Ин ва чанд масъалаи дигар дирӯз, 29-уми сентябр дар мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Айбек Шаменоф, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд баррасӣ шудааст.
Дастгоҳи намояндагии президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд хабар додааст, ки инчунин дар ин ҷаласа раисони ноҳияҳо ва намояндаҳои мақомоти қудратии вилоятҳо ширкат доштаанд.
“Дар вохӯрӣ сарони вилоятҳо масъалаҳои кӯчонидани сокинонро баррасӣ намуда, ҷонибҳо дар мавриди табодули натоиҷи минтақаҳои ивазшудаи Қирғизистону Тоҷикистон, аломатгузории сарҳад, поксозии хатти марзӣ, ҳавлӣ, боғҳо, иншооти тиҷоратӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба мувофиқа расиданд”, - навиштааст манбаъ.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо дар масъалаи ҳифзи амнияти сокинони минтақаҳои сарҳадӣ, таҳкими робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба тавоффуқ кардаанд.
Маълум нест, ки ҷонибҳо мушаххас дар бораи кӯчонидани сокинони минтақҳао наздимарзӣ ва ё аломатгузории сарҳад чӣ гуфтаанд.
Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳороте нашр накардааст.
Қаблан ҷониби Қирғизистон ба сохтмони хонаҳо барои сокинони минтақаҳои ивазшуда бо Тоҷикистон оғоз карда буд. Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд 76 хона бунёд мешавад ва корҳои сохтмони он 60% иҷро шудаанд.
Мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, дар ноҳияҳои Лайлак ва Ботканд бунёди 257 хона дар доираи ивази ҳудудҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз маълум нест, ки дар ҳудудҳои ивазшудаи Тоҷикистон бо Қирғизистон барои сокинони наздимарзӣ чанд хона бунёд мешавад ва оё сохтмони хонаҳо оғоз шудааст ё не.
Қаблан, Қирғизистон аз оғози насби симхор дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад бо Тоҷикистон хабар дода буд.
Ёдрас мешавем, ки созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров, роҳбарони ду кишвар дар Бишкек ба имзо расид. Он ба ҷараёни таъйину аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон хотима бахшид ва аз 1006 км сарҳади умумӣ ҷонибҳо сари муайян кардани 486 км қаламрави баҳснок ба мувофиқа расиданд.
Тафсилоти созишномаи марзиро дар бораи он ки тарафҳо кадом қитъаҳоро иваз карданд, дар ин пайванд мутолиа кунед.





Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста