ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Абузабӣ идома дорад. Дар ин мусобиқот 9 ҷудокори тоҷик ширкат меварзанд. Мусобиқот дирӯз оғоз шуд ва то 30-юми ноябр идома карда, наздики 400 варзишгар аз 52 кишвар ширкат мекунанд. Барандаҳои медалҳои тиллои ин мусобиқот соҳиби 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоиза ба даст меоранд.
– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имрӯз ҷамъбаст мегардад. Озмун рӯзи 14-уми ноябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз шуд ва имрӯз 16-уми рӯзи он аст. Ҳоло маълум нест, ки маросими ҷоизасупорӣ кай баргузор мешавад.
– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1994 – Бонки “Эсхата” аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти бонкиро ба даст овард.
Соли 2009 – Хатти баландшиддати 500 киловатаи “Ҷануб-Шимол” ба истифода дода шуд.
Соли 2017 – Дар Душанбе хонаи савдои Ӯзбекистон – “Узтрейд” муаррифӣ шуд.
Соли 2018 – Дастрасӣ ба сомонаи Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” маҳдуд шуд.
Соли 2023 – Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард. Мувофиқи он ҷазо барои амалҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғон сахттар шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1936 – Зодрӯзи Дилбар Қосимова, ҳунарпешаи тоҷик.

Дилбар Қосимова аз ҳунарпешагони маъруфи синамо тоҷик аст. Иҷрои нақши Нигина, маҳбубаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар филми “Қисмати шоир” ба ӯ маҳбубияти хоса овард.
Нақшҳои дигари ӯ низ дар синамо мондагор аст. Аз ҷумла, нақши Зебо дар филми “Вақти зангирии писар”, ҳамсари Хӯҷа Насриддин дар “Насриддин аз Хуҷанд ё Шоҳзодаи зебо”, Нӯшофарин дар “Коваи оҳангар” аз ин қабиланд.
Дилбар Қосимова аввалин нақши худро дар синамои тоҷик соли 1958 дар филми “Вазифаи баланд” бо иҷрои нақши Зулфия бозидааст.
Ӯ аз соли 1962 то 1964 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буда, солҳои минбаъда ҳамчун коргардони дубляж дар киностудия кор кард ва дар тарҷумаи филмҳо саҳм гузошт. Ӯ 7-уми декабри соли 2006 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1960 – Мавлуди Абдулмӯъмин Шарифӣ, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Абдулмуъмин Шарифӣ аз чеҳраҳои камназир ва устураҳои зиндаи театру синамои тоҷик аст. Ӯ яке аз ҳунармандони боистеъдоди тоҷик аст, ки бо гузашти рӯзгор қавитар ва касбитар мешавад.
Абдулмӯъмин Шарифӣ дар баробари ҳунарпешаи соҳибистеъдод будан, аз камтарин ҳунармандони хоксору фурӯтани ҷомеаи мост.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, роҳи ҳунариашро соли 1982 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кардааст. Соли 1989 ба Театри Аҳорун ва мактаби Фаррухи Қосим пайваст ва дар ин боргоҳи ҳунар сайқал ёфтаву ҳунарашро суфта кард. Ҳамзамон бо Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский ҳамкорӣ дошт.
Абдулмуъмин Шарифӣ соли 2008 аз Театри Аҳорун рафт ва ба Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор омад ва то ҳол дар ин театр ҳунар меофарад.
Ӯ дар театру синамо нақшҳои мондагор офаридааст. “Шоҳ Гавазн”, “Доми фиреб”, “Тартюф”, “Марги Яздигурд”, “Шайх Санъон”, “Шоҳ Лир”, “Электра”, “Панҷ зани Афандӣ”, “Роҳзан ва кӯзагар”, “Зани сарватманд”, “Рӯзе дарозтар аз қарн”, “Рустам ва Суҳроб”, “Сарбозони қаторӣ”, “Нури маърифат”, “Чашмони бародари қиёматӣ”, “Бозингарон”, “Шабе дур аз Ватан”, “Аловиддин ва чароғи сеҳрнок”, “Моҷаро” ва “Иштибоҳ” аз намоишномаҳое дониста мешаванд, ки симои Шарифӣ чун ҳзунарпеша барҷаста намоён аст.
Пиромуни шахсияту ҳунари Абдулмуъмин Шарифӣ дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
Соли 1961 – Зодрӯзи Кароматулло Қурбонов, овозхон, мусиқидон ва оҳангсози тоҷик.

Кароматуллоҳи Қурбон аз чеҳраҳои саршиносу овозхонҳои пуртарафдори поёни солҳои 80 ва оғози солҳои 90-ум буд.
Кароматуллоҳи Қурбон дар тӯли фаъолияти эҷодии кӯтоҳи худ тавонист, дар саҳнаи тоҷик мактаби шахсии овозхонии худро созмон диҳад. Сурудҳои ӯ дар бисёр чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, тӯю ҷашнҳо садо додаву то ҳод шунида мешаванд. То имрӯз ҳазорҳо нафар ҳаводори овози ӯ мебошанд ва мактаби ӯ аз давомдортарину пурпайравтарин мактабҳои эстрадаи тоҷик аст.
Ӯ аз даврони мактабхонӣ ба омӯзиши мусиқӣ шурӯъ намуда, дар аввал ҳамроҳи дӯстонаш гурӯҳи созию овозии “Суғдиён”- ро ташкил намуд. Баъдан, аз гурӯҳ ҷудо шуд ва ба дастаи ҳунарии “Гулшан” ба кор даромад. Қуллаи эҷодиёти сароянда ба охири солҳои 80-ум - аввали солҳои 90-ум рост меояд, вақте ки ӯ воқеан яке аз солистҳои асосии ин дастаи машҳур буд. Матлаби “Азия-плюс”-ро ба муносибати 60-солагии ин овозхони саршиноси тоҷик инҷо бихонед: Кароматуллоҳи Қурбон - қурбонии саршиноси ҷанги шаҳрвандӣ. Имрӯз бояд 60-сола мешуд
Ӯ шаби 17-уми октябри соли 1992 бо дастаи ҳунариаш ҳангоми бозгашт аз тӯйи яке аз ҳаводоронаш аз ноҳияи Ёвон аз ҷониби аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ ба қатл расонида шуд.
Соли 1962 – Зодрӯзи Умед Бобохонов, рӯзноманигори тоҷик, муассиси гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”.

Умед Бобохонов муассис ва роҳбари Оҷонсии иттилоотии мустақили “Азия-Плюс” буда, аз чеҳраҳои матраҳи журналистикаи тоҷик дониста мешавад.
Ӯ соли 1985 шуъбаи забони арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1987–1989 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” фаъолият намудаааст. Сипас, ду сол ҳамчун таҳлилгар дар Институти тадқиқоти сиёсати Тоҷикистон кор кардааст.
Бобохонов соли 1991 дубора ба кори рӯзноманигорӣ баргашт ва аз соли мухбири махсуси “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон буд. Ҳамзамон солҳои 1994-2001 бо Оҷонсии Associated Press ҳамкорӣ дошт.
Умед Бобохонов соли 1995 Оҷонсии иттилоотии мустақили “Азия-Плюс”-ро таъсис дод. Соли 2000 “Азия-Плюс” аввал ба нашри рӯзнома ва баъди ду сол – соли 2003 радиои “Азия-Плюс” низ расман фаъол шуд.
Соли 1974 – Зодрӯзи Фирӯза Муминова, арбоби давлатӣ, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ.
Соли 2007 – Жолаи Исфаҳонӣ, шоири маъруфи эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ маъруфият дорад, дар 76-солагӣ аз олам чашм баст.

Жолаи Исфаҳонӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти форсизабон ва шахси муборизу соҳибфикрест, ки бо шеърҳои пурмуҳтаво, зиндагии пурошӯб ва мавқеи устувори адабиаш дар чанд кишвар шинохта шудааст.
Жола, ки бо номҳои адабии Жола Бадеъ ва Жолаи Зиндарӯдӣ низ маъруф аст, соли 1921 дар Исфаҳон ба дунё омада, аз айёми ҷавонӣ бо шеър ва сухан ошно буд ва то охири умр ин алоқаро нигоҳ дошт. Пас аз хатми таҳсил муддате дар Бонки миллӣ кор кард, аммо руҳи озоди ӯро муҳити кории расмӣ маҳдуд карда натавонист. Ӯ ба омӯзгорӣ рӯй овард ва аз соли 1945 дар Табрез дар мактаби ҳарбӣ дарси адабиёт мегуфт. Соли 1946 ба далели ҳаводиси сиёсӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ бурд. Жола роҳи дарозу пурмашаққати муҳоҷиратро тай кард, аммо дар ин ҷода аз эҷод дур намонд. Соли 1952 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бокуро хатм кард ва баъдан дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсилашро идома дода, соли 1960 рисолаи номзадӣ дифоъ кард.
Аз соли 1965 Жолаи Исфаҳонӣ бо Тоҷикистон пайваст ва ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Аз китобҳои маъруфи ӯ “Гулҳои худрӯй”, “Ёдгор”, “Модарон сулҳ мехоҳанд”, “Зиндарӯд”, “Интизор”, “Киштии кабуд”, “Живая река”, “Перелётные птицы” ва дигар осорро метавон ном бурд.
Жолаи Исфаҳонӣ 29-уми ноябри соли 2007 дар 76-солагӣ дар Лондон даргузашт.
Соли 2024 – Файзигул Юсуфӣ, овозхони тоҷик дар 50-солагӣ даргузашт.

Файзигул Юсуфӣ соли 1974 зода шуда, оғози солҳои 90-ум ба майдони ҳунар омад ва зуд шуҳрат ёфт. Ӯ солиёни зиёд дар ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолияти эҷодӣ дошт. Файзигул Юсуфӣ бо иҷрои сурудҳои мардумӣ ва эстрадӣ маъруф аст.
Таронаҳои “Ватан”, “Базми тӯёна”, “Нигор”, “Наврӯз”, “Намешиносӣ”, “Аз Тоҷикистонам”, “Шукронаи ободии Ватан”, “Деҳқон бача” аз сурудаҳои маъруфи ӯ аст.
Файзигул Юсуфӣ 29-уми ноябри соли 2024 дар 50-солагӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон бар асари беморӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
29-уми ноябр ҳамчун Рӯзи ёдбуди Зоя Космодемянская ёд мешавад. Ӯ дар ҳамин рӯз аз ҷониби фашистон ба қатл расонида шудааст.

Бо вуҷуди шиканҷаи зиёд ва тоқатфарсо Зоя ягон асрори низомиро ошкор накард, маҳалли будубоши гурӯҳи партизаниро нагуфт ва то лаҳзаи охир истодагарӣ кард. Барои ин ҷасорат ва садоқати бемисл, ӯ пас аз марг бо унвони баландтарини ҳарбии давраш – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.
29-уми ноябр ҳамчунин Рӯзи ҳарфи “Ё” таҷлил мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1783 ин ҳарф расман ба алифбои кириллӣ ворид шудааст.

Ҳарфи “Ё” то имрӯз яке аз мавзуъҳои баҳсбарангези забоншиносон аст. Он ду овозро ифода мекунад ва дар забони тоҷикӣ истифодааш ҳатмӣ буда, яке аз чор йотбарсар аст.
29-уми ноябр ҳамчунин Рӯзи дӯстдорони эҳсосоти ҳаяҷонангез таҷлил мешавад. Гарчанде таърихи дақиқи пайдоиши ин ид маълум нест, он ба нафароне бахшида шудааст, ки аз ҳаяҷон ва рӯйдодҳои ғайричашмдошт лаззат мебаранд.
Эҳсосоти ҳаяҷонангез метавонад дар амалҳои гуногун зоҳир шавад, аз ҷумла, лижаронии кӯҳӣ, тамошои филмҳои даҳшатнок, ҷаҳиш ба оби яхбаста, паридан аз парашют, гонкаҳои босуръат ва дигар намудҳои варзиши хатарнок.

ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 5+10º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 14+19º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 12+17º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 9+14º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º хунук, рӯзона 1-6º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад Ҳарорат: шабона 7-9º хунук, рӯзона 8+10º гарм.



