Хоруғ  - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.