ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 17:00 дар толори синамои “Ватан” маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои синамои Қазоқистон доир мешавад. Дар идомаи чорабинӣ филми “Кажимукан - Қаҳрамони ҷаҳон” бо коргардонии Канагат Мустафин манзури тамошобинон мешавад.
– Имрӯз соати 18:00 дар мавзеи “Диёри Душанбе” филми фаронсавии “Бадбахтии Софӣ” намоиш дода мешавад. Он бо коргардонии Кристоф Оноре таҳия шуда, дар нусхаи асл ва зернависи русӣ манзури тамошобинон мегардад. Филм дар доираи Ҷашнвораи филмҳои Фаронсавӣ дар Тоҷикистон намоиш дода шуда, вуруд ва тамошо озод аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1951 – Нашриёти “Дониш”-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 2008 – Парлумони Тоҷикистон “Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Панҷ”-ро тасдиқ кард.
Соли 2014 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори 20-солагии қабули Конститутсия Қонун “Дар бораи авф” имзо кард.
Соли 2016 – Бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун оғоз гардид.

Соли 2020 – Парлумон ба қонунгузорӣ тағйироте ворид кард, ки мувофиқи он кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо карданд, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода баранд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1929 – Мавлуди Қулмуҳаммад Абдулҳусейн, нависандаи тоҷик.
Соли 1942 – Зодрӯзи Усмонқул Шокиров, ходими давлатӣ, собиқ вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон.
Соли 1950 – Мавлуди Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, адабиётшинос, шарқшинос ва шоири тоҷик.
Соли 1956 – Зодрӯзи Орзу Шарипов, коргардони синамо.
Соли 1958 – Мавлуди Ихтиёр Ашӯров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
Соли 2018 – Марат Орифов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 83 даргузашт.

Марат Орифов яке аз ҳунармандони саршиноси тоҷик аст, ки дар синамо чеҳрааш тавассути нақшҳои офаридааш сабт гардидаанд. Ӯ дар беҳтарин филмҳои синамои тоҷик нақш офаридааст.
Марат Орипов 27-уми августи соли 1935 зода шуда, фарзанди Тӯҳфа Фозилова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ аст. Ӯ хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Сталинобод буда, соли 1960 Институти театрию рассомии шаҳри Тошкент ба номи А. Островский ва соли 1964 факултаи режиссёрии филмҳои бадеӣ-устохонаи С. А. Герасимови шаҳри Маскавро хатм кардааст.
Яке аз аввалин нақшҳои асосиаш дар синамо дар филми “Абӯалӣ ибни Сино” нақши Сино ва дар филми “Қисмати шоир” нақши Рӯдакӣ буд.
Баъдтар нақшҳои Сайф дар филми “Вақти зангирии писар расид”, Насриддин дар “Дузди Бағдод”, Ширинкор дар “Коваи оҳангар”, Аҳмад дар “То пагоҳ” ва Комил дар филми “Замони осоишта”-ро офарид.
Ҳамчун коргардон бошад, филмҳои бадеии “Нисо”, “Дили ман дар кӯҳистон”, “Асрори қабила”, “Муҳосира”, “Бо табассум нигар”-ро ба саҳна овард.
Аммо ӯ дар ин миён муддате бознишаста буд ва аз синамо фосила гирифт. Соли 2014 филми "Муаллим" ин ҳунарпешаи маъруфи тоҷикро боз рӯйи саҳна овард ва ӯ дар ин филм нақши падарро бозид.
Соли 2017 – Худоӣ Шарифзода, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ ва профессори тоҷик дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Худоӣ Шарифзода дар адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосир аз ҷумлаи чеҳраҳои маъруфу мондагор ба шумор меравад. Аз ӯ ба унвони пайвандгари насли аввал ва дувуми адабиётшиносони тоҷик ном мебаранд. Фаъолияти адабпажӯҳии ӯ баъд аз дифои рисолаи докторӣ, ки ба давраи тағйири низоми Шӯравӣ ва боз шудани чаҳорчӯбаҳои танги мафкуравии замон рост меояд, боз ҳам паҳнои васеъ пайдо кардааст. Худоӣ Шарифзода бо пажуҳиши машҳураш бо номи “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ” дар ҳавзаи форсибазонон шуҳрати беандоза касб карда буд.
Дар радифи адабиётшиносию нақди адабӣ таваҷҷуҳи ӯро масъалаҳои марбут ба афкори адабию назарии асримиёнагӣ, танқиди адабӣ, фолклор, осори манзуму мансури классикӣ, назму насри адабиёти муосири тоҷик ва ҷомеашинохтии забони тоҷикӣ низ ҷалб карданд.
Инчунин, китобҳои “Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик” (ҳамроҳи Ш. Ҳусейнзода), “Каломи бадеъ”, “Ҳакими суханвар” (ҳамроҳи А. Маниёзов), “Рози ҷаҳон”, “Савти Аҷам”, “Балоғат ва суханварӣ”, “Назарияи наср” ва “Сездаҳ мақола” дар адабиётшиносии тоҷик асарҳои тозаву беназиранд.
Шарифзода қалами хешро дар эҷоди насри бадеӣ ҳам санҷидааст. Ба қалами ӯ як силсила ҳикояҳо тасниф шудаанд, ки қаблан дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуда, соли 2017 дар китоби “Ёддоштҳо ва ҳикояҳои воқеӣ” манзури доираи васеи хонандагон қарор дода шуд.
Соли 2020 – Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзноманигори тоҷик дар 51-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 29-уми октябр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо сактаи мағзи сарро таҷлил мекунад. Ин рӯз соли 2006 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии мубориза бо сактаи мағзӣ бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба хатари ин беморӣ, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки саривақтӣ таъсис ёфтааст.

Сактаи мағзӣ яке аз бемориҳои вазнини системаи асаб аст, ки бар асари қатъи ногаҳонии гардиши хун дар мағзи сар рух медиҳад. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола тақрибан 6,7 миллион нафар дар ҷаҳон аз ин беморӣ мефавтанд.
Ҳамчунин имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии псориаз (бемории музмини пӯст) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати ин беморӣ муайян шудааст.

Ба ҳисоби миёна, 3 дарсади аҳолии ҷаҳон аз псориаз ранҷ мебаранд. Он бо доғҳо ва хушкшавии пӯст зоҳир мегардад ва боиси нороҳатии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ мешавад.
29-уми октябри соли 1929 дар Амрико биржаи саҳомӣ якбора хароб шуд, ки ҷаҳон бо номи “Сешанбеи сиёҳ” мешиносад. Дар натиҷаи ин фоҷиа арзиши саҳмияҳо ногаҳон коҳиш ёфт ва сармояи ҳазорон ширкат ва шахсони инфиродӣ аз байн рафт. Ин суқут оғози Бӯҳрони бузурги ҷаҳонӣ шуд, ки то солҳои 1940 идома ёфт.

Иқтисоди Амрико рукуд кард, сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ шадидан афзуд ва ҷомеаро ноумедӣ фаро гирифт.
“Сешанбеи сиёҳ” дар таърихи иқтисод ҳамчун рамзи шикасти бозори озоди молиявӣ ва оғози давраи тӯлонии таназзули иқтисодӣ боқӣ мондааст.
29-уми октябри соли 1998 Ҷон Гленн, нахустин кайҳоннаварди амрикоӣ, ки соли 1962 се давр дар атрофи Замин парвоз карда буд, пас аз 36 сол дубора ба кайҳон рафт.
Ӯ бо киштии кайҳонии “Дискавери” дар синни 77-солагӣ ба мадор баромад ва ба ин тартиб бузургсолтарин кайҳоннаварди ҷаҳон гардид.

Ин парвоз ҳам таҷрибаи илмӣ дошт ва ҳам рамзӣ буд. Он нишон дод, ки қобилияти инсон барои омӯзиш ва ҷасорат ба синну сол вобаста нест.
29-уми октябри соли 1969 дар Амрико аввалин бор паёми электронӣ тавассути шабакаи таҷрибавии ARPANET (Шабакаи лоиҳаҳои тадқиқотии пешрафта), ки асоси пайдоиши Интернети муосир гардидааст, ирсол гардид. Ин иртибот байни Донишгоҳи Калифорния ва Донишгоҳи Стэнфорд, ки 600 километр аз ҳам дур буданд, барқарор гардид.
Соли 1973 ба ARPANET Бритониё ва Норвегия ҳам пайвастанд ва шабака ба як низоми байналмилалӣ табдил ёфт. Бо пешрафти технология ва пайдоиши системаҳои нав, ARPANET соли 1990 баста шуд, аммо нақши таърихии он дар таваллуди Интернет то имрӯз боқӣ мондааст.

ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 11+16º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) борида, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар навоҳии шарқӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш, шабона борони кутоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 18+20º гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 16+18º гарм.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста