ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
- Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа, ки дирӯз оғоз шуд, Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Он то рӯзи 13-уми декабр идома мекунад.
- Имрӯз, соати 18:00 дастаҳои футзали “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и Душанбе барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон–2025 мубориза мебаранд. Ин рақобат дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз баргузор мешавад.
“Соро компания” барои бромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа дар даври нимниҳоӣ “Истиқлол”-ро ноком кард. “Сипар” бошад, дар ин давр “Сомон”-ро паси сар гузошт.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1948 – Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул шуд.
Соли 1994 – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) таъсис дода шуд.
Соли 2002 – Бори нахуст дар Тоҷикистон музокираи ҷамъиятии парлумонӣ баргузор шуд.
Соли 2003 – Мурофиаи додгоҳии раиси ширкати "Ҷамол ва Ко" Ҷамшед Сиёев, муовини ӯ Зафар Камолов ва сармуҳосиби ширкат Вячеслав Тсой оғоз гардид.
Соли 2013 – Дар Душанбе созишномаи Барнома оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судии СММ ба имзо расид.
Соли 2011 – Ширкати Бритониёии “Tethys Petroleum Limited” дар бораи кашфи захираҳои нафт дар кони Биштинчак дар ҷануби Тоҷикистон хабар дод.
Соли 2020 – БОР барои беҳтар кардани низоми молиявӣ дар Тоҷикистон 50 миллион доллар дод.
Соли 2020 – Кумитаи дини Тоҷикистон аз изҳороти Департаменти давлатии ИМА дар бораи вайрон шудани озодии динӣ дар Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1928 – Зодрӯзи Худоёр Юсуфбеков, доктори улуми кишоварзӣ.
Худоёр Юсуфбеков солҳо директори Бунгоҳи биологии Помири Академияи илмҳои Тоҷикистони шӯравӣ (1962-1969), директори Институти биологии Помири ин академия (1969-1981) ва ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (1981-1986) буд.
Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш растанишиносӣ, зироаткории кӯҳӣ ва чарогоҳшиносӣ буд.
Соли 1929 – Мавлуди Ҳусейн Насриддинов, овозхон, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Ҳусейн Насриддинов асосан дар ҳавои оҳангҳои классикӣ ва халқӣ эҷод мекард ва дар интихоби суруду оҳангҳо ба мавзуъҳои пандуахлоқӣ ва тарбиявӣ бартарӣ додааст.
Ӯ ба 40 мухаммаси шоирони классики тоҷик, инчунин баъзе қисматҳои достонҳои пандуахлоқӣ, ба монанди “Қумринома”-и Ҷалолуддини Балхӣ, “Насиҳатнома”-и Носири Хусрав, “Бӯстон”-и Саъдӣ оҳанг бастааст. Ҳамчунин, сурудҳои машҳури классикӣ, чун “Муноҷот”, “Муғулчаи Дуғоҳ”, “Ироқ”-ро ба таври хос иҷро кардааст.
Соли 1934 – Зодрӯзи Баҳром Шермуҳаммадов, доктори улуми филологӣ.

Ӯ яке аз муҳаққиқони эҷодиёти шифоҳии халқ буда, муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ ва тақризи адабӣ аст.
Баҳром Шермуҳаммадов маҷмӯаҳои қиссаву таронаҳои “Фикр кунӣ, меёбӣ”, “Дарвоза нигин дорад”, “Ҳафтдодарон”, “Гунҷишки мӯзасурхак”, “Лелак, лелаки боқӣ”, “Сандуқчаи зулбиё”, “Восеънома”, “Себи сари пул”, “Қиссаҳо аз рӯзгори Фирдавсӣ”, “Ҳафт аллома”, “Қиссаҳо пиромуни Фирдавсӣ”-ро мураттаб кардааст.
Ҳамчунин, таҳиягари маҷмӯаҳои “Тазкираи адабиёти бачагон”, “Гӯрӯғлӣ”, “Ҷамбули Мастон”, “Куллиёти фолклори тоҷик”, “Куллиёти сурудҳои ғайримаросимӣ”, “Куллиёти суруду таронаҳои арӯсӣ, мавсимӣ ва бачагона”, “Пироҳани сухан дар қиссаҳои куҳан” аст.
Соли 1935 – Мавлуди Хуршед Каримов, директори пешини Институти ботаникаи Тоҷикистон.

Хуршед Каримов 13 сол директори Институти ботаникаи Тоҷикистон буда, муаллифи 150 асару маколаҳои илмист.
Асарҳояш асосан ба тадқиқи физиологияи зироати хоҷагии кишоварзӣ, ки зимистон нашъунамо мекунад ва асосҳои назариявии дар заминҳои обӣ парвариш намудани растанӣ тамоми сол, физиологияи чигит ва ғайра бахшида шудаанд.
Соли 1936 – Зодрӯзи Ҳалимҷон Саидов, олими тоҷик.
Соли 1948 – Зодрӯзи Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси вилояти Хатлон

Ғайбулло Афзалов яке аз роҳбарони таҷрибадор ва чеҳраҳои калидии давлативу сиёсӣ дар Тоҷикистон буда, дар сиёсати минтақавӣ нақши муҳим бозидааст.
Ӯ хатмкардаи факултети байтории Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1969) буда, фаъолияти худро ҳамчун сардухтури байтории ноҳияи Темурмалик оғоз намуд. Аз соли 1977 то 1986 Афзалов роҳбарии Раёсати хоҷагии қишлоқи вилояти Кӯлобро ба уҳда дошт, ки давраи рушди инфрасохтор, такмили хоҷагиҳои истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафта дар соҳаи кишоварзӣ буд. Баъдан то соли 1991 дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ дар ноҳияҳои Восеъ ва Кӯлоб кор карда, дар идоракунии иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа таҷрибаи ғанӣ андӯхт.
Солҳои минбаъда директори генералии Иттиҳодияи хоҷагии қишлоқи вилояти Кӯлоб, раиси колхози ба номи Ғайрат Сафарзодаи ноҳияи Восеъ, ҷонишини раиси Комиҷроияи вилояти Хатлон, директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ ва раиси ноҳияи Ҷилликӯл буд.
Ғайбулло Афзалов ду даъват вакили парлумон ва муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ буд.
Аз декабри соли 2006 аввал иҷрокунанда ва аз 27-уми феврали 2007 раиси вилояти Хатлон буд. Ӯ дар таҳия ва қабули Конститутсия, қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии Тоҷикистон иштирок кардааст.
Соли 1958 – Мавлуди Хайрулло Давлатов, рассоми тоҷик.
Соли 2010 – Суҳроби Сафарзод, ҳунарманди маъруфи кишвар ва иҷрокунандаи сурудҳои эстрадӣ аз олам даргузашт.
Ӯ оғози солҳои 2000-ум рӯйи саҳнаи ҳунари тоҷик по гузошт ва то лаҳзаи марг овозхонӣ кард. Ин овозхон бо иҷрои сурудҳои сабки муинӣ дар миёни мухлисону ҳаводоронаш маъруфу маҳбуб гашта буд ва аз муваффақтарин хонандаҳои таронаҳои сабки Муин, овозхони эронӣ, дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Сӯҳроби Сафарзод дар тӯли фаъолияти эҷодии худ бо Шабнами Сурайё, Остони Азиз низ дуэт иҷро кардааст. Таронаҳои ӯ, “Шабҳо”, “Дорӣ нигоҳ”, “Ёди ту”, “Панҷара”, “Ту азизи диламӣ” дар миёни шунавандагону мухлисон аз маҳбубияти вижае бархӯрдоранд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола, 10-уми декабр Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Пориси Фаронса қабул гардидааст, рабт дорад.

Эъломияи Куруши Кабир аввалин эъломияи ҳуқуқи башар ба ҳисоб меравад, ки он барои таъмини баробарии инсонҳо ва барҳам додани ғуломӣ ва озодии ҳар як инсон замина гузошта буд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ишора шудааст. Аз ҷумла боби дуюми Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.
Имрӯз, 10 декабр дар бисёр кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи ҳайвонотро низ ҷашн мегиранд, ки соли 1998 таъсис ёфтааст. Шиори ин рӯз - ҳама мавҷудоти зинда дар сайёраи мо ҳуқуқ доранд, ки зиндагӣ кунанд ва аз ранҷу азоб эмин бошанд.
Ҳар сол, 10-уми декабр маросими супоридани яке аз ҷоизаҳои бонуфузтарини байналмилалӣ - ҷоизаи Нобел баргузор мешавад. Он барои таҳқиқоти барҷастаи илмӣ, ихтирооти нав ва саҳми арзанда дар рушди фарҳанг ва ҷомеа тақдим мегардад ва эътирофи байналмилалӣ дорад.
Асосгузори он Алфред Нобел, химик, муҳандис ва ихтироъкори маъруфи шведӣ буд, ки 355 ихтироот дошт.

Имрӯз, Рӯзи ҷаҳонии ғайрирасмии футбол аст. Ин сана бо аввалин бозии сабтшуда дар соли 1863 рост меояд. Рӯзи ҷаҳонии футбол ду маротиба ҷашн гирифта мешавад: ғайрирасмӣ 10 декабр ва расман 25 май (аз соли 2024).
Моҳи феврали соли 2024 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ки ҳамзамон раиси Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон низ ҳаст, пешниҳод кард, ки 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад. Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тавассути қабули қатъномаи махсус пешниҳодро қабул кард ва соли 2024 бори аввал Рӯзи ҷаҳонии футбол 24-умим май ҷашн гирифта шуд.

ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 6+11º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 5+7º гарм.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста